logo

иҷтимоиёт

ВАРАҶА. ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАТ АФЗАЛТАР АСТ

25 апрел дар саросари дунё, хосса кишварҳое, ки иқлими онҳо барои пайдоиш ва паҳншавии баъзе аз бемориҳои сироятӣ мусоид аст, Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи вараҷа қайд мегардад.

Чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рӯзро ба оламиён пайваста гӯшрас мекунад? Зеро бештар  аз 3 миллиард сокини сайёра дар манотиқи хавфноки ангезиши вараҷа зиндагӣ мекунанд. Дар 108 кишвари дунё хомӯшакҳои вараҷаовар ин бемориро аз як ҷо ба ҷои дигар интиқол медиҳанд. Шумораи беморони вараҷа дар олам, аз рӯи баҳодиҳии коршиносони Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, соле бештар 300 - 500 миллион нафар аст.  Сатҳи марг дар натиҷаи гирифторӣ ба беморӣ хеле баланд боқӣ мемонад.
Кишвари мо дар манотиқи осебпазир барои паҳншавии вараҷа қарор дошта бошад ҳам, дар мубориза бар зидди ин беморӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Дар ин самт татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи моддию техникӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар заминаи муҳим гузошт. Созмонҳои байналмилалӣ низ бо мо ҳамкорӣ менамоянд. Аз ҷумла, фаъолияти Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, Ҳукумати Ҷопон, Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ, Барномаи байналмилалии озуқа, Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО, сил ва вараҷа, ҳамчунин созмонҳои ғайридавлатии «МЕРЛИН» ва «АКТЕД» хеле пурсамар буд. Талошҳои дастаҷамъӣ ҳосили нек ба бор овард. Тайи се соли охир хӯруҷи вараҷа дар кишвар рӯ ба нестӣ овардааст.
Вобаста ба ин ва паҳлуҳои дигари масъалаи мазкур бо директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Шарифов ҳамсуҳбат шудем.
 - Чуноне ки иброз доштем, давоми се соли охир ягон нафар ба бемории вараҷа мубтало нашуд. Мо ба ин беморӣ ғолиб омадем?
- Албатта, вале ба андешаи ман, агар имрӯз ба мақсади пешгирӣ ва  паҳншавии он, чора набинем, фардо зарурати бонги хатар дубора пайдо мешавад. Эҳтимолияти пайдошавии дубораи бемории вараҷа дар кишвари мо, мутаассифона, хеле баланд аст.
 Чуноне ки медонем, бозгашти вараҷа ба Тоҷикистон солҳои 90 – уми асри гузашта сурат гирифт. Сабаби асосии он ҷанги шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати оммавии аҳолӣ буд, ки миёни онҳо беморони зиёди вараҷа ҷой доштанд. Соли 1997 29 794 нафар гирифторони вараҷа ба қайд гирифта шуданд, дар ҳоле ки шумораи воқеии онҳо хеле бештар аз ин рақам пешгӯӣ мешуд. Дар натиҷаи буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ баргузории чорабиниҳои зидди вараҷа қатъ гардиданд. Ин  ҳама  дар маҷмӯъ, ба авҷи беморӣ оварда расонд... 
Бинобар ин, бояд ҳамеша аз эҳтиёт кор бигирем. Дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо хадамоти гумрук ва сарҳадӣ ба манфиати кор аст. Хуб мебуд, мусофиронро бо дастурҳои тавсиявӣ роҷеъ ба зарурат дар риояи қоидаҳои махсуси буду бош дар кишварҳои гарм таъмин намоем. Бо нашри буклетҳои махсус роҷеъ ба истифода аз пашшахонаҳо, зарурати хушкондани ҳавзу кӯлмакҳои нодаркор аҳолии кишварро  пайваста огоҳ менамоем. Вале тадбири аз ҳама муҳиму натиҷабахш боз ҳам мубориза бар зидди  хомӯшакҳои вараҷаовар аст. 
 Вазъият дар минтақа, хусусан Тоҷикистон аз ин сабаб ташвишовар боқӣ мемонад, ки хомӯшакҳои  “сарҳадшикан”  бемонеа то ба мо расида меоянд. Ва дар сурати пайдо гаштани шароити мусоид, як ва ё ду - се ҳодисаи беморӣ имкони пайдоиш ва интиқол, дар маҷмӯъ хурӯҷи вараҷаро метавонанд ба вуҷуд биёрад.

- Маълум аст, ки вараҷа бемории сироятист, яъне манбаи сироят ва барангезанда дорад. Пас, ин манбаъҳо кадомҳоянд?
- Манбаи он маризест, ки дар хуни ӯ барангезандаи беморӣ мавҷуд аст ва асосан тавассути нешзании хомӯшакҳо ба шахси солим мегузарад. Навъи  хомӯшакҳои интиқолдиҳанда бошад, муайяну мушаххасанд. Беморӣ ҳангоми хунгузаронӣ, истифодаи сӯзандоруҳои тамйизнашуда ва дар вақти таваллуд аз модар ба кӯдак ҳам  мегузарад, вале фоизи чунин  тарзи сироят хеле ночиз аст.
    
Баҳри пешгирии он кадом корҳо иҷро шуда истодаанд?
- Мо дар доираи имконоти худ як силсила чорабиниҳоро ҷиҳати пешгирии вараҷа, сарфи назар аз набудани хурӯҷи он гузаронда истодаем. Аз ҷумла, соли гузашта 232 502 намунаи хун аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ шуда, 191 284 намунаи он бо усули микроскопӣ ва 41 218 намунаи дигар бо усули экспресс - тест ташхис гардид. Ба аҳолӣ дар ноҳияҳои ҳаммарз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1300 адад пашшахона тақсим карда, роҷеъ ба роҳҳои пешгирии он суҳбатҳо доир шуд.
Ҳамчунин, соли гузашта дар 10 934 хоҷагӣ ва ба масоҳати 30 61 5 20 метри мураббаъ заҳрдору пошидем.    Аз ин ҳисоб 25 63 680 метри мураббаъ ба хоҷагиҳои ноҳияҳои вилояти Хатлон ва 49 7 840 – тои дигар ба ноҳияҳои ВМКБ рост меояд. Вале ин тадбирҳо низ ҳоло барои пешгирии беморӣ хеле каманд.
 Мусаллам аст, ки пешгирии вараҷа аз табобати он ҳазорҳо маротиба камхарҷ аст. Ноҳияҳои сарҳадӣ дар мавзеи аввали паҳншавии вараҷа ҷойгиранд. Бинобар ин, марказҳои мубориза бар зидди беморӣ ҳангоми дарёфти хомӯшакҳои вараҷаовар бояд ба зудӣ ба онҳо заҳрдору пошанд. Яъне, аз таъмин бо заҳрхимикатҳо, воситаҳои техникӣ барои интиқолу пошидани он танқисӣ накашанд.   
Мусоҳиб М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2018    №: 80    Мутолиа карданд: 369

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед