иҷтимоиёт
БОХТАР. ТАЪМИНИ 249 НАФАР БО ҶОЙИ КОР
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум пайваста ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро роҳандозӣ намуда, ба корфармоёну корҷӯён имкониятҳои васеи интихобро фароҳам месозад.
Тайи се моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр 3 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд, ки дар он беш аз 40 ташкилоту корхона даҳо ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро ба корҷӯён пешниҳод намуданд.
Тибқи иттилои Аюб Назиров, сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, дар ин муддат зиёда аз 470 корҷӯ муроҷиат кардааст. Аз ин 249 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Тибқи нақша то охири сол ташкили 1150 ҷойи кори нав дар назар мебошад.
Бо назардошти ин, бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкасб кардани шаҳрвандони бешуғл 5 курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯйи ихтисосҳои коргузор, кор бо компютер, қуроқдӯзӣ, адрасбофӣ, дӯзандагӣ ва бофандагӣ ташкил карда шуд, ки 95 нафар ба омӯзиш ҷалб гардидаанд.
Дар баробари ин, ба 11 нафар барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки онҳо айни замон дар соҳаҳои кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тиҷорат ва хизматрасонӣ фаъолият мебаранд.
Кароматулло РАҲМАТОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.04.2018 №: 80 Мутолиа карданд: 546