logo

фарҳанг

ҲАКИМИ МАШРИҚЗАМИН

Барҳақ, бузургон бо дарки масъулият, огоҳии амиқ, соҳибназар ва заҳматписанду фидокор ба камол мерасанд. Ин буд, ки олими тавоно ва сиёсатмадори камназир Бобоҷон Ғафуров дар 37 - солагӣ роҳбарии ҷумҳуриро ба уҳда гирифта, ба ҳайси котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба иҷрои корҳои азиму муҳим ва рисолати таърихиаш оғоз бахшид.
Бобоҷон Ғафуров ҳамчун арбоби илм ба пояи баланд расид. Ҳангоми сафар ба хориҷа, аз ҷумла дар Эрону Афғонистон, Фаронса, Ҳинд, Мексикаву Миср ва дигар мамолики олам ӯро на меҳмони шӯравӣ, балки ҳамчун намояндаи сарзамини тоҷикон мешинохтанд ва ба шахсияташ арҷ мегузоштанд. Академики номвар дар кунгураву ҳамоишҳои байналмилалӣ бо ҳамон тоқии сиёҳи чустиаш ҳозир мешуд, ки ин ҳам як навъ муаррифии арзишҳои миллии тоҷикӣ буд.
Бобоҷон Ғафуров яке аз нахустин муборизони инқилоби маънавӣ ва поягузори илму фарҳанги муосири Тоҷикистон аст. Ӯ аз нахустин ходимони давлатии барҷаста буд, ки солҳои роҳбарияш дар таҷдид, ободӣ, бунёдгузорӣ ва баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа нақши калидӣ бозид. Маҳз дар замони сарварии ин абармард соли 1948 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бунёд ёфт ва дертар соли 1951 дар заминаи филиали Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт. Аллома Бобоҷон Ғафуров дар раъси Академияи илмҳо касеро камтар аз устод Айнӣ муносиб надонист ва бо дарки масъулият устодро аз Самарқанд ба Душанбе овард ва Президенти Академияи илмҳо таъйин кард.
Устод Айнӣ дар як суҳбат ба шодравон Муҳаммад Осимӣ изҳор доштаанд: «хушбахтии миллати мост, ки Бобоҷон Ғафуров, барин шахсият дорад». Аллома чун шахсияти дорои тафаккури баланд ва чун роҳбари арзандаву шоиста танҳо бо масоили рушди илму фарҳанг маҳдуд намешуд. Нақши ӯ дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ низ басо  муассир буд. Бобоҷон Ғафуров тайи 20 – соли  фаъолияти созандаи хеш дар пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Иттиҳоди  Шӯравӣ ин ниҳоди илмиро ба бузургтарин марказӣ ховаршиносии дунё табдил дод, ки онро давраи  тиллоии илми ховаршиносӣ унвон кардаанд.
Китоби «Тоҷикон» барои  болоравии  худшиносӣ ва  худогоҳии миллии халқи мо, дар ҳақиқат такони ҷиддие бахшид. Ин шоҳасари  безавол, ки самараи меҳнати 30 - солаи олим аст, аз ҷумлаи тадқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи  таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. «Тоҷикон» дар омӯзиши таъриху фарҳанги халқи тоҷик ба дигар халқҳои  Осиёи Марказӣ уфуқҳо ва давраҳои навро кушод. Таваҷҷуҳ ва муҳаббату садоқат ба таърихи халқи хеш чун хати қирмизӣ аз миёни зиндагиву кору пайкори Бобоҷон Ғафуров дар ҳамаи самтҳои фаъолияташ мегузарад ва андешаи ӯро машғул медорад. Аз ин ҷост, ки устод аз овони ҷавонӣ ба омӯзишу пажӯҳиш ва талқину тарғиби таърихи гаронмояи халқи тоҷик мепардозад ва бо нахустин навиштаҳояш мекушад эҳсоси бедориву худогоҳӣ ва ғурури миллиро дар ниҳоди мардум парвариш диҳад. Чи тавре ки Фотеҳи Абдулло қайд менамояд «ҳеҷ муҳаққиқи мунсифе хидмати Ғафуровро ба унвони нахустин муаллифи таърихи илмии ҷомеаи тоҷикони Осиёи Марказӣ дар илми таърихнигорӣ наметавонад инкор кунад, ки илми таърихнигории ниёгони худро, ки ҳазор сол хидмат дошту таърихшиносони мумтозе мисли Байҳақӣ, Табарӣ, Ҷувайнӣ осори монданиву намурдание халқ карда буданд ба сатҳи нав бардошт».
- Китоби «Тоҷикон» ки бори нахуст соли 1972 дар Маскав ба забони русӣ интишор ёфт, на танҳо дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ балки берун аз он низ шуҳрат пайдо кард. То замоне, ки азми тарҷумаи ин китобро ба забони тоҷикӣ кардем «Тоҷикон» алакай ба 83 забон тарҷумаву интишор ёфта буд, - ба ёд меорад Нозимҷон Фозилов, муовини вақти раиси        нашриёти «Ирфон». Ин асар дар Полша бо теъдоди 50 ҳазор нусха чоп шуда буд, аммо дар Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки теъдоди нашраш аз 35 ҳазор бештар набошад. Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи муҳаррири китоб академик Аҳрор Мухторов «Танҳо аз ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои «Тоҷикон» 50 ҳазор талабнома омада буд ва ин асарро камаш бо теъдоди 75 – 100 ҳазор нусха чоп кардан мумкин буд».
Аммо ба навиштаи Нозимҷон Фозилов китоби «Тоҷикон» бо теъдоди 5 ҳазор нусха чоп шуд ва чунон зуд ба фурӯш рафт, ки баъди чиҳил рӯз дар нуқтаҳои фурӯши китоб дар  Тоҷикистон «Тоҷикон» - ро пайдо кардан амри маҳол гашт. Баъдан, бо талаби хонандагони сершумор, ки ба унвонии нашриёт ҳазорон нома фиристоданд, «Тоҷикон» бори дувум бо теъдоди 150 ҳазор нусха чоп шуд.
«Тоҷикон» маҳсули заҳмати беш аз си солаи академик Бобоҷон Ғафуров буд ва чунин заҳмати сангинро ба душ гирифтани устод аз он дарак медод, ки ӯ воқеан миллати худро самимона дӯст медошт ва ҳамзамон дарк мекард, ки офаридани чунин асари гаронарзиш рисолати таърихии ӯст.
Олимон ва шахсиятҳои баландпояи Эрону Афғонистон дар баробари дигар шахсиятҳои нуфузманди Африқову Осиё аз шиносоӣ бо академик Бобоҷон Ғафуров ифтихор мекарданд. Барои хидматҳои сазовор Бобоҷон Ғафуров бо шаш нишони Ленин, нишони Байрақи Сурхи Меҳнат қадрдонӣ ва дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо Фармони Президенти мамлакат ба унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор дониста шуд, ки нишони арҷгузорӣ ба ҷойгоҳи ин фидоии миллат аст. Ҳоло ёдкарди зиндагиномаи ин марди хирад мисли гӯш андохтан ба зангӯлаи бедорӣ ва садои виҷдон аст, то мо аз рисолати имрӯзиву инсонӣ ва фарзандии хеш назди ин миллату меҳан ғофил набошем.
М. НОСИРОВ,
мудири бахши ташкилии КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Рашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2018    №: 80    Мутолиа карданд: 322

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед