logo

иҷтимоиёт

ҲОИТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД

Корҳои ободонию созандагӣ дар доираи нақшаи тадбирҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар дурдасттарин деҳоти кишвар, аз ҷумла Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт, уфуқҳои тоза касб мекунанд.

Ҳикматулло Мирзоев, раиси ҷамоат, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, ки сокинони деҳоти мазкур аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳом гирифта, дар ҳудуди деҳот корҳои зиёди созандагию бунёдкориро роҳандозӣ карданд.
Ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша канали деҳаи Ярхич дар масофаи 2,5 километр ба маблағи 23 ҳазор сомонӣ, пойгоҳи обкашии деҳаи Ҳоит барои обёрии 56 гектар заминҳои кишоварзӣ ба маблағи 8500 сомонӣ, каналҳои деҳаҳои Ҳоиту Шаҳидон  дар масофаи 6 км, соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Миртоб дар масофаи 2 километр, сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Ҳоиту Миртоб ва таъмири роҳҳои байни деҳаҳои ҷамоат дар масофаи 6 км ба анҷом расида, дар деҳаи Ҳоит сохтмони толори варзиши идома дорад. Ҳамчунин, соҳибкорон ба нақша гирифтаанд, ки дар деҳаи Ярхичи Боло 2 синфхонаи иловагӣ  ва дар маркази ҷамоати деҳот бозори фурӯши молҳои чакана ва сабзавоту мевагӣ бунёд намоянд.
- Дар маркази ҷамоат сехҳои дӯзандагию адрасбофӣ ва  ду бӯстонсаро барои қабул ва истироҳати сайёҳон сохта ба истифода дода шуданд. Ҳунармандон низ дар хонаҳои истиқоматиашон корҳои табақтарошӣ, оҳангарӣ, намадбофӣ ва дӯзандагию бофандагиро ривоҷ бахшидаанд.
Дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои омӯзиши дӯзандагию бофандагӣ ва дуредгарӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар баробари ин, ҳавасмандии сокинони деҳот ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, афзуда истодааст. Имсол кишоварзон дар 6 гектар боғи нав бунёд намуда, 15 гектар боғи куҳнаро низ барқарор карданд. Майдони кишти картошка дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ба 120 гектар расонда шуд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар натиҷаи татбиқи босамари нақшаи чорабиниҳо оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дар Ҷамоати деҳоти Ҳоит уфуқҳои тоза касб мекунад, - гуфт дар хотимаи суҳбат Ҳикматулло Мирзоев.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2018    №: 80    Мутолиа карданд: 256

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед