logo

фарҳанг

АҶУБАСОЗӢ

Аҷубасозӣ яке аз ҳунарҳои мардумист. Аҷубаҳо қолаби муайян надоранд ва тариқи дастӣ сохта мешаванд. Устоҳои аҷубасоз шаклу намуди аҷубаҳоро аз афсонаҳои халқӣ ва тахайюлоти хеш пайдо намуда, онро бо дастони худ аз гили махсус омодакарда месозанд.
Сохтани аҷубаҳо асосан бештар ба мардуми Истаравшан, Исфара ва Қаратоғ хос мебошад. Дар шаҳри Истаравшан охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар деҳаи Бафои Ҷамоати деҳоти Гули Сурх ҳунарманди номдоре бо номи Усто Fафури аҷубасоз зиндагӣ мекард. Ӯ хоки махсусро  пайдо  карда, онро бо гили бeта омехта лойи махсус мешӯрид. Онро аввал дастӣ омода намуда, бо пойҳои худ лойро мепазонд. Пас аз он, ба рӯи лой каме об пошида, болояшро бо латаи тар мепӯшонд, то  хушк нашавад. Усто Fафур дастонро ба об тар карда, аз лойи омодашуда миқдори лозимаро гирифта аҷубаҳои гуногун: аждаҳои афсонавӣ, симурғи баландпарвоз, шери жаён ва даҳҳо намуди бозичаҳои бачагона, аз ҷумла дар шакли ҳайвоноту парандаҳо ва моҳичаҳо сохта, дар он ҳуштаки гилиро устувор мекард. Баъди 80 - 100 адад офаридани муъҷизаҳои афсонавӣ аҷубаҳоро аввал дар соя, баъд дар офтобрӯя гузошта хушк мекард. Паз аз хушкондан онро ба хумдони кулолии бобогӣ гузошта, бо ҳезум ва гарди арра панҷ - шаш соат то 700 - 800 дараҷа гармӣ мепазонд. Даҳони хумдонро бо лой сахт намуда як шабонарӯз барои хунук шудан мегузошт. Баъди аҷубаҳоро аз хумдон гирифтан, онро бо сири кулолӣ ранг менамуданд. Дар  хумдон  аз оҳаксанг бо тарзи аловмонӣ оҳаки сафед тайёр  намуда, онро  ба фурӯш мебаровард.
Маҳсули меҳнати усто Fафури номдор дар ҷаҳон машҳур гашта буд. Нависандаи украин Виталий Коротич бо унвони «Чумчаи урфӣ» («Перпендикулярная лошка»)  китобе дар ин бора навиштааст. Пас аз фавти устои номдор Гадойбой Fафуров ва наберааш Эргашбой Fафуров кори ӯро идома дода истодаанд. Аҳли хонавода то имрӯз ба аҷубасозӣ ва сохтани кӯзаҳои сафолӣ, чойникҳо, хумчаҳои хурду калону чоргӯша машғуланд. Набераҳои усто Fафур дар айни ҳол ҳангоми офаридани аҷубаҳо рангҳои табиӣ, ҳиною ӯсмаро васеъ истифода мебаранд.    
Сайфулло МАҲКАМОВ,
 Рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2018    №: 80    Мутолиа карданд: 406

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед