иҷтимоиёт
ЛЕВАКАНТ. САФИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНД МЕАФЗОЯД
Дилором Каримова яке аз кадбонуҳои ҳунарманди шаҳри Левакант мебошад, ки дар пухтани хелҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ва нону кулча маҳорати хосса дорад.
- Ин ҳунарҳоро ҳанӯз аз наврасӣ бо сахтгириву роҳнамоиҳои модарам Азизмо Давлатова, ки ҳунари беҳамто дошт, аз худ намудаам. Акнун худи ман кӯшиш менамоям, ки тамоми нозукиҳои онро ба фарзандонам омӯзонам, зеро медонам, ки ҳунарманд дар ҳама ҷо иззату эҳтироми мардумро соҳиб аст, - мегӯяд Д. Каримова.
Боғигул Эшова солҳост, ки барои тӯю маъракаи ҳамсояҳо ва ҷашну чорабиниҳо қаламаҳои хушмаза омода мекунад. Ҳунари волои ӯ сазовори эътибори умум гардидааст.
Оростамо Шарифова ва Раҷабгул Каримова, сокинони деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, аз ҷумлаи бонувони ҳунармандеанд, ки дар пухтани нони чапотӣ ва омода намудани маҳсулоти ширӣ дар шароити хона беҳамтоанд. Онҳо ба ҷавондухтарон нозукиҳои ҳунари худро меомӯзонанд. Парчиной Ашӯрова ва Маҳбуба Қурбонова, истиқоматкунандагони деҳаи Зағертути ҳамин ҷамоат, дар қуроқдӯзию чакандӯзӣ, шероздӯзӣ, тоқидӯзӣ ва зардӯзӣ маъруфанд.
Наргис Қурбонова, муовини раиси шаҳр, гуфт, ки эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандон рӯҳу илҳоми тоза бахшида, сафи ҳунармандон рӯз то рӯз зиёд мешавад. Ҳоло барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам омада, онҳоро ба сайқал додани ҳунар водор месозад.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.04.2018 №: 80 Мутолиа карданд: 651