logo

фарҳанг

ДИССЕРТАТСИЯҲО. ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Минбаъд муҳокима, муносибат ва талабот нисбат ба рисолаҳои илмӣ тақвият ёфта, мувофиқи низомнома ва дастурамалҳои соҳавӣ корҳои анҷомдодаи олимони тоҷик пурра аз санҷиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешаванд.
Ин нукта дар ҷаласаи васеи Комиссияи олии аттестатсионӣ, ки бо иштироки олимону роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар баргузор шуд, зикр гардид.
Дар чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Абдуҳаким Розиқзода, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Сайфиддин Давлатзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таҷрибаи солҳои охир собит намуд, ки таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии дорои тахассуси олӣ ва самаранокии тайёр намудани кормандони илмӣ бо назардошти эҳтиёҷот ба онҳо дар соҳаҳои илмию истеҳсолӣ бознигарии ҷиддиро мехоҳад.
Дар робита ба ин, Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид намуд, ки бурду бохти илми тоҷикро ба ҷуз аз олимону коршиносони донишманди тоҷик каси дигар муайяну мушаххас карда наметавонад. Аз ин рӯ, Комиссияи олии аттестатсионӣ баъди муҳокимаву баррасиҳои касбӣ ва соҳавӣ беҳтарин корҳои илмиро муаррифӣ менамояд. Дар ҳолати ҷой доштани асардуздӣ (плагиат) бошад, нисбат ба муаллифон ва муассисаҳои пешбарикунанда чораҳои мушаххас меандешад.
- Комиссия барои гузарондани экспертизаи рисолаҳои илмӣ ва ҳуҷҷатҳои аттестатсионии довталабони дараҷаҳои илмӣ, ҳамчунин, барои баррасӣ намудани масъалаҳои дигари ба аттестатсия дахлдошта шӯроҳои экспертии тахассусӣ ташкил кардааст, ки баъди се сол на камтар аз сеяки ҳайати онҳо дигар мешавад. Онҳо ҳамчун коршиносон дар таҳкими фаъолияти комиссия ширкат намуда, тамоми корҳои илмиро аз экспертиза мегузаронанд, - изҳор дошт Абдуҳаким Розиқзода.
Бино ба гуфтаи ӯ, минбаъд на танҳо корҳои тоза анҷомпазируфта ва муаллифони онҳо, балки унвонҳои илмии аз хориҷа гирифташуда низ санҷида мешаванд. Аз ин сабаб, аз олимон ва ҷавононе, ки нав ба ҷодаи илм қадам мегузоранд, талаб карда мешавад, ки ба матни тарҷумаи ҳуҷҷат оид ба дараҷаи илмӣ (бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ), автореферат, аҳамияту зарурияти мавзӯи таҳқиқ, мақолаҳо ва фоизи иқтибосҳои диссертатсияи худ таваҷҷуҳ кунанд.
Муовини раиси комиссия Файзалӣ Комилиён дар бораи фаъолият ва мушкилоти шӯроҳои экспертӣ маълумот дода, зикр намуд, ки санҷиши диссертатсияҳо тавассути барномаҳои компютерӣ сурат мегирад. Дар ҳолати мавҷуд будан ё набудани асардуздӣ (плагиат) ниҳодҳои дахлдори комиссия қарорҳои соҳавии худро пешниҳод намуда, метавонанд корро тасдиқ ё рад намоянд.
Дар ҳолате, ки диссертатсия ба талабот ҷавобгӯ нест, комиссия эксперти соҳавӣ даъват мекунад ва баъди дақиқ кардани сатҳу сифат ва муҳтавои умумии диссертатсия музди коршинос аз тарафи комиссия пардохта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Комиссияи олии аттестатсионӣ шурӯъ аз соли 2017 панҷ шумора бюллетен (дар шакли фаслнома) интишор дод, ки дар он ҳама муқаррарот ва низомномаи кори комиссия пурра инъикоси худро ёфтааст. Яке аз масъалаҳои муҳим баробарарзишии (нострификатсия) ҳуҷҷатҳо оид ба дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмии дар давлатҳои хориҷӣ бадастовардашуда мебошад. Тибқи он, минбаъд Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дараҷаҳои илмии давлатҳоеро барои олимони дохилӣ, хориҷӣ ва бешаҳрванд баробарарзиш эътироф мекунад, ки дар ин бобат бо Ҳукумати ҷумҳурӣ шартномаҳои дахлдор дошта бошанд.
Дар он, ҳамчунин, шаклу қолаб ва муҳтавои қаблии рисолаҳои илмӣ мухтасаран дар сурати дастурамал оварда шудаанд ва хоҳишмандон метавонанд шакли электронии бюллетенҳоро аз сомонаи Комиссияи олии аттестатсионӣ – vak.tj дастрас намоянд.
Б. БАҲОДУР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2018    №: 80    Мутолиа карданд: 273

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед