logo

иқтисод

ОБ. ДУРРИ ГАРОНБАҲОРО ПОКИЗА НИГОҲ ДОРЕМ

Табиат муъҷизаҳои зиёде дорад, вале, ба эътирофи умум, муҳимтарину беҳамтотаринаш об аст, зеро бе об на зиндагӣ вуҷуд дорад, на гулу гиёҳ. Ҳанӯз дар асри IV пеш аз милод Арасту гуфта буд: “Об муъҷизаи бебаҳои табиат буда, асоси пайдоишу пойдории дунёст”. Гузаштагони мо обро неъмати пок, равшанӣ ва бахту иқбол медонистанд.

Имрӯз миллиардҳо сокини сайёра дар 80 мамлакат аз ҷиҳати дастрасӣ ба оби тоза душворӣ мекашад.  Олимони тиб ҳушдор медиҳанд, ки манбаи пайдоиши аксари бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла домана ва тиф, маҳз норасоӣ ва ифлосии оби тозаи нӯшокист.
Мусаллам аст, ки на ҳамаи захираҳо ва сарчашмаҳои об доимӣ ва адонашавандаанд. Дар ин маврид устод Лоиқ мефармояд:
Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз,
Ки фардо хушк хоҳанд шуд.
 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои башардӯстона, хосса бо эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005 -2015», дар байни кишварҳои ҷаҳон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои марбут ба об шинохта шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо дар саргаҳи оби тоза қарор дорад ва захираи фаровони оби тоза насибаш гаштааст. Кишвари мо аз нигоҳи дастрасӣ ба оби тозаи нӯшиданӣ дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Вале ин барои мо набояд танҳо мӯҷиби осуда будану ташвише надоштан бошад. Мо, аҳли диёр, бояд тарзи истифодаи оқилонаи ин сарвати арзишманди табиӣ, сарфа кардану покиза нигоҳ доштани онро хуб донем. Оби ҷӯйбору кӯл ва дарёҳоро ифлос насозем. Зеро тозагии об  гарави саломатии мост.
Татбиқи босамари ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҳар яки мо саҳмгузорӣ намуданро барои ҳалли масоили об, баланд бардоштани маърифати мардум дар соҳаи беҳдошти муҳити зист, тоза нигоҳ доштани оби ошомиданӣ, кам кардани партовҳои истеҳсолӣ ва газҳои гулхонаиро тақозо дорад. Истифодаи оқилонаву тоза нигоҳ доштани об, пеш аз ҳама, аз худи мо сар мешавад. Аз ин рӯ, бедор намудану ташаккул додани одобу маърифати экологии наврасону ҷавонон ҳар як шахси солимақлу бохирад ва ватандӯстро водор месозад, ки дар сарфакорона истифода бурдани ин неъмати бебаҳо ва тоза нигоҳ доштани он намунаи ибрат бошад. Гузашта аз ин, ҳар як фарди боақлу хирад бояд бифаҳмад, ки табиат сарчашмаи ҳаёт, хонаи мо, манбаи меҳнату фароғат, зиндагию зебоӣ ва саломатии гаронбаҳои онҳо мебошад.
Бояд ба табиати зебою нотакрори кишварамон бо назари нек ва муҳаббати бепоён нигариста, сарватҳои гаронбаҳояшро ҳамаҷониба ҳифз намоем.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2018    №: 80    Мутолиа карданд: 232

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед