иҷтимоиёт
ТАШАККУР БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ!
Мӯйсафеди нуроние ба дафтари кориам ворид шуду баъди салому алейк гуфт:
- Навис, писарам, дар саҳифаи «Ҷумҳурият», ки онро хурду бузурги мардуми Тоҷикистон мехонад, навис: мо, мӯйсафедони Душанбе, ба раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ аз самими дил миннатдорӣ изҳор мекунем.
- Майлаш, бобо, лекин аввал шумо нақл кунед, баъд ман чизе нависам...
Набӣ Муқимов, сокини 75 – солаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, беш аз 40 сол барои пешравии кишвар босамар меҳнат карда, имрӯз соҳиби фарзандону набераю абераҳост ва бароҳат давлати пирӣ меронад. Аз оромию осудагии кишвар шукргузор асту аз навгонию пешравиҳое, ки хусусан тайи соли охир дар пойтахт ба вуқӯъ пайвастанд, хеле ба ваҷд омадааст. Ӯ ба тафсил нақл кард:
- Ташаккур ба раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, барои интихоби кадрҳои масъулиятшинос, барои ободию зебоии Душанбе, хусусан барои ғамхорӣ дар ҳаққи мӯйсафедон. Ба ғайр аз он ки раиси шаҳр дар ҳар ҷашну рӯзҳои ид моро фаромӯш намекунад, бо туҳфае ё маблағе заҳматҳои чандинсолаи моро қадр месозад, инак, чанд вақт аст, ки соҳиби «Корти эҳтиром» - ему дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе бепул равуо мекунем. Ин ғамхорӣ дар ҳаққи пиронсолони аз 75 – сола боло бо қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ шуд. Дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр давоми як соли охир хизматрасонӣ хеле беҳтар шудааст, фарёду ғиреви ронандагон ва ёрдамчиёни онҳо қариб ки ба гӯш намерасад. Ба мо ҳангоми савор шудан ёрӣ мерасонанд, ҷой медиҳанд, бо нишон додани «Корти эҳтиром» роҳкиро талаб намекунанд. Мо аз ин гуна ронандаҳо низ хеле миннатдорем. Аммо мисле, ки маҳтоб ҳам доғ дорад, баъзан ронандаҳое пайдо мешаванд, ки ҳам нисбат ба мо, ҳам нисбат ба «Корти эҳтиром» беэҳтиромӣ мекунанд.
19 апрел бо ман ҳамин ҳол рух дод. Ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ хеле ҷанҷол бардошта, сарфи назар аз дидани «Корти эҳтиром» пул талаб кард. Барои пул не, ба хотири он, ки беҷазо мондани чунин касон боиси ривоҷ гирифтани амали носавобашон мешавад, ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси шаҳр муроҷиат кардам. Маро хуш қабул карданд, арзамро шуниданд. Мудири шуъба Хайрулло Камолов дар ҳузури худам ба роҳбари он ронанда занг зада, супориш дод, ки фавран оид ба ин ҳолат чораи қатъӣ андешад ва аз натиҷааш гузориш диҳад. Аз байн ду соат нагузашта ҳамон ронанда ҳамроҳи роҳбари корхонаашон Бегмурод Маллаев ба наздам омада бахшиш пурсиданд. Қабул кардам ва гуфтам, ки чунин беэҳтиромиашро дар ҳаққи мӯйсафедони дигар ҳаргиз такрор насозад. Ҳамзамон, аз Б. Маллаев хоҳиш кардам, ки ронандаро аз кор пеш накунад, басанда аст, ки дар ҷаласаи аҳли кормандони корхона рафтори ношоистаи ӯро муҳокима намоянд.
Аз тадбирандешии фаврӣ хушам омад. Охир, баъзан дар назди дари баъзе амалдорон соатҳо интизор мешавию баъд ба ҷои ҳалли мушкил фақат «мебинем» мешунавӣ. Дар дастгоҳи раиси шаҳр бошад, маро ҳам хуш қабул карданд, ҳам масъала дар ҷояш ҳал шуд, боз як пиёла чой ҳам муроот намуданд.
Ташаккур, барои роҳбарии хуб, барои кормандони масъулиятшинос, барои ғамхорӣ, барои ободию зебоии Душанбе ва шароити хубе, ки раиси шаҳр барои сокинону меҳмонони Душанбе муҳайё намудааст. Ташаккур ба Рустами Эмомалӣ!
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.04.2018 №: 80 Мутолиа карданд: 539