logo

сафарҳо

Нахустин сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия

Барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия субҳи 22  октябр бо маросими гулгузорӣ дар назди оромгоҳи сарбози номаълум оғоз ёфт.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди гулхани абадӣ, ки нишонаи поси хотир ва қадрдонии сарбозони дар роҳи ватан қурбоншуда мебошад, гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ ба арзишҳои давлатдории Федератсияи Русия эҳтиром ба ҷо овард. Маросими гулгузорӣ бо садо додани сурудҳои миллии ду давлат ба поён расид.
Маросими истиқболи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба нахустин сафари давлатии роҳбари олии кишвар ба Федератсияи Русия дар қасри Кремл баргузор гашт. Ба ин муносибат дар даромадгоҳ ва ҳавлии Кремл ҷузъу томҳои Горди фахрии полки президентии Федератсияи Русия саф ороста буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсия Русия Дмитрий Медведев пешвоз гирифта, баҳри адои муқаррароти маросими истиқболи давлатӣ ба толори «Георгий»-и қасри Кремл даъват намуд.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев таҳти мусиқии тантанавии фанфараи президентӣ ба толори истиқболи давлатӣ ворид шуда, нахуст расми хотиравӣ гирифтанд.
Маросими истиқболи давлатӣ бо садо додани сурудҳои миллӣ ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат баррасӣ гардид. 
«Тоҷикистону Русия  шарикони боэътимод ва аз санҷишҳои давру замон гузаштаанд ва муносибатҳои ба манфиати мардумони ду кишвар рушдёбанда омили таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд», - таъкид намуд зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори боварӣ намуд, ки «суръати имрӯзаи ҳамкориҳои дуҷониба оид ба татбиқи нақшаҳои ба ояндаи дур нигарондашуда минбаъд боз ҳам баландтар хоҳад шуд».
Дмитрий Медведев аз пайвастагии мулоқотҳои роҳбарияти олии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, баргузор гаштани сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Федератсияи Русия авҷи олӣ ва идомаи мантиқии вохӯриҳои дигари имсола номид ва муносибатҳои Тоҷикистону Русияро «рушдёфта, наздик, дӯстона ва дорои мӯҳтавои ҳамшарикии стратегӣ» маънидод кард. Таъкид гардид, ки ин 6 – умин мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия дар соли равон аст.
Баррасии муфассали масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия сипас дар гуфтушуниди расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб идома ёфт. Ҷонибҳо ҳамчунин ба татбиқи натиҷаҳои мулоқоти 4 – ҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия ва Афғонистону Покистон, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, таъкид бар он доштанд, ки муттаҳидсозии имкону захираҳои муштарак баҳри ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба ин минтақа ва мусоидат ба амнияти минтақавӣ басо муҳим аст.
Сарони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия таъкид намуданд.  Эмомалӣ Раҳмон Дмитрий Медведевро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари ҷавобии давлатӣ ташриф биёрад. Даъват бо арзи сипос пазируфта шуд.
Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия ба имзо расид.
Сарони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар охир нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Масоили вобаста ба заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва робитаҳои байнипорлумонии ду кишвар зимни  мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси федералии Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов баррасӣ шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои мустақими байниминтақавӣ, ки бо зиёда аз 70 минтақаи Русия ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда, ба нақши Шӯрои Федератсияи Русия ва Анҷумани байнипорлумонии «Тоҷикистон-Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» дар ин самти корӣ баҳои баланд дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 588

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед