logo

иқтисод

ЮНУЧҚА ОМИЛИ СЕРҲОСИЛИИ ЗАМИН

Дар самти зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишт аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Барои заминро бо ғизо ғанӣ гардондан ва баланд бардоштани ҳосили рустанию сабзавот ва картошка кишти юнучқа нақши аввалиндараҷа дорад.
Кишоварзон аз кишти картошка дар замини юнучқазор нисбат ба майдонҳои дигар ба маротиб ҳосили баланд ба даст меоранд. Баробари ин, кишти зироати номбурда барои таъмини хӯроки чорво дар мақоми аввал қарор дорад.
Ба назари коршиносон кишти юнучқа дар заминҳои обӣ баъд аз ғундоштани ҳосили пахта, ҷуворимакка, сабзавот ва хӯроки дигари чорво манфиатбахш аст. Дар заминҳои лалмӣ ва обӣ кишти юнучқа баъди зироатҳое, ки дар онҳо зарпечак вуҷуд дорад, аз ҷумла зағир, маъсар ва лаблабу, тавсия дода намешавад.
Пеш аз он ки ин зироат ҳосилнокии заминро беҳтар намояд, баланд бардоштани самаранокии парвариши он лозим аст. Барои ҳосили баланд гирифтан аз юнучқа навъи босифати тухмии онро бояд интихоб намуд. Дар Тоҷикистон навъҳои серҳосили «Вахш - 300», «Вахш - 416» ва «Вахш - 429» вуҷуд доранд. Аз ҳама серҳосили онҳо «Вахш-429» ба ҳисоб рафта, ниҳоят сербарг ва қадбаланд аст. Қадаш дар дарави якум ба 120 сантиметр мерасад. Солҳои аввал то 7 - 8 дарав медиҳад. Аммо баъзе аз кишоварзон бовуҷуди хусусиятҳои хуби навъҳои маҳаллӣ тухмиҳои воридотиро кишт менамоянд, ки дар пай зарари бисёр дорад. Онҳо дар киштзор  алафҳои худрӯйро зиёд мекунанд, хусусан зарпечакро. Аз ин рӯ, тухмиро ҳатман дар озмоишгоҳ аз ҷиҳати сифат ва сабзиш санҷида, пас аз хулосаи мусбӣ дар чуқурии 8 - 10 сантиметри хок ва  5 - 6 дараҷа гармӣ  кишт намудан лозим мебошад.   
Ҳосили зироат аз меъёри кишт низ вобастагии калон дорад. Тавсия дода мешавад, ки дар як гектар 16 - 18 килограмм тухмии юнучқа бипошанд. Ин  меъёри беҳтарин маҳсуб мегарданд. Таҷрибаҳои мо нишон додаанд, ки меъёри 20 - 22 килограмм дар як гектар низ ҳосили баланд медиҳад ва баъди соли сеюм  зичии ниҳолро зиёдтар таъмин мекунад.
Барои сабзиши хуби юнучқа ва пешгирӣ аз паҳншавии алафҳои худрӯй дар майдони кишт ақаллан ба як гектар замин  25 - 30 килограмм нитрогенро пошидан зарур аст.
Талаботи юнучқа ба обро ҳатман риоя кардан зарур аст. Обмонии якумро вақти дар рустаниҳои юнучқа пайдо шудани 3 - 4 барги пурра  мегузаронанд, ки намии об 50 сантиметри   қабати хокро бояд таъмин кунад. Дараҷаи намнокии дарави якум то 70 сантиметр ва баъди дарави якум то 1 метри қабати ҳосилхези заминро  бояд ташкил диҳад.
Ба ҷо овардани тавсияҳои мазкур ба кишоварзон имконият медиҳад, ки аз майдони юнучқазор ҳосили баланди алафи сабзу сербарг гирифта, ҳосилнокии заминро барои парвариши рустаниҳои дигар  ба ҳадди зарурӣ таъмин намоянд. 
Раҳмон САИДЗОДА,
директори Институти  зироаткории АИ КТ, номзади илмҳои кишоварзӣ,
Соҳиб ИМОМОВ,
ходими пешбари илмӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ,  Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2018    №: 81    Мутолиа карданд: 186

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед