logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ. ЯК ТАШАББУСИ МУҲИМИ ВАЗОРАТ

Дар саросари кишвар ҷашнвораи  «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» зери унвони «Сайри китоб» идома дорад. Ҷашнвораи мазкур, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанг, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии  ба номи Мирсаид Миршакар ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагону мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад, ҳамасола як ҳафта давом мекард. Бо пешниҳоди адибон чорабинии мазкур имсол  то 15 май идома хоҳад ёфт.
Мақсад аз баргузории фестивал ҷалби наврасон ба китобхонӣ ва  ташвиқу тарғиби  китобҳои тозанашри бачагона, бедор намудани ҳисси эҳтиром нисбат ба китоб, хониш, каломи бадеъ, омӯзиш ва таҳқиқи мероси гаронмояи таърихию фарҳангии халқи тоҷик, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ арзёбӣ мегардад. Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ҷашнвора дар баланд бардоштани  донишу малакаи мутахассисони соҳа, рушди китобхонаҳои бачагона ва мукаммал намудани  фонди  онҳо бо адабиёти тозанашр нақши муҳим дорад.
- Ҷашнвора маҳз ба ҳамин хотир як моҳ идома меёбад, ки адибони мо имкони бештари бо наврасон суҳбату вохӯриҳо гузаронданро пайдо кунанд. Дар доираи фестивал  шоиру нависандагон ба шаҳру ноҳияҳои гуногун сафар намуда, ба хонандагону дӯсторони китоб суҳбат меороянд. Ҳоло адибон Алӣ Бобоҷон, ки беш аз 60 сол аст барои кӯдакон эҷод мекунад ва Ҷӯра Ҳошимӣ ба минтақаи Бохтар, Абдулҳамид Самад ва Азизи Азиз ба ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод ва шаҳрҳои Турсунзодаву Роғун сафарбар шудаанд. Латофат Кенҷаева,  Маҷид Салим ва  Маҳбуба Неъматова бо наврасони шаҳри Кӯлоб дидорбинӣ доранд, - мегӯяд Ҳусейн Сафарзода, директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии  ба номи Мирсаид Миршакар.
Интизор меравад, ки даври ниҳоии озмунҳо 15 - уми май  дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои пуливу молӣ қадр гарданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2018    №: 81    Мутолиа карданд: 171

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед