logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. ДАСТОВАРДҲОИ ЯК МАҲАЛЛА

Солҳои охир дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Кӯлоб, чун дигар манотиқи кишвари соҳибистиқлоламон, пешрафтҳои амиқ ба даст омадаанд. Ҳоло бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагӣ дар шаҳр татбиқи 72 лоиҳа ба маблағи 152 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, 8 коргоҳи истеҳсолӣ бо 46 ҷойи нави корӣ низ таъсис ёфт. Аз ҷумла, 2 коргоҳи дӯзандагӣ, 4 коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ, коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва коргоҳи қаннодӣ. Дар ин замина аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз 222 нафар аз рӯи ихтисосҳои гуногун бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар се моҳи аввали соли равон ба маблағи 44 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ҷониби соҳибкорон 5 иншоот ба маблағи 898 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд ва дар 114 иншооти дигар, аз ҷумла 20 корхонаи саноатӣ  корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Маҳаллаи Фирдавсӣ яке аз маҳаллаҳои калонтарини шаҳр буда, наздики 400 хоҷагӣ дорад. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳи мошингарди маҳаллаи мазкур навсозӣ шуд, ки мушкили чандинсолаи сокинонро пурра ҳал намуд.
Имрӯз бо дастгирии соҳибкорони саховатманди маҳаллӣ иншооти наву замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки ба симои шаҳр ҳусни нав мебахшад. Ин иқдоми соҳибкоронро бошандагон ба хушнудӣ истиқбол карда, ҷиҳати пеш аз муҳлат ба истифода додани иншоот дар рафти корҳои сохтмонӣ ҳиссагузорӣ мекунанд. Айни ҳол аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Бобохонов як толори варзишӣ бунёд ёфта истодааст, ки дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ба гуфтаи худи соҳибкор, ин иқдом дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба хотири ҷалби наврасону ҷавонони маҳалла ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз оворагардии насли наврас рӯйи кор омадааст. Баъди ба истифода додани ин толори варзишӣ ҷавонони маҳалла дар соатҳои бекорӣ метавонанд ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд.
Барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ, хатсайри нави мусофирбар таъсис дода шудааст. Ин хатсайр, ки маҳаллаи Фирдавсиро бо маркази шаҳр мепайвандад, асосан барои бе мушкилӣ, сари вақт ва бо нархи арзон ба дарс омадани донишҷӯёне, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, коллеҷҳои омӯзгориву тиббӣ таҳсил мекунанд ва, ҳамчунин, барои сокинону меҳмонон ташкил шудааст.
Темур Латифов, раиси маҳалла ва муассиси хатсайри мазкур, дар суҳбат гуфт, ки хатсайр ҳалқавор буда, дар маҷмӯъ 8,5 километр масофа дорад. Ба гуфтаи номбурда, қабл аз ташкили ин хатсайр сокинону донишинҷӯёне, ки аз маҳалла озими шаҳр мешуданд, бо таксӣ барои рафтуомад 6 - 8 сомонӣ харҷ мекарданд. Вале, акнун барои рафтуомад ҳамагӣ 2 сомонӣ кофист. Ҷиҳати хубии дигари ин хатсайр дар он аст, ки зиёда аз 10 нафар соҳиби ҷойи кор гардидаанд.
Дар баробари ин, ҳамчунин, дар маҳалла аз ҷониби Фахриддин Рустамов муассисаи таҳсилоти омӯзиши забонҳои хориҷӣ бунёд ёфта, дар марҳилаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад. Баъди ба кор даромадани ин муассиса бо ҷалби 10 нафар омӯзгор хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маҳалла метавонанд ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва, ҳамчунин, курси компютерӣ фаро гирифта шаванд.
Бародарон Фахриддин, Амриддин ва Маҳсиддин Рустамовҳо дар таъмини сокинони маҳалла бо ҷойи кор ҳиссаи зиёд гузошта истодаанд. Айни ҳол аз ҷониби Маҳсиддин коргоҳи истеҳсоли хишти пухта ва бетонӣ ташкил карда шудааст ва дар назди он нуқтаи таъмири мошинҳои хориҷӣ ва кафшергарӣ бунёд мегардад.
Ба гуфтаи М. Рустамов, ин коргоҳ, ки аввали моҳи майи соли ҷорӣ ба истифода дода хоҳад шуд, метавонад 14 нафарро ба корӣ доимӣ ва маоши хуб фаро гирад.
ҶДММ “Ориён Рустам”, ки ба истеҳсоли ҳасиб, маҳсулоти аз шир омодашуда ва обҳои нушокии ранга машғул аст, соли 2005 бо ташаббуси Амриддин Рустамов таъсис ёфта, дар он 15 нафар бо кор таъминанд. Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кори истеҳсоли маҳсулот масъулони коргоҳ аз Федератсия Русия технологияҳои наву замонавӣ ворид кардаанд.
Лашкар ШАРИФ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2018    №: 81    Мутолиа карданд: 248

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед