logo

фарҳанг

ТУРИЗМИ ТАЪРИХӢ – ФАРҲАНГӢ. ПАНҶАКЕНТ ИҚТИДОРИ БУЗУРГ ДОРАД

Шаҳри Панҷакент бо таъриху тамаддуни қадимааш барои рушди сайёҳии таърихӣ - фарҳангӣ имконияти васеъ дорад. Оромгоҳҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Муҳаммад Башоро (меъмории асрҳои XII-XIV), мавзеъҳои Саразми бостонӣ (ёдгориҳои асрҳои IV-II пеш аз милод) ва Панҷакенти Қадим (асрҳои V-VIII), ки аз умқи таърих об мехӯранд, таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро кайҳо боз ба худ ҷалб кардаанд.
Бино ба маълумоти бахши сайёҳии шаҳр соли гузашта зиёда аз 2000 сайёҳ аз Панҷакент дидан кард, ки бештари онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ аз ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Русия, Олмон, Ҷопон, Корея, Шведсия ва Австралия ташкил медоданд.
Ба андешаи мутахассисон дар ин минтақа метавонад қариб ҳамаи намудҳои туризм равнақ ёбад. Чуноне сардори ширкати сайёҳии “Панҷакент интур” Муҳаммадшариф Шарифбадалов иброз медорад, барои ба роҳ мондани сайёҳии таърихӣ - фарҳангӣ, экологӣ, кӯҳӣ, обӣ ва агротуризм имкониятҳо зиёданд. Махсусан, туризми таърихӣ - фарҳангӣ дар Панҷакент рушд ёфтааст ва ёдгориҳои таърихии он дар маркази диққати ҷаҳониён қарор доранд.
Аз ҷумла, ёдгории Саразм бо таърихи беш аз 5,5 - ҳазорсола, яке аз ёдгориҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Масоҳати он зиёда аз 100 гектарро ташкил дода, соли 1976 аз ҷониби бостоншиносон кашф гардид ва ҳафриёти бостоншиносӣ аз соли 1977 инҷониб идома дорад. Шаҳраки Саразм соли 2001 бо қарори Ҳукумати мамлакат Мамнӯъгоҳи таърихӣ - бостоншиносӣ эълон шуд ва дар ҳудуди он осорхона фаъолият мекунад, ки қисме аз бозёфтҳо дар он нигоҳ дошта мешаванд. Саразм аввалин объекти таърихии кишвар аст, ки соли 2010 ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд. Бо назардошти аҳамияти таърихии ин шаҳри қадима Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти навбатӣ бо аҳли зиёи мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2020 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон таҷлил гардад.
Объекти дигари таърихӣ Панҷакенти Қадим мебошад, ки дар масоҳати 13,5 километр доман густурдааст. Мувофиқи маълумоти бостоншиносон шаҳр дар асри V бунёд ёфта, охири асри VII бар асари тохтутози аҷнабиён ба хароба табдил меёбад. Кофтуковҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ аз соли 1946 оғоз гардида, то ба ҳол идома доранд. Ҳангоми ҳафриёт дар ин ҷо ду қасри калон, 8 кӯчаю хиёбон ва даҳҳо манзилу иморат пайдо шудаанд. Замони гулгулшукуфоии Панҷакенти Қадим ба асри VII рост меояд. Махсусан, дар ин давра санъати рассомӣ рушд мекунад. Намунаҳои беҳтарини онро дар деворнигораҳои шаҳр дидан мумкин аст, ки дар онҳо, асосан, саҳнаҳои разми қаҳрамонҳои «Шоҳнома» тасвир ёфтаанд. Қисме аз ин бозёфтҳо дар осорхонаи Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербург нигоҳ дошта мешаванд, ки нусхаи онҳоро метавонем дар осорхонаҳои кишвар вохӯрем.
Дар баробари ин, оромгоҳи сардафтари адабиёти классики тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ макони боздиди сайёҳони дохиливу хориҷист. Он дар доманаи кӯҳ воқеъ буда, бо санъати меъмории миллӣ бунёд гардидааст. Соли 2008 дар ин мавзеъ Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии “Панҷрӯд” таъсис ёфт, ки дар ҳудуди он ба ғайр аз оромгоҳ осорхонаву китобхона ва меҳмонхона низ дарҳои худро ба рӯйи сайёҳон боз намудаанд, ки туристон дар аснои саёҳат бо урфу одат ва тарзи зиндагии сокинони маҳаллӣ метавонанд ошноӣ пайдо намоянд.
Ҳамчунин, мақбараи Муҳаммади Башоро зиёратгоҳи пиру барност. Хоҷа Муҳаммад яке аз бузургтарин муҳаддисон ва муфассирони каломи Илоҳӣ дониста мешавад. Замони зиндагиаш ба солҳои 783-864 рост меояд. Ин иншооти таърихӣ аз куҳантарин ёдгориҳои Осиёи Миёна буда, мувофиқи маълумоти муаррихон баъд аз оромгоҳи Исмоили Сомонӣ (дар Бухоро) қадимтарин ёдгории минтақа ба шумор меравад. Ёдгорӣ таърихи 1000-сола дошта, бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст ва баёнгари рушди ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик, ба монанди гилкорӣ, кандакорӣ, катибанависӣ ва ғайра мебошад. Он дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Панҷакент, дар доманаи кӯҳҳои осмонбӯси Зарафшон, воқеъ аст. Ба андешаи коршиносон ин мавзеъ бо манзараҳои зебою иқлими мусоид барои ба роҳ мондани сайёҳии экологӣ низ мувофиқ мебошад.
Боиси зикр аст, ки тақвияти соҳаи сайёҳии ин минтақаи зебоманзари кишвар дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор дорад ва барои муҳайё сохтани шароити ба талабот ҷавобгӯ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, азнавсозиву нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва тармиму таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент, ки қисмати Роҳи бузурги Абрешим аст, далели ин гуфтаҳоянд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2018    №: 81    Мутолиа карданд: 155

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед