Хабарҳо
Баландтарин арзиши газ дар Арманистон ба қайд гирифта шуд
ҚазТАГ. Миёни кишварҳои иттиҳод нархи аз ҳама баланди 1 метри мукааб гази табиӣ дар Арманистон 106 танга (20 рубл) - ро ташкил дод. Ин нархи баландтарин мебошад.
Арзиши ин намуди сӯзишворӣ дар Молдавия 19,7, Украина - 15,5, Қирғизистон - 13,04, Беларус - 12,29, Озарбойҷон - 7,37, Русия - 6,81, Қазоқистон - 4,54 рублро ташкил дод. Гази арзонтарин дар Ӯзбекистон аст: 2,65 рубл.
Маълумот доир ба нархи газ дар Тоҷикистон, Туркманистон ва Гурҷистон оварда нашудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 295