logo

фарҳанг

ФЕСТИВАЛИ ФИЛМҲОИ ҲИНДӢ

Тайи як ҳафта аст, ки дар кишварамон бо ибтикори Иттифоқи синамогарон, «Киноклуби Сатяҷид Рей» ва дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Фестивали филмҳои ҳиндӣ баргузор гардида истодааст.

Бино ба иттилои Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, мақсад аз ташкили фестивали мазкур таҳкими муносибатҳои дӯстонаи халқҳоямон ва шиносоии бештари синамогарони тоҷик - дӯстдорони синамои ҳиндӣ бо намунаҳои беҳтарин ва дастовардҳои навини ҳунари филмофарии Ҳиндустон мебошад.
Намоиши филмҳо шоми ҳар рӯз дар Хонаи кинои Иттифоқи синамогарон - кинотеатри «Зебунисо» сурат мегирад. Дар доираи фестивал филмҳои «Одами кӯҳӣ» - и коргардон Кетан Меҳта, «Қисса» - и Суҷой Гош, «Бидав, Милка, бидав!» - и Ракеш Умпракаш Меҳра, «Писари Сардор» - и Ашвини Дҳир, «Арӯсии Тану ва Ману» - и Ананд Раи ва «Тах… Пах…» - и Сиддратҳ Ананд манзури тамошогарон мешавад.
Филмҳои ба маъраз гузошташуда ҳама достонӣ буда, аз саргузашти аҷибу ғариби ҳиндувон дар замони мо қисса мекунанд. Агар қаҳрамони филми «Бидав, Милка, бидав!» шахси воқеӣ – қаҳрамони Бозиҳои олимпии Осиё дар соли 1958 ва барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Рим дар соли 1960 Милка Сингх бошад, Дашратҳ Манҷи (аз филми «Одами кӯҳӣ»), Видя («Қисса»), Ману ва Тану («Арӯсии Ману ва Тану»), Ҳарлин Саҳни ва Радҷвир Нанда («Тах… Пах…») аксаран шахсони тахайюлӣ мебошанд. Новобаста аз ин, ҳар кадоми онҳо дорои сарнавишти ибрат-ангези худ аст. Сокини деҳаи касногузари Геҳлор – Дашратҳ баъди аз даст додани ҳамсар – ишқи аввалину охиринаш қавл медиҳад, ки чун Фарҳоди кӯҳкан барои ҳамдеҳагонаш ба рӯйи ҷаҳони бузург роҳ кушояд. Видя зиндагии осоиштаи дар Лондон доштаашро ба қиссаҳои моҷароангези Калкутта барои ёфтани ҳамсараш иваз менамояд. Писари Сардор - Ҷасси баъди даргузашти қиблагоҳаш ба Ватан баргашта, мефаҳмад, ки қабилаи Сандху 25 сол пеш ҳукми қатли ӯро баровардаасту интизори бозгашташ аст. Вале ӯ қадами нахустинашро ба даргоҳи сардори ин қабила Биллу мегузорад…
Дар филмҳои манзури тамошогарон гардида ҳолатҳои шадиди равонӣ мисли пештара бо оҳанг ва суруду рақсҳои дилфиреб ороста шудаанд. Дар онҳо бозигарони шинохта Навозуддин Сиддиқӣ, Радхика Апте, Парамбрата Чатерҷи, Фарҳон Ахтар, Сунам Капур, Сунахши Синдҳа, Ҷуҳи Чавла, Раҳул Мадҳаван, Хритик Рошан, Ҷовид Ҷаъфарӣ ва дигарон нақш офаридаанд.
Синамошиноси   шинохтаи  кишвар Саъдулло Раҳимов, ҳамчунин,  иттилоъ дод, ки баъди анҷоми фестивал ҳар рӯзи шанбеи ҳафтаи охири ҳар моҳ дар доираи фаъолияти «Киноклуби Сатяҷид Рей» як филми беҳтарини ҳиндӣ ва ҷаҳонӣ бо ширкати филмсозони ҳирфавии тоҷик, синамошиносону мунаққидон ва алоқамандони ҳунари синамо барои тамошо ва нақду баррасӣ ба намоиш гузошта мешавад.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2018    №: 82    Мутолиа карданд: 147

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед