logo

маориф

МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ. АЗ БӮСТОН ТО БА ҶАҲОН

Омӯзгорон ва хонандагони Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ҳамасола дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Онҳо бо лоиҳаҳои  илмиву амалии хеш баромад карда, Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.

Мадина Набизода, директори мактаб, дар суҳбат бо мо иттилоъ дод, ки чанде пеш ду нафар хонандаи муассиса Ҷаъфар Қосимов ва Фаридун Ғаффоров дар Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ аз фанни иқтисодиёт дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок карда, ба гирифтани ҷойи дуюм ва медали нуқра сазовор гардиданд.
- Иштироки хонандагон дар “Озмуни байналмилалии соҳибкорони ҷавон” низ муваффақиятҳои зиёдеро дар пай дошт. Ду хонандаи муассиса лоиҳаи худро ба кумитаи тадорукоти озмун, ба Русия фиристод. Баъди баррасии лоиҳа хонандаи синфи 11 Шаҳзода Эшонова барои иштирок дар озмун роҳхат гирифт, - афзуд Мадина Набизода.
Даври ниҳоии озмун дар донишгоҳи Синергия баргузор гардид. Бояд қайд кард ки дар ин озмун зиёда аз 20 000 хонанда аз тамоми ҷаҳон иштирок кард ва ба даври ниҳоии озмун аз тамоми кишварҳои дунё ҳамагӣ 12 дастаи ғолиб аз Австрия (ду даста), Словения (як даста), Беларус (як даста), Русия (се даста), Тоҷикистон (ду даста) Қазоқистон (ду даста) ва Қирғизистон (як даста) роҳ ёфтанд.
Дар комплекси олимпӣ Форуми байналмилалии Синергия бо иштироки шахсони барӯманди ҷаҳон ва зиёда аз 19 ҳазор тамошобин ғолибони озмун муайян шуданд. Ҷои аввалро дастаи Русия, ҷои дуюмро дастаи Австрия, ҷои сеюмро дастаи Қазоқистон соҳиб гардиданд. Мактаби Бӯстон соҳиби ҷоизаи  “Намоиши беҳтарини лоиҳа” гардида, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуд. Дар байни 12 давлати ҷаҳон лоиҳаи хонандагони Мактаби президентии шаҳри Бӯстон ба панҷгонаи лоиҳаҳои беҳтарин ворид гашта, ба Тоҷикистон ифтихору шуҳрат овард.
Муаллиф Шаҳзода Эшонова лоиҳаро бо забонҳои русию англисӣ ҳам тариқи онлайн ва ҳам бевосита назди ҳакамони бонуфуз муаррифӣ карда, бори дигар собит намуд, ки кишвари мо дар ҳалли масоили экологӣ аз роҳҳои бехатару манфиатовар кор мегирад.
Чанде пеш дар   шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии  Қазоқистон Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба корҳои лоиҳавӣ аз фанҳои физика, математика ва иқтисодиёт гузаронда шуд. Дар ин чорабинӣ хонандагон аз Русия, ҷумҳуриҳои  Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок доштанд.
Аз Мактаби президентии Бӯстон  хонандагони синфи нуҳ Фаридун Ғаффоров ва Ҷаъфар Қосимов бо лоиҳаи илмии “Бозори меҳнат ва бекорӣ” ширкат варзиданд. Лоиҳа паст намудани сатҳи бекориро дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ мекард ва бо тамоми факту рақамҳои илмиву амалӣ роҳҳои пешгирии ин омилро нишон медод. Бо ҳамовозии ҳакамон лоиҳа соҳиби нишони фахрӣ ва Дипломи дараҷаи II гардид. Инчунин, ғолибон имконият пайдо намуданд, ки баъди хатми муассиса тариқи буҷетӣ ба Донишгоҳи ба номи Ҷаладасбекови шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дохил шаванд.
Талабагони муассиса дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ пешрафт доранд. Аз ҷумла, чанде пеш дар XV  Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ барои хонандагони хориҷӣ ширкат варзида, дар сабқати русидонони 29 давлати дунё Мафтуна Дадобоева сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукоти олимпиада қадр ёфт.
Ба гуфтаи Мадина Набизода, хонандагони мактаб дар озмунҳои дигари байналмилалӣ, ки электронӣ  мегузаранд, иштирок доштанд ва ҳоло натиҷаҳои онро интизоранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2018    №: 82    Мутолиа карданд: 405

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед