logo

иқтисод

ДАРЁИ ЗАРАФШОН. ТАТБИҚИ ЯК ТАРҲИ МУҲИМ

Дар доираи татбиқи як тарҳи муҳим қарор аст, бо истифода аз оби дарёи Зарафшон масоҳати зиёди заминҳои ташналаб дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон, Деваштич ва шаҳри Панҷакент ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шаванд.
Каримзоди Ҷамшед, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва тақвияти идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон гуфт, ки хазинаи ин тарҳ 13, 96 миллион евро ё 16, 40 миллион долларро дар бар мегирад. Мақсади лоиҳаи мазкур мустаҳкам намудани асоси институтсионалӣ барои банақшагирӣ ва идоракунии обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва такмили шароиту идоракунии иншооти обёрӣ мебошад.
Лоиҳа аз барқарорсозии иншооти обёрӣ ба маблағи 11,75 миллион доллар, барномаи барқарорсозии каналҳои хурди обӣ, барқарорсозии системаи бузурги вокуниш ба обхезӣ ва хариди таҷҳизот иборат аст. Дар ин қисмати лоиҳа барқарорсозии каналҳо, чоҳҳои амудӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва ғайра дар шаҳру ноҳияҳои номбурда амалӣ гардида, 34330 гектар замин обёрӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент ба маблағи 5,87 миллион доллар барқарорсозии чоҳҳои амудӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ ба мақсади обёрии 21235 гектар замин, ноҳияи Айнӣ ба маблағи 84 ҳазор доллар барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ барои обёрии 525 гектар замин, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба маблағи  665,6 ҳазор доллар барои тоза ва барқарорсозии каналҳои худҷорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Лангар ва Иван Тоҷик барои обёрии 2745 гектар замин, ноҳияи Деваштич ба маблағи 435,8 ҳазор доллар барои барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ ба мақсади обёрии 4325 гектар замин, ноҳияи Шаҳристон ба маблағи 665,8 ҳазор доллар барои барқарорсозии инфрасохторҳои обёрии ҷамоатҳои деҳоти  Бунҷикат ва Шаҳристон ва таҷдиди ҷӯйборҳо барои обёрӣ намудани 5,5 ҳазор гектар  замин дар назар аст.
Қисмати дуюм аз рушд ва мустаҳкам намудани муассисаҳо оид ба идоракунии обёрӣ ва захираҳои об ба маблағи 3,52 миллион доллар мебошад. Ин аз идоракунии системаи обёрӣ дар ҳавзаи дарё ва дар сатҳи маҳал, навсозӣ ва таҷҳизондани сохтмонҳои ёрирасон иборат аст. Қисмати сеюм аз идоракунии лоиҳа ба маблағи 1,13 миллион доллар мебошад. Инчунин, дар доираи лоиҳаи барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идораи он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон корҳои соҳилбандӣ ба масофаи 3350 метр дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба маблағи 490 ҳазор доллар ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи корҳои соҳилбандӣ беш аз 1300 гектар замин аз шусташавӣ эмин нигоҳ дошта мешавад.
Дар маҷмӯъ, амалӣ намудани лоиҳаи мазкур дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва такмили минбаъда заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани низоми идоракунии якҷояи захираи об ва гузарондани ислоҳот дар бахши он нақши муҳим мебозад.
Мунаввари САФАР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2018    №: 82    Мутолиа карданд: 230

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед