logo

иқтисод

ХАТЛОН. ЧАРО ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ЗАМИН 20 ДАРСАД АФЗУД?!

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар майдони 1263,2 гектар замин 1 754 ҳолати вайрон кардани қонунгузории истифодаи заминро ошкор карданд. Ин нишондиҳанда дар соли сипаришуда 5 858 ҳолат буда, нисбат ба соли 2016 бист дарсад зиёд аст.

Мутаассифона, ҳарчанд дар самти истифодаи дуруст ва ҳифзи замин ниҳодҳои дахлдор чораҳои зарурӣ меандешанд, бархе аз шаҳрвандон бо суиистифода аз мақоми хизматӣ даст ба қонуншиканӣ мезананд.
Ба гуфтаи Абдулҳафиз Одиназода, раиси кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, қонуншиканӣ бештар дар риоя накардани талаботи низоми замин, худсарона иваз ва ғасб кардани заминҳо, пинҳон доштани маълумоти андоз аз истифодаи замин ва амсоли инҳо ба назар мерасанд. 
Қонуншиканон дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 440650 сомонӣ ҷаримабандӣ шуда, ба суратҳисоби махсуси кумита маблағ дар ҳаҷми 377040  сомонӣ ворид гардид.
Айни ҳол заминҳои вилояти Хатлон ба гузарондани чорабиниҳои беҳдошти ҳолати мелиоративӣ  ниёз доранд. Таъмир ва тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, ки яке аз омилҳои асосии паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар заминҳои корами обӣ ба ҳисоб меравад, дар ин минтақа суст ба роҳ монда шудааст. Бидуни амалисозии чорабиниҳои беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда маҳсулнокии онҳо муттасил паст шудан мегирад. Дар соли гузашта аз гардиши кишоварзӣ баромадани майдони 4 255 гектар замин бо сабаби мавҷудияти ин ва дигар камбудиҳои ҳалталаб мебошанд.  Барои заминҳои шӯршуда бояд чоҳҳои назоратӣ низ дар ҳолати корӣ бошанд, вале чунин чоҳҳо на ҳамеша таъмир ва мавриди фаъолияти дуруст қарор доранд. Бештари заминҳои аз гардиши кишоварзӣ баромада ба ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Носири Хусрав рост меоянд. Масалан, дар ноҳияи Қубодиён алъон 976 гектар замини обӣ бекор аст.  
Сатҳи обҳои зеризаминӣ баланд гашта, боиси шӯршавии майдонҳои кишт шудаанд. Аз сабаби дар даҳсолаи охири замони шӯравӣ нагузарондани корҳои беҳдошти ҳолати мелиоративӣ дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқи меъёрҳои илм асоснок, шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ зиёд шудаанд, - гуфт Салим Абдуалимзода, раиси кумитаи идораи замин дар ноҳияи Қубодиён. Ба гуфтаи ӯ, аз 976 гектар замини бекорхобида 130 гектарро соҳибкори ватанӣ соҳиб шуда, бо кишти картошка ва бунёди боғҳо ба гардиши кишоварзӣ даровард. Дар сурати дарёфти маблағҳои зарурӣ ва татбиқи комили баъзе лоиҳаҳои амалкунанда дар самти таъмиру навсозии заҳбуру заҳкашҳо, ки татбиқи саривақтӣ ва шаффофро тақозо доранд, заминҳои боқимонда низ ба истифода дода хоҳанд шуд.
Барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ин заминҳо кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ва идораи беҳдошти замин ва обёрӣ нақшаи дар давоми се сол анҷом додани корҳои бунёдиро пеш гирифтанд. Дар соли 2018 майдони 1100 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад. Инчунин, аз ҳисоби заминҳои партов ворид кардани зиёда аз 900 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст, ки кор дар ин самт идома дорад.
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2018    №: 82    Мутолиа карданд: 269

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед