logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ҲОМИИ ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХӢ

Баъзе аз муаррихон ба масъалаҳои таърихӣ яктарафа ҳукм бароварда, пешрафти тамаддуни халқиятҳои дигарро аз таъсири маданияти Ғарб донистаанд. Кам олимоне ёфт мешаванд, ки аз хусуси комёбиҳои мадании Шарқ сухан ронда, қадимӣ будани онро зикр кардаанд. Аз ҷумла, антиқашинос Иосиф Тронский гуфта буд: «Дар ҳақиқат тамаддуни Юнону Рим қадимтарин тамаддуни Аврупо аст, вале он хеле баъдтар аз тамаддунҳои Шарқ инкишоф ёфтааст» (М. Рашшод. «Фалсафа аз оғози таърих»).

Фарзанди барӯманди халқи тоҷик – Бобоҷон Ғафуров пардапӯшиҳои муаррихонро нисбат ба таърихи халқҳои Шарқ ошкор сохт. Асари гаронбаҳои ӯ «Тоҷикон» дараҷаи тараққиёти маданияту иқтисодиёти давлатҳои қадимаи Осиёи Миёна, алалхусус халқи тоҷикро аз рӯи ашёи археологӣ, шаҳодати муаррихон, осорҳои қадима ва дигар мадракҳои дараҷаи аввал ба оламиён равшан кард. Дар асар муаллиф аз шаҳодати бардурӯғи баъзе олимон норозигии худ ва олимони дигарро баён карда, ҳақиқати таърихиро пайдо намуд.
Муаллиф дар сарсухани асар аз ҳақиқати таърихӣ дур рафтани муаррихонро таъкид сохта, дар асарҳои онҳо нодуруст шарҳу тасвир ёфтани таърихи халқи тоҷикро баён мекунад: «Дар асарҳои олимони буржуазӣ гузаштаи халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон ҳамчун силсилаи беинтиҳои ҷангу ҷидолҳо ва табаддулоти дарборӣ тасвир ёфта, бештар нақлу ривоятҳо дар бораи подшоҳон, ҳокимон ва сипаҳсолорон оварда мешаванд...». Ҳамон ҷо боз аз доираи инсоф берун рафтани чунин муаррихонро ошкор месозад: «Беасос ситоиши истилогарон ва паст задани маданияти Осиёи Миёна дар асарҳои олимони буржуазӣ дида мешаванд».
Ҷои дигар муаллиф аз хусуси осори олимони Ғарб сухан карда, ҳатто аз нашри «Таърихи инсоният. Тараққиёти маданият ва илм», ки ЮНЕСКО нашр кардааст, беасос будани гувоҳии Ҷ. Хаурес ва Л. Валлейро исбот мекунад: «Дар аҳди биринҷӣ қабилаҳои Осиёи Миёна ба дараҷаи хеле баланди тараққиёти маданияти моддӣ ва маънавӣ расида дар байни тамаддуни шаҳрҳои Шарқи Наздику Миёна ва Ҳиндустон, аз як тараф қабилаҳои Паволже, Қазоқистон, Сибир, Осиёи Марказӣ ва Хитой, аз тарафи дигар ҳалқаи пайвандкунанда гардида буданд. Бо вуҷуди ин, дар осори олимони Ғарб майли ошкоро кам карда нишон додани аҳамияти тамаддуни қадими мардуми Осиёи Миёна ба назар мерасад. Ҳатто дар чунин як асари ҷиддӣ монанди «Таърихи инсоният. Тараққиёти маданият ва илм», ки ЮНЕСКО нашр кардааст, роҷеъ ба маданияти аҳди биринҷии ҷануби Туркистон чунин гуфта шудааст: «Хусусияти умумии он нисбатан сода аст, ки ин маданияти ҷамъиятиест, ки на дар ягон ҷамъияти прогресс, балки яқинан дар «халиҷи кӯчаке» умр ба сар бурдааст»…
Мадракҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки саҳми Осиёи Миёна дар маданияти асри биринҷии Шарқ бағоят бузург аст. Б. Ғафуров ва як зумра олимони шӯравӣ мулоҳизаҳои беасоси ин бехабаронро рад намуда, аз рӯи мадракҳои таърихӣ исбот карданд, ки ин «халиҷи кӯчаке», ки онҳо меноманд, дорои чи қадар умқу паҳноии бузург ва саҳми он дар тамаддун бағоят бузург аст. Дар замонҳои қадим ин сарзамин мавриди таваҷҷуҳи муаррихону сайёҳони қадим, аз ҷумла Ҳеродот, Диодор, Ктесий, Полиен, Ксенофонт, Полибий, Помпей Трог, Квинт Куртсий, Плутарх, Юстин, Страбон, Арион ва дигарон гашта буд. Б. Ғафуров даъвоҳои беасосро бо суханони шарқшиноси рус В. В. Григорев рад мекунад: «Бо ин найрангбозиҳо илми таърих як қадам ҳам пеш намеравад”. Номбурда дар асоси далелҳои раднопазир исбот намуд, ки маданияти халқҳои Осиёи Миёна боиси пешравии маданияти моддию маънавии дигар халқу давлатҳо гардидаанд. Собит кард, ки дар кашфи баъзе аз филизот, аслиҳа халқҳои Осиёи Миёна аз аксари кишварҳои дунё пешқадам ҳастанд: «Дар Осиёи Миёна ғалабаи асри оҳан хеле барвақт ба олам омад. Баъзе кишварҳои дигар, масалан, Хитой дар ин бобат аз Осиёи Миёна чандин садсолаҳо ақиб монда буд». Муаллиф ба бисёр масъалаҳо равшанӣ андохта дар тараққиёти ҳар соҳа соҳиби нақши муҳим доштани халқҳои Осиёи Миёнаро исбот кардааст. Чуноне ки дар давраи Кӯшониён, камонҳои кӯшониёнро мисол меорад: «...Аслиҳаи дурзани он замона – камон дар ин давра хеле такмил ёфт. Дар ин давра камони махсусу мураккабе маъмул гардид, ки аз панҷ қисм иборат буда, бо пулакчаҳои устухонӣ ё шохӣ ҳотамкорӣ карда мешуд. Ватани ин гуна камон Осиёи Миёна мебошад ва он баъдтар дар Эрони сосонӣ паҳн шуд... Ин навъи камон аз Осиёи Миёна баромада ба Сарматҳо гузашт ва аз он ҷо ба Ғарб паҳн шуда то худи Шотландия рафта расид, дар Ҷануб дар Эрону Ҳиндустон, дар Шарқ дар Хитой расм шуд».
Дар бораи зиреҳи суғдиён дар «Тоҷикон» чунин оварда шудааст: «Шуҳрати зиреҳу ҷавшани суғдиён дар Шарқу Ғарб хеле дур паҳн шуда буд. Соли 718 суғдиён чун туҳфа ба Хитой зиреҳ оварданд. Яроқсозони Хитой дар асоси ҳамин зиреҳи суғдиён зиреҳсозиро ёд гирифтанд ва дере нагузашта дар лашкари хитоиён чунин зиреҳҳо пайдо шуданд».
Шуҷоату маҳорати ҷангии сакоиҳо диққати шоҳони Шарқро ба худ кашида буд. Маҳз амалиёти ҷангии онҳо боис гардид, ки форсҳо дар ҷангҳо ба ғалаба ноил мегардиданд: «Бисёр ҷанговарони моҳир ва корозмуда дар қӯшуни Ҳахоманишиён аз Осиёи Миёна буданд. Масалан, дар вақти ҷанги Юнону Форс дар муҳорибаи Марафон дар қатори аскарони пиёдагарди форсҳо сарбозони савораи сакоиҳо ҳам ширкат намуда, ҷанговарони дастаи марказии афиниҳоро ба ақибнишини маҷбур карданд.»
Шуҷоати сакоиҳо, ватандӯстии онҳо донишмандони Юнони Қадимро ба ҳайрат оварда буд, ки Полиен (муаллифи “Юнони Қадим”) аз хусуси корнамоии Шераки Сакоӣ ба муқобили шоҳи Ҳахоманишиён Дорои 1 зикр карда буд. Муборизаи ин марди диловар ва бемуваффақиятии сафари ҷангии Дорои 1 дар байни мардуми Ғарб, аз ҷумла юнониён аз даҳон ба даҳон мегашт.
Бобоҷон Ғафуров тадбироти Искандари Мақдуниро на падидаи нав, балки идомаи сиёсати Ҳахоманишиҳо номидааст: «Бояд хотирнишон кард, ки оғози синтези мадании халқҳои гуногун ва ҷараёни аввалин марҳилаҳои инкишофи он дар зарфи 200 сол қабл аз футуҳоти Искандари Мақдунӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва аз ин рӯ, тадбироти Искандар дар ин роҳ идомаи ҳамон сиёсати Ҳахоманишиҳост».
Муаллиф аз чашмпӯшиҳои муаррихони буржуазӣ оид ба сафарҳои ҷангии Искандар ҳарф зада, бераҳмиҳою мақсадҳои ғаразноки ӯро ошкор месозад: «Муаррихони буржуазӣ сафарҳои ҷангии Искандари Мақдуниро ҳамчун ҳодисаи прогрессивӣ ба қалам дода, вале аз он амри воқеӣ, ки мақсади асосии лашкар кашидани Искандар маҳз ба таҳти тасарруфи Юнон даровардани кишварҳои Шарқ, васеъ кардани доираи тиҷорат, истисмор намудани халқҳои машриқзамин ва ба ғорат бурдани сарвати онҳо буд ва инҳо бо қатли омми аҳолии маҳаллӣ анҷом мепазируфт, чашм пӯшиданд...
...Аксари муаррихони буржуазӣ таъсири маданияти Юнонро ба маданияти Шарқ хотирнишон намуда, вале аз хусуси комёбиҳои мадании халқҳои Шарқ ҳатто лаб во накардаанд». Хулоса, чунин ошкорсозиҳои ҳақиқати таърихӣ бисёранд.
Аллома Бобоҷон Ғафуров ба муаррихоне, ки ба масъалаҳои таърихӣ аз нигоҳи ҳақиқати илмӣ ҳукм намебароранд ва ғаразҳои илмиву қавмиро бо илм махлут мекунанд, чунин гуфтааст: «Мо фақат ҳаминро гуфтанӣ, ки ҳадде ҳасту аз он ҳад гузаштани таърихшинос мумкин нест, зеро, агар вай аз ин ҳад гузарад, на ин ки таърихшинос, балки қиссапардоз мешавад...».
Нозимҷон СОҲИБОВ,
муаллими фанни таърихи МТМУ № 35, ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2018    №: 82    Мутолиа карданд: 563

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед