logo

фарҳанг

КӮЛОБ. ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ МЕРОСИАНД

Дар Кӯлоб ҳанӯз аз замонҳои қадим ҳунармандӣ равнақ ёфта буд. Яке аз соҳаҳои пешрафта  бофандагӣ мебошад, ки ба он асосан занон машғул ҳастанд. Оҳангарӣ низ яке аз ҳунарҳои маъмули ин минтақа ба шумор меравад. Оҳангарони минтақаи Кӯлоб ин ҳунари пурбаракати аҷдодии худро то  имрӯз фаромӯш накарда, балки онро боз ҳам ривоҷ дода  истодаанд. Устоҳои оҳангар дар ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб бо асбоби сохтаи худ аз қабили теша, каланд, дос, зоғнӯл, наъл барои асп ва ғайра мушкили мардумро осон менамоянд.
Оҳангарӣ меросӣ буда, аз падар ба писар  ва ба наслҳои минбаъда гузашта омада истодааст. Ҳунармандону устоҳои халқӣ, аз ҷумла, наққошону кулолгарон  мисгарону зардӯзон ва қолинбофону косибон дар офаридаҳояшон нақшу  нигорро чун воситаи асосии ороиши бадеӣ корбаст менамоянд. Ҳар як  нақшу нигор маънои хос дошта, номгузорӣ мешавад ва  аксари онҳо нишони эътиқоду боварӣ ба урфу одати мардум мебошанд. Чунин хусусиятҳо бештар дар санъати ороишии гулдӯзӣ ва чакан мушоҳида мешаванд.
Аз қадим фарҳангшиносону мардумшиносон зиёда аз 700  навъи нақши гулдӯзиро маълум намудаанд, ки намунаҳои  маъруфтаринашон: аноргул, бодом, барги бед, гулгулак, ислимӣ, каҷак,  лола, маҷнунбед, райҳон, себарга, тоҷи хурӯс, булбул, думи товус, парпар, пайи гунҷишк, ҳашттарк, моҳ, ситора, мори печон, гулбаст ва ғайра мебошанд.
Ҳунармандони мо то имрӯз сару либос, хилъат, камзӯлчаҳои  кӯдакона, васкатҳои занона, рӯймоли миён, тоқӣ, чойникпӯш ва монанди  инҳоро гулдӯзӣ менамоянд, ки аз ҳунари баланд доштани мардуми  мо гувоҳӣ медиҳад. Чунин гулдӯзиҳои зеборо дар хонадони ҳар як сокини ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг, Шамсиддини Шоҳину Темурмалик ва шаҳри Кӯлоб дучор шудан мумкин  аст.
 Дигар ҳунаре, ки дар байни мардуми минтақаҳои Кӯлоб машҳуру  маъруф мебошад, навъе аз кашидадӯзӣ – чакан мебошад. Насли калонсолу  миёнасол хеле хуб дар ёд доранд, ки дар минтақа ҳеҷ як арӯсро бе  куртаи чакан ва чодару дигар намуди кашидадӯзиҳо ба хонаи домод гусел  намекарданд.
Нақши чакан бо риштаҳои гуногун: сафед, сурх, сабз ва зард кашидадӯзӣ карда мешавад. Нақшҳои чакан мафҳумҳои гуногунро дар бар мегирад. Тасвири офтоб, моҳ, ситораҳо, оташ, ҷонварон ва рустаниҳо мебошанд, ки  ҳар яки онҳо маънои ба худ хос доранд.
Хушбахтона, то имрӯз чакану чакандӯзӣ на танҳо аз байн нарафт, балки боз ҳам рушд ва ба худ мазмунҳои тозаро касб намуд.
Заргарӣ низ яке аз ҳунарҳои қадимаи аҷдодиамон ба шумор  мераванд, ки то имрӯз маснуоти онро занону духтарони тоҷик ба таври васеъ истифода менамоянд. Талаботи мардум ба ашёи заргарӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки дар ноҳияҳои минтақа ин ҳунари қадима боз ҳам рушд намояд. Заргарони мо аз нуқра ангуштарин, даспона, қулфи  гиребон, гӯшвораҳои чапарак, қафасӣ ва монанди инҳоро сохта пешкаши ҳаводорони худ менамоянд.
А. РАҲИМОВ, 
омӯзгори  коллеҷи  омӯзгории  ДДК  ба  номи  Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2018    №: 83    Мутолиа карданд: 303

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед