logo

иқтисод

МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. САРВАТЕ, КИ ОМИЛИ РУШД АСТ

Ҳамасола дар ҷаҳон 26 апрелро ҳамчун Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ва дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ихтироъкорону навоварон ҷашн мегиранд. Имсол аз таъсисёбии низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар мамлакати мо 25 сол пур мешавад.
Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи обектҳои моликияти саноатӣ, барои ҳамгироии неруи миллии зеҳнӣ ба рушди эҷодиёт, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.
Рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз сатҳи пешрафти илму техника, ҷорӣ намудани  технологияҳои муосири пешрафта вобастагӣ дорад. Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ сол аз сол сафи ихтироъкорону навоварон зиёд гардида истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар корхонаву муассисаҳо, марказҳои илмию эҷодӣ ва муассисаҳои  таҳсилотии кишвар фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ ривоҷу равнақ  меёбад. Ихтироъкор, пеш аз ҳама, шахсест, ки бо маҳсули тахайюли эҷодии худ чизи наверо барои нафъи ҷомеа меофарад. Ин офариниш моликияти шахсии ӯ ба ҳисоб меравад.
- Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020” ва «Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон барои давраи то соли 2020» қабул гардидаанд, ки барои рушди моликияти зеҳнӣ, ҳамоҳангсозӣ, банақшагирӣ, муайян намудани самтҳои рушди минбаъдаи соҳа, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳа тавассути ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ, тиҷоратикунонии объектҳои моликияти зеҳнӣ ва  мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи моликияти зеҳнӣ ба санадҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд, - гуфт Боймурод Убайдуллоев, муовини директори “Маркази миллии патенту иттилоот”.
Ҳоло дар муассиса 55 нафар ҷавони ихтироъкор ба қайд гирифта шудааст. Муассиса дар ду сол як маротиба дар доираи ҷашнгирии Рӯзи ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» ва дар доираи фаъолияти худ озмунҳои ҷумҳуриявии  «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон», “Бренди сол” ва “Форуми ихтироъкорони Тоҷикистон” - ро мегузаронад. Соли гузашта дар шаҳри Душанбе  бахшида ба Соли ҷавонон Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон - муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» баргузор гардид.  Ҳамчунин, кормандони марказ бо мақсади  ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ ва тарғибу ташвиқи соҳа дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  доир ба  ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ  машваратҳо баргузор намуданд.
Бино ба гуфти муовини директор маҳз самари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арҷгузорию эҳтиром ба модарон, баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, қадрдонию таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевосита  аст, ки бонувони кишвар тайи солҳои охир дар ихтироъкорию навоварӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Соли шашум аст, ки бонувони тоҷик бо ихтироъҳои беназир дар Намоишгоҳи байналмилалии занони ихтироъкор ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки  дар пойтахти Ҷумҳурии Корея - шаҳри Сеул баргузор мегардад, ҷойҳои аввалро соҳиб мешаванд.
Бо мақсади  дарёфти афроди лаёқатманд ва боистеъдод дар самти навоварию ихтироъкорӣ, алалхусус  дар байни наврасону ҷавонон, дастгирии онҳо ва тарғибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ бо ибтикори марказ низоми нави пешниҳоди лоиҳа ва навовариҳои характери ихтироъкорӣ ва инноватсионидошта  (тариқи электронӣ)  дар сомонаҳои  интернетии www.tajpatent.tj ва www.innovation.tj  пурра ба таври ройгон роҳандозӣ гардид. Мақсад аз ин боз ҳам осон ва камхарҷ намудани пешниҳоди  лоиҳа ва навовариҳои инноватсионӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ  мебошад. Лоиҳаҳои инноватсионии беҳтарин дар дохил ва берун аз кишвар ба ҷомеа муаррифӣ  ва қадр карда мешаванд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2018    №: 83    Мутолиа карданд: 332

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед