logo

фарҳанг

"ГУЛИ СУРХ". САЙРИ АДАБИВУ АСОТИРӢ

Ҷашни «Сайри гули сурх» тибқи иттилои устод Садриддин Айнӣ баъди Ҷашни Наврӯз яке аз бузургтарин идҳои мардумӣ будааст. Тоҷикон ба муносибати фарорасии баҳор ва шукуфоии зеботарину хушбӯйтарини гулҳо иди «Гули сурх» - ро аз қадимулайём ҷашн мегирифтанд. Яке аз онҳо дар Бухоро, сари мазори Баҳоваддини Нақшбанд, ки дар самти шарқии шаҳри Бухоро воқеъ аст, дар нимаи дуюми моҳи апрел ва аввалҳои моҳи май баргузор мегардид.
Ҷашни «Сайри гули сурх», асосан, ҷанбаи маърифативу фарҳангӣ дошт. Шоирону нависандагон, мутрибону мусиқидонон, олимону равшанфикрон ва устодони мадрасаҳо бо ҳам омада баҳорияҳо мехонданд. Дар ҷашн ва ба муносибати фарорасии Наврӯз мардуми Бухоро ва гирду навоҳии он дар давоми як моҳ шодмонӣ мекарданд. Мардҳо алоҳида дар рӯзҳои ҷумъа ба мазори ҳазрати Баҳоваддин рафта ҷашн баргузор менамуданд. Занҳо бошанд, идгоҳҳои худро доштанд, ки дар мавзеи чашмаи Аюб ҷойгир буд.
Устод С. Айнӣ ҳангоме ки дар мадраса таҳсил мекард, ғазалеро бо унвони «Гули сурх» эҷод намуд, ки он хусусияти ҳасбиҳолӣ ва ҷанбаи бадеӣ дошта, бори аввал бо тахаллуси Айнӣ эҷод шудааст. Дар ин ғазал шоир аз надоштани маҳраму ҳамдам ва аз муфлисиву бепулӣ ба ҷашни «Гули сурх» ширкат карда натавонистанаш шиква мекунад:
Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам.
Чун тарозу кай шудӣ саргаштагӣ бо ман насиб,
Айнӣ, ар фикре на аз бешу каме медоштам.
Ҷашни «Гули сурх», дар Нурато ва шаҳрҳои Тошканду Панҷакент, Исфара ва Конибодом низ таҷлил мегашт. Бо гузашти айём ва дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҳоло он дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон боқӣ мондаасту халос.
Роҷеъ ба ҷашни «Гули сурх» - и Мазори Шариф яке аз сайёҳони Русияи подшоҳӣ И. Каррухи бори нахуст маълумот додааст. Ӯ дар рӯзномаи генерал - губернатории Осиёи Миёна «Туркестанские ведомости» аз 28 апрели соли 1913 мақолае ба табъ расонда, хотирнишон сохтааст, ки ҷашни «Гули сурх» дар масҷиде баргузор мегардад, ки онро ба ёдбуди ҳазрати Алӣ эъмор намудаанд.
Тибқи иттилои И.Каррухи, солҳои аввали асри XX ба ҷашни «Гули сурх» - и Мазори Шариф зоирин аз охирҳои моҳи ҳут барои зиёрат аз Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо меомаданд. Созмондиҳандагони «Гули сурх» як моҳи расо қабл аз фарорасии Наврӯз омодагӣ медиданд. Алъон чун мисли даврони пешин ба истиқболи Наврӯз ва «Гули сурх» мардум ва шаҳрдорон тамоми шаҳрро озин мебанданд. Шабонгоҳон ҳазорон чароғҳои рангаро афрӯхта, ҳусну латофати шаҳрро садчанд меафзоянд. Рӯзи аввали моҳи ҳамал маросими ҷашни «Гули сурх» ифтитоҳ мегардад.
Тибқи ривояте, ки онро Муҳаммади Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» овардааст, сокинони Бухоро аз аҳди бостон то асрҳои IX ҳангоми баргузории Наврӯз дар назди оромгоҳи Сиёвуш хурӯс кушта, ниёиш карда, сӯгномаҳо мехонданд. Ҷашни «Гули сурх», ба андешаи муҳаққиқони мардумшинос, ёде аз пос доштани хотираи Сиёвуш мебошад, ки ӯро Афросиёб ноҷавонмардона ба шаҳодат расондааст. Дар фасли баҳор ҳангоми шукуфтани гулҳои гуногун, махсусан гулҳои сурх, аз рӯйи фаҳмиши мардумони ориёӣ сайругашт намудан, лола чидан ва баъзе маросим ва шодмониҳо созмон додан ба эҳёи табиат алоқаманд аст.
Рӯзии АҲМАД, фолклоршинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2018    №: 83    Мутолиа карданд: 204

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед