logo

иқтисод

ЗАХИРАҲОИ ОБӢ. КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ МУҲИМ

Ба ифтихори  оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028»  дар   Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки олимону мутахассисон  дар мавзӯи «Идоракунии самараноки захираҳои об – кафолати рушди устувори кишоварзӣ» конфронси  илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Амонулло Салимзода, ректори донишгоҳ, изҳор дошт, ки эълон гардидани даҳсолаи номбурда бо ташаббуси башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айёми шиддатёбии мушкилоти вобаста ба об барои кулли сокинони сайёра аз ҳар ҷиҳат манфиатбахш аст. 
-Тибқи  маълумоти омории байналмилалӣ, давоми  60 соли охир танҳо дар Тоҷикистон ҳарорати миёнаи ҳаво як дараҷа баланд ва дар натиҷа   зиёда аз 1000 пирях об шудааст. Танҳо пиряхи аз ҳама бузурги қитъавии Федченко дар ин муддат ба андозаи як километр хурд шуда, масоҳати он то 11 километри мураббаъ кам гардид, – иброз дошт ӯ.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар саргаҳи оби тоза қарор дошта бошад ҳам, аз таъсири ногувори тағйирёбии иқлим ҳамасола хисороти зиёд мебинад. Миқдори нисбатан зиёди боришот дар  минтақаи кӯҳсори ҷумҳурӣ ва гармшавии ҳаво  боиси афзудани  офатҳои табииву техногении гуногуни марбут ба об мешаванд.  Намудҳои асосии офатҳои табиии дар натиҷаи таъсири об рухдиҳанда - обхезӣ, эрозияи соҳил ва заминҳои назди дарёҳо,  баландшавии сатҳи оби дарё, ярч ва сел,  офатҳои техногенӣ  шӯршавии заминҳо, эрозияи заминҳои обӣ,  ботлоқшавӣ ва биёбоншавӣ  мебошанд. Ҳамасола дар кишвар бар асари боришоти бошиддат аз 40 то 200 селу обхезӣ рух дода, дар натиҷа хоҷагии халқи кишвар даҳҳо миллион сомонӣ зарар мебинад.
Дар доираи амалисозии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028»  аз ҷониби мутахассисон   барномаҳои фарохдомани ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ роҳандозӣ мешаванд ва истифодабарии босамари захираҳои обӣ дар соҳаи кишоварзӣ  мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор мегирад.  Ширкатдорони конфронс барои роҳандозии босамари Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дар кишвар ва минтақа пешниҳодҳои илман асоснок ироа намуданд.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2018    №: 83    Мутолиа карданд: 274

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед