logo

фарҳанг

ҲУЛБУК. НАМУНАИ БЕҲТАРИНИ САНЪАТИ НИЁГОН

Ҳулбук нишонаи  бузурги таърихи миллатамон аз аҳди Сомониён мебошад ва миёни мавзеъҳои таърихии кишварамон мақоми хосса дорад. Қалъа бо осорхонааш имрӯзҳо ба макони сайёҳӣ дар ҷануби кишвар табдил ёфтааст.
Сафари мо ба ин мавзеъ бо мақсади шиносоии бештар ба таъриху фарҳанги кишвар сурат гирифт.  Роҳбаладамон Абдулло Хоҷаев аз соли 1978 дар ин даргоҳ фаъолият дорад. Ӯ иброз медорад, ки осорхонаи «Ҳулбук» 10 сентябри соли 2006 дар ҳузури меҳмонони воломақоми ҷумҳурӣ, ки ба хотири бузургдошти 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб ташриф оварда буданд, дарҳои худро боз намуд. Сипас, солҳои 2012 ва 2013 таҷдид гардид. Имрӯзҳо ёдгориҳои таърихии  Ҳулбукро дар Эрмитажи давлатии Санкт – Петербург ва дигар осорхонаҳои минтақаю ҷумҳурӣ дидан мумкин аст. Қатъи назар аз ҳафриётҳои гузарондашуда то ҳоло дар он осори гаронбаҳо боқӣ мондааст.
Айни замон, ба туфайли бозёфтҳои таърихӣ аз шаҳристони Ҳулбук метавон хулоса намуд, ки ҳунармандӣ дар асрҳои миёна хеле равнақ ёфта будааст. Дар шаҳристон ба миқдори хеле зиёд зарфҳои биринҷиву шишагӣ ва сафолӣ ёфт шудаанд. Донаҳои шоҳмоти аз устухони фил сохташуда хеле ғайриодианд. Ҳамчунин, маҳсулоти аз санг офаридашуда  бозёфтҳои нодир ба шумор мераванд. Қасри поёнӣ дар давоми асрҳои IX - X ва болоӣ тӯли асрҳои XI - XII  вуҷуд доштааст.
Қалъаи Ҳулбук дар 7 километрии шимолию шарқии ноҳияи Восеъ ҷойгир аст. Қисмати маркази шаҳристон 70 гектарро ташкил менамояд.  Аз ин рӯ, маркази ноҳияи Восеъро Ҳулбук ном гузоштани Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷиҳати мантиқӣ ва таърихӣ хеле дуруст мебошад.
Дар Ҳулбук корҳои ҳафриётӣ аз солҳои 1953 -1954 гузаронда мешаванд. Бостоншиносони маъруф Е. А. Давидович ва Б. А. Литвинский аз соли 1957 то соли 1994 ва  Ю. Яъқубов дар солҳои 2003 - 2006 дар ин ҷо кор кардаанд. 
Ҳунармандони истаравшанӣ даромадгоҳи осорхонаро аз гаҷкориҳои ёфтшудаи қалъа нусхабардорӣ намуда, оро додаанд. Гаҷкории дар қалъаи Ҳулбук истифодашуда, ки то имрӯз сифати худро гум накардааст,  яке аз намунаҳои барҷастатарини ин ҳунари мардумӣ ба шумор рафта, давраҳои инкишофи ин санъатро пешорӯйи мо бармало нишон медиҳад. Месазад, ки онро ҳамаҷониба тарғиб намуда, ба сифати намунаи олии ҳунари гузаштагонамон ҳифз намоем.
Зафар АКРАМОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2018    №: 83    Мутолиа карданд: 369

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед