logo

Хабарҳо

Талоши "Истиқлол" самар овард

Чемпиони феълии Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» - и Душанбе дар доираи даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО – 2018 дар сафар бо тими «Олой» - и Қирғизистон зӯр озмуд.

Сармураббии дастаи «Истиқлол» Муҳсин Муҳаммадиев дар мусоҳибаи қабл аз бозӣ иброз намуд, ки «Истиқлол» ба ин дидор танҳо барои пирӯзӣ ва устувор намудани мавқеи пешсафиаш омадааст.
Рафти бозӣ ин гуфтаҳои сармураббиро собит намуд. Ба дастаи «Истиқлол» муяссар гардид, ки, аллакай, дар дақиқаи 7 – ум аз тариқи зарбаи 11 – метра дарвозаи ҳарифро рахна намояд.
Голи зудҳангоми задаи Фатҳулло Фатҳуллоев ҳамдастаҳояшро то ҳадде хотирҷамъ намуд ва аз он соҳибони майдон истифода бурда, дар яке аз ҳамлаҳои ҷавобӣ ба задани гол мушарраф гардиданд. Дар дақиқаҳои охири нимаи аввал Ромиш Ҷалилов бори дувум тӯбро вориди дарвозаи «Олой» кард.
Дар нимаи дувум футболбозони «Истиқлол» имкониятҳои зиёди  голзаниро аз даст доданд. Дар натиҷа, ҳарифон ба дарвозаи ҳамдигар якголӣ заданд ва «Истиқлол» бо ҳисоби 3:2 дастболо гардида, бо 10 имтиёз мавқеи аввалро дар ҷадвал устувор намуд.
Дар дидори дигари гурӯҳи «Д» «Алтин Асир» (Туркманистон) бар «Аҳал» (Туркманистон) бо натиҷаи 1:0 пирӯз шуд.
Алҳол «Алтин Асир» бо 8 ва «Аҳал» бо 4 имтиёз дар ҷойи дуюму сеюм қарор доранд.
Дар даври навбатӣ «Истиқлол» дар Ашқобод бо «Аҳал» зӯр меозмояд.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 293

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед