logo

Хабарҳо

ЛАХШ. Боз 20 бону бо кори доимӣ таъмин гашт

Дар ноҳияи Лахш барои бо кори доимӣ таъмин намудани занҳои хонашин аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегарданд.

Ба наздикӣ корхонаи дӯзандагии «Сумайя», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Лахш, соҳиби таҷҳизоти нави замонавӣ гардид. Иқтидори истеҳсолии корхона афзуд ва аз ин ҳисоб 20 нафар зани хонашин бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд.
Корхонаи дӯзандагӣ соли гузашта дар доираи барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони деҳот ба фаъолият шурӯъ намуд. Аввал дар он  18 нафар занон кор мекарданд. Ҳоло бошад, қариб 40 нафар бонуи хонашин дар ин ҷо бо кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд.
Соли гузашта аҳли заҳмати корхона барои соҳибкорон 200, кормандони беморхона 366, хоҷагии манзилию коммуналӣ 20 ва хонандагони  муассисаҳои таълимии ноҳия 5120 адад либосҳои ягонаи корию мактабӣ дӯхтанд. Имсол бошад, тибқи шартнома бо шуъбаҳои маориф бояд барои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Лахш 2480 ва ноҳияи Тоҷикобод 2000 либоси мактабӣ дӯзанд.
Бонувони корхона зимни суҳбат барои дастгирӣ ва ғамхории ҳамешагӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ намуданд. 
Дилшод АМИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 312

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед