logo

иҷтимоиёт

Рӯзгоре барои ибрат

Ҳар гоҳ сухан аз хусуси чеҳраҳои дурахшони илм биравад, симои Акбар Махсумов пеши назар меояд.
Ӯ 2 майи соли 1928 дар оилаи арбоби намоёни сиёсию давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ба дунё  омадааст. Фаъолияти кории худро соли 1948 ба ҳайси агроном оид ба зироаткорӣ ва растанипарварии шуъбаи минтақавии хоҷагии қишлоқи ноҳияи Кофарниҳон (ҳозира шаҳри Ваҳдат), оғоз намуда, саҳмаш дар давоми солҳои 50 - 80 - уми асри ХХ ҳамчун олими варзида дар бунёду ободонӣ ва азхудкунии заминҳои ду атрофи  шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат ва Боғи ботаникии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ (ҳоло Боғи ботаникии Тоҷикистон) ҳамчун сарагроному мутахассиси соҳа басо калон мебошад.
Соли 1965  вазири хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ таъйин мегардад. Соҳаҳои пахтакорӣ, чорводорӣ, боғпарварӣ, ангурпарварӣ, сабзавоту картошкапарварӣ, мурғпарварӣ, лимӯпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ бо роҳбарии  ӯ рушди тоза пайдо мекунанд. Дастовардҳои пешқадами илмӣ-техникии ҷаҳонӣ беш аз пеш дар истеҳсолот ҷорӣ гардида, тадқиқотҳои илмӣ ба талаботи истеҳсолот хеле  наздик карда мешавад.
Дар асари бунёдии ин муҳаққиқ таҳти унвони «Масъалаҳои асосии зироаткории лалмӣ дар Тоҷикистон» Консепсияи рушди зироаткории лалмӣ вобаста ба шароитҳои табиии маҳал пешниҳод мегардад. Татбиқи он дар истеҳсолоти кишоварзӣ ба рушди чунин соҳаҳои сердаромад, аз қабили сабзавоткорӣ, ангурпарварӣ, боғдорӣ дар шароити заминҳои лалмӣ такони тоза бахшид. Назарияи ба ҳам марбути соҳаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ, ки дар асарҳои илмияш хеле дақиқ таҳлил карда шудааст, баъди ба амал ҷорӣ шудан ба иқтисодиёти кишварамон  фоидаи калони иқтисодӣ овард. Бори аввал дар таърихи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон соли 1980 ҳосили як миллион тонна пахта ба даст оварда шуд, ки саҳми академик  Акбар Махсумов дар он ҳамчун муҳаққиқу ташкилотчии моҳир ва роҳбари соҳибтаҷрибаву кордон басо бузург мебошад. Ин асари дуҷилдаи  бунёдӣ, ки ҳамзамон перомуни ба истеҳсолот ҷалб намудани заминҳои лалмии минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии Тоҷикистон, ба боғу роғ табдил додани онҳо аст, сазовори Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид.
Ӯ солҳои 1971 - 1975 вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои ҷумҳуриро ба зимма  дошт. Соли 1962 узви вобаста, соли  1968 узви пайвастаи (академики) Академияи илмҳои Тоҷикистон, соли 1967 узви вобастаи Академияи умумииттифоқии илмҳои кишоварзии Русия, соли 1994 академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Соли 1964 бо унвони  Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон сарфароз гардид. Солҳои 1967, 1971, 1975, 1980, 1985, яъне панҷ маротиба вакили Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб шудааст.
Саҳми академик А. Махсумов дар интишори асари бунёдии даҳҷилдаи «Флораи Тоҷикистон» бениҳоят калон буда, ба қалами ӯ зиёда аз 200 кори илмӣ, таҳрири 20 китоби илмӣ - оммавӣ, дастурҳои соҳавӣ ва тавсиявӣ мутааллиқанд. Солҳои зиёд аъзои Шӯрои махсусгардондашудаи  дифои рисолаҳои илмии назди шуъбаи илмҳои биологии Академияи илмҳо ва Шӯрои дифои рисолаҳои илмии назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро ба уҳда  дошт.
Хидматҳои  арзанда ва бисёрсолаи ӯ бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», «Инқилоби Октябр»,  2 ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» қадр  карда шудааст.
Абдусаттор САИДОВ,
ноиби президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ,
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2018    №: 85    Мутолиа карданд: 320

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед