logo

иқтисод

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА БУНЁДИ БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ

Боғу токпарварони ноҳия кӯшиш доранд, ки дар таъмини бозори истеъмолии кишвар бо меваю ангур, ғанӣ гардондани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо ашёи хом, афзун гардондани имконоти содиротӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани сокинони деҳот саҳми бештар гиранд.
Тавре Орзу Неъматов, сарагрономи идораи кишварзии ноҳия, иброз дошт, афзалияти боғҳои интенсивӣ дар он аст, ки дар соли якуми сабзиш қисман ва дар солҳои сеюму чорум пурра ба ҳосил медароянд. Ҳосилнокии онҳо нисбат ба боғҳои муқаррарӣ 3 - 4 маротиба зиёд буда, аз як гектар 50 – 60 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Меваи дарахтони боғҳои интенсивӣ хуштамъу хушранг буда, дар бозор рақобатпазир ва барои содирот мувофиқанд. Боғпарварони ноҳия ба нигоҳубини дарахтон таваҷҷуҳи махсус дода, то имрӯз бехи дарахтони 3703 гектарро бо техника ва 2190 гектарро дастӣ нарм карданд. Ҳамзамон, барои аз ҳашароти зараровар эмин доштани ниҳолҳо дар 267 гектар коркарди кимиёӣ гузаронда шуд.
Хушк омадани зимистони имсола, мутахассисони соҳаро водор сохт, ки усули яхобмониро дар 5 ҳазору 100 гектар ба роҳ монда, заминро аз ҳар гуна ҳашароти зараровар эмин нигоҳ доранд.
Рушди боғу токпарварӣ дар ноҳия дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 ҷараён мегирад. Тибқи ин барнома, дар панҷ сол бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2018    №: 85    Мутолиа карданд: 335

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед