logo

иқтисод

БОНКИ МИЛЛӢ: ТАҒЙИРЁБИИ ҚУРБИ ПУЛИ МИЛЛӢ ХУСУСИЯТИ МАВСИМӢ ДОРАД

Раванди имрӯзаи тағйирот дар бозори дохилии асъор кӯтоҳмуддат  арзёбӣ гардида, аз вазъи геосиёсии ҷаҳон вобаста  мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби харидуфурӯши доллари ИМА ва рубли русии нақдро барои ташкилотҳои қарзӣ муайян намекунад. Қурби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайяншаванда, қурби расмии ин асъорҳои хориҷӣ буда, онҳо танҳо бо мақсади ҳисоббаробариҳо бо буҷет, пардохтҳои гумрукӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ истифода шуда, бо ин қурб харидуфурӯш анҷом дода намешавад.

Қурби харидуфурӯш ва табдили асъори хориҷии нақд аз ҷониби худи ташкилотҳои қарзӣ дар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилӣ, бо назардошти хароҷоти нақдикунонӣ ва амалиётии ташкилотҳои қарзӣ муқаррар карда мешавад ва аз қурби расмии ин асъорҳои хориҷӣ фарқ мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи “Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат”, дар соли ҷорӣ бо назардошти гузариш ба реҷаи “ҳадафгирии таваррум” дар амалӣ гардондани сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфтаро, амалӣ карда истодааст. Тибқи ин реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар мегардад. Талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ бештар хусусияти мавсимӣ дошта, ҳамеша дар оғози сол талабот ба хариди он зиёд ва пешниҳоди он барои фурӯш кам мешавад. Коҳишёбии қурби пули миллӣ ва баландшавии қурби асъори хориҷӣ, бахусус қурби доллари нақд, асосан зери таъсири ҳамин омилҳо сурат мегирад. Дар моҳҳoи январ - апрели соли 2018 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар устувор боқӣ монда, ҳамагӣ 0,8 фоиз коҳиш ёфтааст (дар ҳамин давраи соли 2017 коҳишёбӣ ба 7,6 фоиз баробар буд).
Айни замон қурби фурӯши доллари нақд дар бозори ғайрирасмӣ 3,1 фоиз, асосан дар нимаи дуюми моҳи апрел баланд шудааст (дар ҳамин давраи соли 2017 баландшавӣ ба 12,0 фоиз баробар буд).
Бисту шашуми  апрели соли ҷорӣ фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби нақдии бозори ғайрирасмӣ ба 3,2 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2017 ба 4,6 фоиз) баробар шудааст. Баландшавии қурби доллари нақд ва аз 2 фоиз зиёд шудани фарқияти байни он ва қурби расмии доллари ИМА ва номуътадил гаштани вазъи бозори дохилии асъор дар нимаи дуюми моҳи апрели соли 2018, бинобар сабаби яку якбора паст рафтани қурби рубли русӣ нисбат ба доллар дар ин рӯзҳо (то 11,2 фоиз) ва таъсири омилҳои мавсимӣ ба амал омад.
Аз эътидол берун паст рафтани қурби рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА ба бадтар шудани вазъи геосиёсии ҷаҳон ба афзудани зиддиятҳои Федератсияи Русия бо мамлакатҳои Ғарб ва ҷорӣ гаштани таҳримҳои нав  алоқаманд аст.       
Мубодилаи рубли русӣ ба доллар яке аз манбаъҳои асосии дарёфт кардани асъори хориҷии озод мубодилашаванда маҳсуб гашта, устувор будани қурби он ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медод, ки муназзам долларро бо қурби қобили қабул аз бозорҳои Федератсияи Русия харида, талаботи мизоҷонро ба он қонеъ намоянд.
Мавҷудияти ҳамин механизм яке аз омилҳои асосии муътадил будани вазъи бозори дохилии асъор ва суботи қурби пули миллӣ дар нимаи дуюми соли 2017 ва семоҳаи якуми соли 2018 ба ҳисоб меравад. Тағйирёбии  якбораи қурби рубли русӣ дар чанд рӯзи охир фаъолияти низоми мазкурро халалдор намуда, боиси ба маротиб зиёд гаштани талабот ба доллари ғайринақдӣ аз ҷониби мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ - субъектҳои хоҷагидорӣ (аз 16,6 млн. то ба 21,1 млн. доллари ИМА) ва чун натиҷа, ба доллари нақд аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва аҳолӣ гашт. Ҳолати мазкур ва инчунин, таъсири омили равонӣ дар навбати худ ба фаъол гаштани бозори ғайрирасмии асъор, баланд шудани қурби фурӯши доллари нақд дар он ва аз 2 фоиз зиёд шудани фарқияти байни қурбҳо сабаб гашт.
Тағйирёбии қурби пули миллӣ дар рӯзҳои охир хусусияти баръалои мавсимӣ дошта, ба вазъияти дар моҳи апрели соли 2017 ҷойдошта шабоҳати зиёде дорад.  Фарқият танҳо дар он аст, ки дар соли 2017 коҳишёбии қурби пули миллӣ ва фарқияти аз 2 фоиз зиёди байни онҳо аз аввали сол оғоз гашта, аз коҳишёбии имсолаи моҳи апрел ба маротиб зиёдтар буд.
Дар соли 2018 Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти устувории вазъи бозори дохилӣ ва мутавозун будани талаботу пешниҳод ба асъори хориҷӣ, бо истифода аз механизми муттамаркази харидуфурӯши рубли русӣ, фаъолияти онро ба танзим медарорад.  
То 26 апрели соли 2018 Бонки миллии Тоҷикистон аз бозори дохилӣ (байнибонкӣ) 21,7 млрд. рубли русӣ харидорӣ ва дар он 19,9 млрд. рубли русиро фурӯхта, дар бозори беруна амалиётҳои вогардонии (конверсияи) асъори хориҷиро анҷом дода истодааст. Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда, ҳамарӯза амалиёти барориши (фурӯши) коғазҳои қиматноки худро (аз аввали сол ба маблағи 5,3 млрд. сомонӣ) анҷом дода истодааст.
Бо назардошти мусбат будани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ба тағйирёбии қурби пули миллӣ таъсиррасонанда, раванди имрӯзаи ноустувории қурби пули миллӣ кӯтоҳмуҳлат арзёбӣ гардида, бо барқарор шудани фаъолияти муназзами механизми мубодилаи рубли русӣ ва оғози дахолатҳои асъории бевосита бо назардошти имкониятҳои мавҷудбудаи Бонки миллии Тоҷикистон (фурӯши доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ), бартараф хоҳад шуд.
Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2018    №: 85    Мутолиа карданд: 360

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед