logo

иҷтимоиёт

ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Гурӯҳи корӣ дар ҳайати  Маҳмадалӣ Ватанзода - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идизода Файзалӣ – директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаҳмондани нуктаҳои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти прокуратура, ки ба муносибати иди касбии кормандони ин ниҳод баргузор гардид, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо фаъолони минтақа, кормандони мақомоти қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯрӣ доир намуданд.
Нахуст Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт, вохӯрии мазкурро ҳусни оғоз бахшида, мақсади ташрифи гурӯҳи кориро шарҳ дод.  
Маҳмадалӣ Ватанзода дар баромадаш оид ба муҳтавои суханронӣ, нақшаи чорабиниҳо дар асоси суханронии Пешвои миллат ва вазифаи кормандони мақомоти прокуратура дар шароити имрӯза ибрози назар кард. Мавсуф аз суханронии Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ин нуктаро ёдовар шуд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамчун салоҳияти истисноии прокуратура муқаррар кардааст.  Ягон мақом ё шахси мансабдори дигар чунин салоҳиятҳои васеъ надорад. Аз ин рӯ, таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад”.
Раҳмон Юсуф оид ба масъалаҳои муҳими дар суханронии Пешвои миллат баёнгардида андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат фаъолияти мақомоти прокуратураро дар маҷмӯъ мусбат арзёбӣ кард. Аммо дар баробари комёбиҳо ҳанӯз дар кори кормандони мақомоти мазкур  камбудиҳо вуҷуд доранд. Ин камбудиҳои танҳо кормандони мақомоти прокуратура набуда, балки дар коргузории вазорату кумитаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ба назар мерасанд ва фақат дар ҳамкорӣ онҳоро бартараф кардан имконпазир аст. Дар минтақаи Рашт  соли равон беш аз 200 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72 адад зиёд аст. Давоми даҳ соли охир дар кишвар нисбат ба 6000 қарор эътирози прокурорӣ баён гардидааст, ки аз онҳо 4600 қарор оид ба замин аст. Кормандони прокуратура ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ бояд дар ин самт корро беҳтар ба роҳ монда, оид ба пешгирӣ кардани ғасби  худсаронаи қитъаҳои замин, ҳифзи заминҳои корам, сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ, чораҳои мушаххас андешанд.
Вохӯрӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ гузашта, барои ширкатдорон итминон ҳосил овард, ки беҳтар намудани коргузорӣ дар минтақа барои пешгирии ҷинояткориҳо, рушду шукуфоии маҳал ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони он мусоидат мекунад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2018    №: 85    Мутолиа карданд: 626
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед