logo

номаҳо

СУГАТ. АГАР МАСЪУЛОН ДАСТГИРӢ МЕКАРДАНД…

Пули дарёчаи Арчакапаи Ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш, ки дар самти роҳи деҳаи Сугат ба маркази ноҳия қарор дорад, қариб ҳар сол бо сабаби баланд шудани сатҳи об валангор гардида, рафтуомади мо - сокинонро ба марказ ва деҳоти дигари ноҳия қатъ месозад.
Дар маҷмӯъ қариб 9 километр роҳ то мавзеи номбурда хароб буда, дар он ҳаракати мошинҳо ниҳоят мушкил аст. Ҳарчанд бо заҳмати мардум ва дастгирии роҳбарияти ноҳия пули муваққатӣ сохта мешавад, аммо аз сабаби ноустуворӣ он боз вайрон мегардад. Соли гузашта низ дар натиҷаи фуромадани сел беш аз 200 метр роҳи мошингузари байни кӯпруки Арчакапа ва шоҳроҳи Душанбе – сарҳади Қирғизистон пурра хароб гардид.
Наздики як сол боз молҳои ниёзамонро бо ранҷу машаққати зиёд ба ҷойи даркорӣ мерасонем. Рӯзҳои боронӣ дар ин роҳи вайрона ҳаракат кардан имкон надорад. Сари вақт ба шифохона расондани беморон низ аз ин макон имконнопазир аст. Қариб 130 хонавода аз надоштани роҳи дуруст барои рафтуомад ва кашондани молу маҳсулот дар мавзеи номбурда мушкилӣ мекашанд.
Дар баробари ин, набудани роҳи обод борҳо мӯҷиби дар анборҳо пӯсида рафтани меваю сабзавот гашта, меҳнати шабонарӯзии мо - бошандагони ин деҳаро ба боди фано додааст. Бинобар ин, чанд сол аст, ки ҳазорҳо гектар замини ҳосилхези минтақаи Сугати ноҳия - яке аз беҳтарин ҷойҳои зироаткорию чорводорӣ бекор хобидаанд. Дар минтақаи номбурда зиёда аз 2 ҳазор гектар замини кишоварзӣ мавҷуд аст. Вале айни замон ҳамагӣ дар 140 гектари он зироат кишт мешавад.
Мавзеи Сугат барои рушди соҳаи кишоварзӣ, хусусан картошкапарварӣ, обу хоки муосид ва заминҳои васеъ дошта, дар ҳолати сохта шудани роҳи мошингузар ва беҳбудӣ ёфтани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин ҷо баробари аз байн рафтани мушкилиҳо майдонҳои киштбоб мавриди истифодаи деҳқонон қарор мегиранд. Тадриҷан боғоту киштзорҳои нав ташкил ёфта, ба афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот ва зироати дигар такон мебахшанд. Ҳамчунин, ин мавзеъ беҳтарин макони чорводорист. Барзгарон дар минтақаи Сугат назар ба гӯшаҳои дигари ноҳия ҳосили аз ҳама баланди картошка мегиранд. Аксари заминҳои кишти бошандагони деҳаҳои Себзор, Озодагон ва Сугат дар мавзеи номбурда ҷойгиранд. Онҳо алъон ҳайронанд, ки ба кадом роҳ ба сари замини кишташон трактор баранд ва ё тухмию пору кашонанд. Мехоҳем, ки ин мушкили чандсолаи хешро тавассути рӯзномаи «Ҷумҳурият» - нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои масъулон расонем, то онҳо ақаллан бидонанд, ки моро чӣ дарде домангир аст. Агар роҳбарони масъул моро дастгирӣ мекарданд, мушкил то ба ин ҳад вазнин намегардид.
Тайи чанд соли охир роҳҳои марказии ин минтақаи дурдаст то ба сатҳи байналмилалӣ таъмиру таҷдид гардиданд. Бовар дорем, ки ин мушкили кӯчак низ дар ояндаи наздик ҳалли худро меёбад
Ориф ТОИРОВ,
сокини деҳаи Сугати ноҳия Лахш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2018    №: 85    Мутолиа карданд: 853

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед