logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАШАББУСКОРИ ФАЪОЛИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ КАЛИДИИ ҶАҲОН

Маъмулан, барои ҳар як давлат фароҳамоварии шароит, роҳбарӣ ва идоракунии минбаъдаи рушд ва заминаҳои рушди бардавоми кишвар дар мадди аввал меистад. Имрӯзҳо Ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон дар остонаи роҳандозии бисёр лоиҳаҳо ва барномаҳои рушди соҳаи иқтисод,  бахши иҷтимоӣ, лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва дигар тадбирҳои муҳим қарор доранд. Дар замоне ки на танҳо ҳодисаи алоҳида, балки равиши таърих ҳамчун объекти таъсир қарор гирифтааст, барқароркунии муносибатҳои миёни кишварҳо, бахусус  давлатҳои ҳамсоя, падидаи аввалиндараҷа матлуб буда, метавонад ба дараҷаи стратегӣ расида, дурнамои таърихиро соҳиб шавад.
Дар лаҳзаҳои ташвишовари ҷаҳон ва минтақа  пули самти ояндаравро танҳо субъектони қобилиятноку  қавиирода метавонанд  убур кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо тибқи принсипи сиёсати «дарҳои кушода»  самти дурусти муаррифии симои Тоҷикистон ҳамчун кишвари комёб ва дорои фарҳанги бойи ҳамзистии осоишта дар дохил ва хориҷро пеш гирифтааст, ки дарҳояш барои ҳамкориҳои самарабахш бозанд ва омодааст   аз таҳдидҳои минтақа ва ҷаҳон худро ҳифз карда, ҷонибдориашро дар бартараф кардани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар сатҳи  минтақа ва глобалӣ изҳор намояд. Боиси қаноатмандист, ки ходимони соҳаҳои гуногун ва ҷомеаи кишвар аз самтгирии сиёсии Пешвои худ бо ҳусни тафоҳум истиқбол мекунанд. Ин дастгириҳо хеле муҳиманд. Имрӯз дар масъалаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла бехатарии миллӣ, тақдир ва ояндаи кишвар, мардум канорагириву  бетарафӣ намекунанд, ки ин  камоли ношукрӣ мебуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми идоракунии давлат  тобиши дарки дурусти миссияи худро ҳамчун Роҳбари давлат дар эҳёи иқтидори Тоҷикистони маҳбуб, аз ҷумла дар сиёсат, иқтисод, маънавиёт, фарҳанг, бехатарӣ, некуаҳволӣ ва ғайра  дурахшон намудор месозанд. Аз нуқтаи назари сиёсати тарбиявӣ  муҳим аст, ки  дар солҳои охир Пешвои миллат дар ҳаёти дохилии кишвар ташаббускори якчанд лоиҳаҳои бунёдкоронаи беҳбудбахши ҷомеа мебошанд.  Бо таъкиди он ки қонунҳо кошонаи ҳусни ҷомеаанд,  қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бартараф кардани оворагардии мактаббачаҳо ва ба хониш фаро гирифтани онҳо, баланд бардоштани ҳисси масъулияти волидайн дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва камолоти матлуби  фарзанд, дарки аҳли ҷомеа аз муҳимияти худи қонун ҳамчун мураббӣ дар педагогикаи сиёсии давлат, ташаккули фарҳанги сиёсии доираи васеи қишрҳои гуногун, ки дарки солими равандҳои муҳими сиёсиро талаб мекунад ва инчунин, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ва адолати иҷтимоӣ саҳми назаррас дошт. Муваффақиятҳои тарбия аз қабули қарорҳои оқилонаи сиёсӣ вобастагӣ доранд ва ҳамзамон, мавҷудияти маърифати ибтидоии матлубро мехоҳад. Қонунҳои зикрёфта аз ҷиҳати хислати тарбиявӣ доштанашон нодир маҳсуб меёбанд. Инчунин, шахси  дорои маърифати сиёсӣ ва дарку шинохти тамоюлҳои калидии равандҳои ҷаҳонӣ ватанро дӯст надошта наметавонад. Таъкиди Пешвои миллат аст, ки: «Ҳар як қадами шаҳрвандон бояд исботи ватандӯстӣ бошад», чунки «ваҳдат ягона силоҳи асосӣ» ва пурқудрати мо мебошад. 
Корномаи сулҳофар ва даъватҳои доимии Пешвои миллат дар бораи таъмин ва гиромидошти сулҳу амонӣ дар давлат, минтақа ва ҷаҳон ҷанбаҳои миллӣ ва байналмилалӣ дорад, ки аз ҳар ҷониб  ва сатҳ баҳои баландро соҳиб гардида, маърифатбахш мебошад.
Яке аз хусусиятҳои хосси назаррас дар сиёсати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки новобаста аз шароити буҳронии низом ва равобити сатҳи глобалӣ барои таҳкими тавоноии маҷмӯии кишвар ва осоиштагии мардум ба ҳаҷму сифати  фаъолият ва равобит бо институту субъектҳо ва кишварҳои минтақаву ҷаҳон маҳдуд нашуда дар доираи «сиёсати бисёрсамта» барои васеътар кардани фаъолияти густурда чораҷӯӣ мекунанд. Иқдомоти  мазкур аз бовариву дастгирӣ ва истиқболи халқ далолат мекунад. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври боварибахш таъкид кардаанд: «Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои мо қарор доранд, зарурати дар минтақа муҳайё намудани фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон, интиқоли бемамониати молу сармоя ва захираҳои меҳнатиро тақозо менамояд». Имрӯзҳо ба туфайли заминагузорӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Президенти кишварамон обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ торафт боло рафта, муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодии он боз ҳам доираи васеътар касб карданист, ки минбаъд барои фаъол гардондани муносибатҳо бо кишварҳои Африқо ва Амрикои  Лотинӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки  гузашти вақт талошҳо ва самтгириҳои созандаи Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун намунаи пайкор ҳақ баровард.  Самараи ибратомӯзу бунёдбахши хизматҳои дохилӣ ва сатҳи ҷаҳонии он кас буд, ки аз забони шахсиятҳои маъруфи олам хизматҳояшон чунин эътироф шуданд: «Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонист, ки хизматҳояш дар тамоми олам эътироф гардидаанд». Аз ин рӯ, омӯзиши таъсири хусусиятҳои шахсияти Пешвои муаззами миллат ҳамчун ходими сиёсӣ дар ҷодаи роҳбарӣ, муаррифии Тоҷикистон,  таҷрибаи сулҳофарии бесобиқа, тарғиб ва ҷонибдорӣ аз  сулҳу субот дар тамоми олам, пешоҳанг будан дар пешниҳодҳои аҳамияти умумибашаридошта ва дастгирии баланди ниҳодӣ ёфтани онҳо, талошу бартараф кардани таҳдидҳои глобалӣ, ташаббусҳо ва инсондӯстӣ  асоснок ва муҳим буда, хислати тарбиявӣ доранд.     
Зарур медонам, ки сухане аз Анна Ахматова орам: «Оянда, пеш аз он ки ворид шавад, аввал сояи худро пеш меафканад». Паёме, ки аз оянда дарак медиҳад, ин дастгирии ташаббускориҳои башардӯстонаи Роҳбари муаззами Тоҷикистон алайҳи бартараф сохтани таҳдидҳои умумисайёравӣ ба мардумони олам ва тадриҷан мавқеи татбиқи ниҳодӣ пайдо кардани онҳо аз ҷониби СММ ва дигар институтҳои  байналмилалӣ мебошад. Ин аз маърифати волои  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори фаъоли ҳалли масъалаҳои калидии  ҷаҳон далолат мекунад.
Сарвар РАҶАБОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2018    №: 85    Мутолиа карданд: 249

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед