logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ. ЯК НИШАСТИ МУҲИМ ДАР ДОИРАИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Масъалаҳои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар заминаи истиқлолият ва худшиносии миллӣ” Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ ва эҷодӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ  олимон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳаққиқону мутахассисони соҳаҳои фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ, устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Идиев мавзӯи “Моҳият ва дурнамои рушди ҳаёти маънавии ҷомеа дар шароити муосир” - ро ба риштаи таҳлил кашида, тазаккур дод, ки ғояи асосӣ ва стратегии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити вусъати раванди бебозгашти ҷаҳонишавӣ барои даҳсолаҳои минбаъда дар заминаи андешаи хеле дақиқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст» роҳандозӣ гардида, он ба ташаккули олами маънавию фарҳангии тоҷикистониён дар асоси ҷаҳонбинии мувофиқ ба манфиатҳои миллиамон мусоидат намуд.
Ба гуфтаи Хайриддин Идиев, бо назардошти он ки фарҳанг, бахусус тамоили ҷаҳонишавии он аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами асри XXI мебошанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз падидаҳо ва зуҳуроти мусбату манфии он дар канор буда наметавонад. Дар ин радиф талабот нисбат ба сатҳу сифати таълим, фаъолияти иҷтимоӣ - фарҳангӣ, сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули насли наврасе, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навро ба уҳда хоҳад гирифт, ба маротиб меафзояд. Вобаста ба ин, дар ҳар як марҳилаи такомули давлатдории миллӣ мақсаду вазифаҳои фарҳанги миллӣ мушаххас гардида, тибқи он бояд стратегияи наву ҳадафманд ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳа тарҳрезӣ ва ба ин васила барои беҳдошти симои маънавӣ, ташаккули майлу рағбати зебописандӣ ва ҳунари эҷодгарии афроди ҷомеа фазои мусоид фароҳам ояд.
Сипас конфронс бо ширкати фаъоли мутахассисони соҳа, таҳлилгарон ва устодону донишҷӯён дар ҳафт бахш ҷараён гирифт. Бахши ҳафтуми ин ҳамоиш, ки ба 5500 - солагии Саразми бостонӣ, ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон, бахшида шуда буд, бо ширкати меҳмонон аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ - кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент, бо намоиши бозёфтҳои таърихии Саразм ва Панҷакенти қадим, ифтитоҳ ёфт. Дар ин бахш сездаҳ маърӯзаи илмӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Боздиди иштирокдорони бахши ҳафтуми ҳамоиш аз оромгоҳи поягузори адабиёти тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим ва шаҳри бостонии Самарқанд хотирмон буд.
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2018    №: 86    Мутолиа карданд: 331

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед