logo

фарҳанг

ҚАЛЪАИ ҲИСОР. ДУРДОНАЕ АЗ ГАНҶҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Тоҷикистони биҳиштосои мо - сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз дорои мероси ғании таърихию фарҳангӣ  буда, аз нигоҳи иқлим, манзараҳои дилфиреб – водиҳои сарсабз, кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои наҷиби қадимаи мардум дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Ҳамин аст, ки арзишҳои таърихию  фарҳангӣ, зебоиҳои нотакрори табиат - имкониятҳои беохири экотуризм таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба кишвар сол ба сол бештар ҷалб менамояд.
Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор»  - яке аз дурдонаҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон аз ҷумлаи он мавзеъҳои таърихист, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро торафт зиёдтар ҷалб мекунад. Қисмати асосии мамнӯъгоҳро Қалъаи Ҳисор ташкил медиҳад. Он ба ғайр аз куҳан будан дар мавзеи сарсабз бино ёфта, табиати зебову дилкаш дорад. 
Зикрулло Ҷобиров, директори муассиса, иброз дошт, ки давоми соли гузашта  26 909 нафар, аз ҷумла  3608 сайёҳи хориҷӣ, 11835 меҳмони дохилӣ ва 2146 нафар бо ҳайатҳои  давлатии хориҷӣ, аз тамошои ин ёдгории таърихию фарҳангӣ лаззат бурдаанд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ низ 6537  меҳмон, аз ҷумла 693 нафар  бо ҳайатҳои давлатӣ, ба мамнӯъгоҳ  ташриф овард. Аз ин ҳисоб ба буҷети давлат маблағи зиёд  ворид гардид. 
Дар доираи  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади дар сатҳи баланд қабул намудани сайёҳону меҳмонон  дар муассиса тадбирҳои нав роҳандозӣ мегарданд. Феҳрист ва харитаи ёдгориҳои бостонӣ, меъморӣ ва монументалии шаҳри Ҳисор ва хатсайри сайёҳии маҷмааи ёдгориҳои таърихию  меъмории муассиса таҳия гардида,  дар даромадгоҳи он насб карда шуд.  Барои амиқ омӯхтани  фарҳанги миллӣ, ҳифзу истифодаи босамари осори таърихию фарҳангӣ ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои меъморӣ дар муассиса шуъбаҳои мардумшиносӣ, меъморию  рассомӣ, таъриху бостоншиносӣ ва хизматрасонии осорхона фаъолият мекунанд.
- Соли гузашта аз ҷониби КВД “Шаҳрофар” лоиҳаи ободонии майдони “Регистон”  омода шуд.  Дар асоси нақшаи «Азнавсозии “Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор»  аз ҷониби   Дирексияи сохтмони иншооти  ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар биною иншооти асосии мамнӯъгоҳ - «Дарвозаи Аскархона», «Чойхонаи миллӣ», «Растаи ҳунармандон», «Наврӯзгоҳ», «Чашмаи Аскархона», «Девори мудофиавии қалъа», «Суҳбатгоҳҳо бо ороишоти кандакорӣ»,  майдони “Регистон” ва “Таваққуфгоҳ”  ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ  корҳои таъмиру  барқарорсозӣ ба анҷом расонда шуданд, - гуфт Зикрулло Ҷобиров.
Дар марҳилаи  дуюми татбиқи «Барномаи ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихию меъморӣ» барои корҳои тармиму барқарорсозии «Қасри ҳоким» - и Ҳисор чоруним миллион сомонӣ ҷудо шудааст ва таъмиру навсозӣ  дар ин самт  идома дорад.  Дар дохил ва атрофи муассиса корҳои ободонию  кабудизоркунӣ  ба роҳ монда шудаанд. Дар ҳудуди муассиса ниҳолҳои арчаву сӯзанбарг ва гулу буттаҳои гуногуни ороишӣ, аз қабили садбарг, арӯсгул, палма шинондаанд.  То охири баҳор боз шинондани 1400 дона гули садбарг дар назар аст.  Дар арафаи ҷашни Наврӯз як обанбор бо ғунҷоиши 70 метри мукааб барои обёрӣ кардани ҳудуди майдони “Регистон” мавриди истифода қарор гирифт.
Корҳои ташкилию  омодагӣ ҷиҳати истиқболи хуши меҳмонон вусъати тоза касб мекунанд. Дар осоишгоҳи “Сатурн” бо ташаббуси муштараки Кумитаи рушди сайёҳӣ ва  муассиса  барои кормандони субъектҳои хоҷагидории соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ  курси омӯзишӣ гузаронда шуд. Бо ибтикори ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати деҳоти Ҳисор дар даромадгоҳи Арки Ҳисор “Шаҳраки  ҳунармандӣ” бунёд ёфт. Ҳамчунин,  оид ба таърихи шаҳр ва ёдгориҳои меъморию фарҳангии Ҳисори бостон филми ҳуҷҷатӣ таҳия ва ба воситаи телевизион пешкаши тамошобинон гардонда шуд. Айни ҳол оид ба таърихи шаҳр бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ роҳнамо (буклет) омодаи чоп аст. Шаҳри бостонии Ҳисор дар Созмони сайёҳии исломӣ, ки 52 давлат аъзои он аст, ҳамчун шаҳри сайёҳӣ пазируфта шуд. Таърихи шаҳр аз тарафи мутахассисони муассиса дар ҳаҷми 68 саҳифа ба ин созмон пешниҳод гардидааст.
Бо мақсади ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ намудани нуқтаҳои савдои ҳудуди мамнӯъгоҳ ва мувофиқ ба иншооти таърихии ҳамин диёр сохтани онҳо ҳамарӯза бо савдогарон суҳбатҳо анҷом дода мешаванд. Барои дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ қабул намудани сайёҳону меҳмонон бо ҷалби ҳунарпешагони варзида аз ҳаёти ҳокимони Ҳисор - Низак Валади Яҳёи Чағонӣ (асри VIII), Тоҳири Чағонӣ (асри IX), Абдулкарими Ҳисорӣ (асри XIX) 3 саҳна омода карда шудааст. 
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 барои ташаккули беҳтару бештари ҳунарҳои мардумӣ дар Ҳисор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба шаҳр, хусусан муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор», имкони фарох пеш овардааст. Алҳол барои ҷалби бештари сайёҳону меҳмонон бунёди инфрасохтори мувофиқ ва то сатҳи муосири байналмилалӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон вазифаҳои аввалиндараҷаанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2018    №: 86    Мутолиа карданд: 488

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед