logo

иҷтимоиёт

РАШТ. БОҒИ ФАРҲАНГӢ – ФАРОҒАТӢ ТАРМИМ ГАРДИД

Дар ноҳияи Рашт дар доираи барномаи озмуни ҷумҳуриявии «Гулзори маърифат», ки бахшида ба 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардид, дар боғи фарҳангӣ - фароғатии  маркази шаҳраки Ғарм чорабинии фарҳангӣ ва сайругашти оммавӣ баргузор гардид. Дар он ҳайати ҳакамон ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуда, ҷиҳати ҷавобгӯ будани боғ ба шартҳои озмун аз он дидан намуданд.
Тибқи иттилои Нуралӣ Мирзоалиев, сармутахассиси Вазорати фарҳанг, мақсад аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Гулзори маърифат» омӯзиш ва таҳкими фаъолияти боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, баланд бардоштани нақши онҳо дар тарбияи маънавию ахлоқии шаҳрвандон, ба макони ҳақиқии истироҳати сокинони ҷумҳурӣ табдил додани боғҳо, рангин ва ғанӣ гардондани фароғати мардум дар шароити нави иҷтимоию фарҳангӣ мебошад.
Озмуни мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида, бо иштироки фаъолонаи кормандони боғҳои фарҳангӣ - фароғатии тамоми ҷумҳурӣ  моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад. Боғҳои фарҳангӣ - фароғатие, ки пас аз ҷамъбасти озмун ба натиҷаҳои беҳтарин ноил мегарданд, аз ҷониби вазорат бо диплом ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Боиси зикр аст, ки дар доираи корҳои ободонӣ дар боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Рашт беш аз 800 - адад дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонда шуда, бинову иншооти зиёд, айвону нишастгоҳҳо, чароғҳои ранга ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шудаанд. Хатҳои обтаъминкунӣ, роҳравҳо, шабчароғҳо  ва ноқилҳои барқӣ пурра таъмир гардида, арғунчакҳо бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ барои истироҳати кӯдакон ва сокинон таъмин гардидаанд.
Корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии боғ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони ноҳия дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфта, имрӯзҳо дар хизмати сокинон ва меҳмонон қарор дорад.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2018    №: 86    Мутолиа карданд: 354

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед