logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОН. МУБОРИЗИ ПЕШОҲАНГ БО ТЕРРОРИЗМ

Мавзӯи таҳдиди терроризм ва оқибату паёмадҳои даҳшатбори онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин суханрониҳои хеш дар нишасту конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ намуда, ба тақвияти ҷабҳаи ягонаи мубориза бо ин зуҳуроти нангину пурхатари замони муосир таъкид кардаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки мушкилоту паёмадҳои вобаста ба доман паҳн намудани терроризм дар ҷодаи мубориза бо ин вабои аср мақоми пешсафиро ҳифз намуда, ҳамеша ҷонибдори муқовимати оштинопазир бо ин зуҳуроти фоҷиабори ҷомеаи муосир мебошад. Мизбонии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд рӯзҳои 3 - 4 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баёнгари ҳамин воқеият аст.
Аз нигоҳи моҳият ва таъйинот терроризм василаи даҳшатафканӣ, эҷоди тарсу ваҳм буда, ба хароб намудани бунёди ҳуқуқии ҷомеа ва асли пойдори қонуният равона гардида, дар ҳама ҳолат харобӣ, маргу қурбонӣ ва ташаккули фазои бесуботӣ ва ноамниро дар пай дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба ташаккули ҷабҳаи ягонаи мубориза бо терроризм пойбанд буда, тақвият ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самтро доимо зарур мешуморад.
Талоши тобиши динӣ додани омилу заминаҳои густариши терроризм, хусусан бо дини мубини ислом алоқаманд намудани решаҳои пайдоишу вусъати ин зуҳуроти манфиро низ борҳо Пешвои миллат пиндори хато шуморида, қотеона изҳор доштанд, ки «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи неки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст».
Дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти хатарнок ва падидаи нангин кишвари мо муборизаи пурсамар бурда, заминаи мукаммали ҳуқуқиро низ фароҳам овардааст, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016 – 2020».
Эътимоди комил дорем, ки баргузор шудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез дар пойтахти мамлакатамон ба ташаккули ҳамкории бисёрҷониба ва ҳамгироии глобалӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти харобиовар мусоидат карда, симои Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҳомии арзишу рисолатҳои умумибашарӣ ба аҳли сайёра бори дигар ба таври шоиста муаррифӣ хоҳад сохт.
Мо, мардуми соҳибватани кишвари соҳибихтиёру озодамон бояд бо дарк ва шинохти возеҳу ба асли ҷаҳонбинии илмӣ асосёфтаи ҷараёнҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба қадр ва манзалати баланди муҳимтарин ва боарзиштарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ - суботу амният расида, бо муташаккилӣ ва ҳисси баланди ватандорию масъулиятшиносии миллӣ дар ҷодаи мубориза бо ҳамагуна хатарҳои ба мустақилиятамон таҳдидкунанда муттаҳиду ҳамсаф бошем.

Суҳроб Рўшанзода, раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2018    №: 86    Мутолиа карданд: 266

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед