logo

сиёсат

АСРОРИ ЯК САФАР

Омад - омади  Ҷашни бостонии ниёгонамон – Наврӯзи оламафрӯз имсол бо пайку навидҳои фараҳбахши сиёсиву фарҳангӣ пиру барнои Тоҷикистони азизро шоду сарфароз гардонд. Табиист, ки ҷомеаи мо ҳамеша ифтихорманд аст, ки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон, хосса талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими дӯстии халқҳо, баланд бардоштани мартаба ва эътибори давлат дар сатҳи  ҷаҳон, осоиши мардуму беҳтар гардондани зиндагии он, ободу сарсабз кардани сарзамин беш аз пеш равнақ меёбад.
Як силсила ҳамоишҳои зебову судманд ба Ҷашни Наврӯзи имсола ҳусну шукӯҳи беандоза бахшид. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои пуртантана бо дастовези арзишманд – ҳуҷҷати  оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чун кафили мамлакати ташаббускор аз сафари дури дур ба Ватан шоду болидарӯҳ баргашт: пешниҳоди навбатии ӯ чун раиси Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи олии байналмилалӣ Иҷлосияи  72-юми Созмони  Милали Муттаҳид аз ҷониби ҳама якдилона пазироӣ ёфт. Ин дастоварди миллат, обрӯи Тоҷикистони азиз аст. Ин муваффақият хастагии роҳи тӯлониро пӯшонд. Ва  Президент,  пас аз ширкат дар ҷашни пуршукӯҳи пойтахт  - шаҳри Душанбе ба қавле, нафас рост карду ба сафари нав омода шуд. Хурду бузурги Панҷакенти бостонӣ ташриф ва ширкати ӯро дар Ҷашни Наврӯз интизоранд. Аммо авзои ҳаво нохуб шуд. Абру боронҳои шадиди пай дар пай дар қаторкӯҳҳои водии Зарафшон садду хатар пеш оварда буд.  Сафари Президентро як рӯз ба таъхир гузоштанд. Чӣ метавон кард? Табиат дар ихтиёри худаш аст. Баҳори дилрабо бо ҳама ҳусну ҷамолаш асрор ва нозҳое низ дорад. Масъулони идораи обу ҳавосанҷӣ хатари абрпӯш будани кӯҳсоронро таъкид карда, гӯшзад намуданд: «Парвоз дар ин хел ҳавои номусоид хатарнок аст». Лекин ҳеҷ боке не: ҳавои бад хуб мешавад, Худо аз одамони бад паноҳ диҳад.
Аслан, ҳар сафар - хоҳ кӯтоҳ бошад, хоҳ дароз, бехатар нест. Асрори пешомадро кӣ медонад? Президент Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли беш аз чоряк-асраи сарварияш, ба хотири  аз байн бурдани ҷангҳои дохилӣ, ба даст овардани оштии миллӣ, сулҳу субот дар сарзамин ё дидору суҳбат бо мардуми тамоми гӯшаву канорҳои Тоҷикистон борҳо аз рӯи иродаву ҷасорат ё сарнавишт аз имтиҳонҳои сангини табиат дар дараю зовиятҳои ноошнои кишвар ва берун аз он гузаштааст. Сарнавишти Роҳбари давлат, савганди ӯ ба мардуми азизаш ҳаминро тақозо мекунад: дар ҳама гуна шароиту вазъи обу ҳаво аз рӯи ваъда бояд дар паҳлуи мардум бошаду дар шодиву нишот ва ғаму андуҳаш шарик. Сафар, аз номусоидии обу ҳаво, ба Панҷакент ба таъхир афтод. Чашми хурду бузург ба роҳ чор. Онҳо бо вуҷуди боду борони сард аз рӯйи барнома бояд Президентро бо тантана бипазиранд. Ба таъхир афтодани сафари Ҷаноби Олӣ байни мардум шубҳаву миш - мишҳое ба вуҷуд меорад. Бояд рафт.
Субҳи 28 март Пешвои миллат бо ҳайати ҳамроҳон дар фурудгоҳи пойтахт ҳозир шуданд. Чархболҳои МИ-8 ба парвоз омода, лекин ҳаво номусоид, осмон абрпӯшу боридани борон пуршиддат. Дар чунин вазъияти нохуб андешаву пешниҳоди мутахассисони идораи обу ҳавосанҷ ва сардори муҳофизон муҳим аст. Парвозро ноилоҷ соате боздоштанд. Ин ба Президент, албатта, нафорид. Ноомади сафар. Дар ин ҷо ӯ бо ҳамроҳон бесаброна интизори беҳ шудани ҳаво, қатъ шудани борон, кушодани осмон асту дар Панҷакент хурду бузург чашми умед ба расиданаш дӯхтаанд.
Пас аз соате фазои фурудгоҳ тунукабр шуду резиши борон камтар. То ин вақт сарнишини чархболи кашшофии МИ-8 генерал майори авиатсия Қизилбой Тавбаев, муовини фармондеҳи қӯшунҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва зиддиҳавоӣ, сардори авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба генерал - полковник Муродалӣ Саид хабар дод, ки аз баландии 3 ҳазору 72 метр дар ағбаи Анзоб парвоз дорад. Барфи шадид меборад. Ҳаво тира, туман ғафс, биниш мушкил аст. Дар ин ҳолати носоз парвози чархболи Президентро маслиҳат намедиҳад. Дудилагӣ ба миён омад. Вале чун авзои ҳаво каме беҳтару резиши борон нармтар шуд, Президент қатъӣ гуфт,  ки парвоз мекунем, мардумро дар ҳавои сард аз ин зиёд азияти интизорӣ додан хуб нест.
Дар чунин маврид аз рӯйи таҷрибаи чандинсола масъулон медонанд, ки кӯшиши аз роҳ баргардондани Пешвои миллат бефоида аст. Ҳукми Сарвар иҷро дораду рад не. Ҷаноби Олӣ бо генерал - полковник Муродалӣ Саид, ки солҳо ҳамсафари дилпур ва сардори муҳофизонаш мебошад, ба чархболи МИ-8 ҳавонаварди дастуркор Раҷаббек Бандалиев нишастанд. Вай 35 сол собиқаи меҳнатӣ, таҷрибаи 8,5 ҳазор соати парвоз дошта, борҳо Сардори давлатро дар фаслу ҳавои ҳархела ба минтақаҳои гуногуни кӯҳистони кишвар бурда овардааст. Ҳамсафаронро чархболи гуселкунанда мебарад.
Чархболҳо ба фазо хестанд ва аз байни риштаҳои борону синаи абрҳои кабудфом гузашта, ҷониби дараи Варзоб шитофтанд. Фазои ошнои диёр, дараву кӯҳсорон низ. Аммо, пасон чархболҳову сарнишинон, Пешвои миллату ҳамсафаронаш ба чӣ ҳолатҳои сангину ногувор рӯ ба рӯ шуданд ва чаро се соат баъд онҳо ба фурудгоҳи Панҷакент расиданд? Инро Худо медонаду худашон. Банда низ он рӯз дар пойтахт танҳо шоҳиди аз одамон шунидани саволҳои «Чаро дар Панҷакент Ҷашни Наврӯз ба таъхир гузошта шуд ва барои чӣ Президент ба он ҷо дер расид?» будаму бас. Табиист, ки хурду бузурги Тоҷикистон аз рӯйи меҳру эътиқод ба ҳар сафари дуру наздик, фаъолияту гуфтори Пешвои худ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Вале мақсуд аз ин нигошта равшанӣ андохтан ба чанд соати умри азизи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазо ва роҳи расидан ба иди Наврӯзи Панҷакент ва дидани дидори мардуму суҳбат оростан бо онҳост.
Сарнишинони чархболҳо он рӯзи аз номусоидии ҳаво пурабру боронро ба ёд оварданд. Парвоз ҳатмист, лекин ҳаво гирифта, осмон маҳкам. МИ-8-и генерал – майор Тавбаев бо ҳайаташ бо нияти кашшофии авзои ҳаво дар қаторкӯҳҳои Анзобу водии Зарафшон аввал парид. Агар абрҳо  тунуктар бошанд, шаху дара ва гардишу тангноҳоро медонад. Ҳангоми ба истифода додани НБО-и Марзич бо ҳамин хат Президенту меҳмононро бурда буд. Он вақт ҳолат беҳтар буд. Ҳоло дару дарвозаҳои осмонро абрҳои тира маҳкам кардаанд. Вай то ҳадди имкон чархболро баланд баровард ва аз баландии 3370 метр аз бобои Нуралӣ – обу ҳавосанҷи «Анзоб» ҳолатро пурсид.
- Ман дар болои абрҳоям,- бо ханда ҷавоб дод ӯ. - Кӯҳҳо, заминро намебинам.
Тавбаев, ки бо марказ пайваста дар робита буд, ҳолати нобобро фаҳмонд ва чархболашро аз дараи пурпечутоби аз шаху теғаҳо иборати Фондарё бо эҳтиёт идоракунон ба фурудгоҳи ноҳияи Айнӣ расонд. Сайри сангину хавфнок. Аммо чуноне дар боло арз кардем, дар ин ҳолат МИ-8-и Бандалиев бо Пешвои миллату ҳамсафаронаш ва чархболи гуселкунанда аз болои қаторкӯҳҳои Варзоб мегузаштанд. МИ-8 чархболи дилпур асту солҳои зиёд аз озмоишҳо гузашта. Президент борҳо бо он парвоз карда, ба минтақаҳои дурдасттарини Тоҷикистон дар вазъи гуногуни ҳаво рафтааст. Вай, баъзан, зимни парвоз ба ҳуҷраи сарнишинон даромада, паҳлуи онҳо амонат нишаста, шаҳру деҳот, кӯҳу барзан, талу теппа, қуллаҳои сарсафеду обшорон, боғу киштзоронро бо меҳру ҳавас тамошо кардааст. Президентро ин хел тамошо ва дидани ҷойҳои касногузари кӯҳистону обшоронаш мафтун мекунад. Аммо дар ин сафар чунин имкон ба вай даст надод.
Сарнишин чархболро аз дара ҷониби нақби "Истиқлол" мебурд. Фазои ошно. Ин ба муроди дили Ҷаноби Олӣ буд. Роҳ  миёнабур мешаваду ба фурудгоҳи Панҷакент зудтар мерасанд. Лекин ҳар қадар пеш рафтанд, ба болои барфи  пуршиддат аз рӯ ба рӯ абрҳои сиёҳу кабуди ғафсу гӯё кинавар намудор шуданду масофаи биниш камтар гардид. Вазъияти ташвишовару хавфнок пеш омад. Чӣ бояд кард? Агар чархболҳо ба синаи абрҳо дароянд, шояд биниш сифр шаваду бунбаст пеш ояд. Дар ин вазъият гирифтори чӣ ҳолате хоҳанд шуд? Дуруст аст, ки асбоби чархбол, масалан алтиметр, нишон медиҳад, ки мошин дар кадом баландӣ аз сатҳи баҳр қарор дорад. Ва ё бо нишондоди ин асбоб, дар сурати набудани кӯҳ ё чизҳои хатаровар, мешавад самти парвозро дигар кард. Вале дар ин мавзеъ  биниш ба сифр мерасад. Пеш бунбасту хатарзост. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард.
Сарнишини соҳибтаҷриба Бандалиев ҳолати  ташвишоварро фавран ба генерал Муродалӣ Саид фаҳмонд. Генерал аз вазъияти ногувор Президентро огоҳонд ва пешниҳод низ кард, ки беҳтар аст ба фурудгоҳи Душанбе баргарданду сафарро бо мошинҳо анҷом диҳанд.
- Роҳ дур мешавад,- қатъӣ гуфтанд Президент ва афзуданд. - Аввалаш ин, ки аз сафар баргаштан хуб нест. Дуюм ин, ки мардум ду рӯз боз интизор...
 Сипас, Ҷаноби Олӣ андешаманд ба сарнишинон дастур доданд, ки пас гарданд ва аз рӯи имконият ба ҳар ҷое, ки нисбатан ҳамвору ба шоҳроҳ наздик бошад, мефароянд.
Ҳамин тавр, чархболи Президент пеш-пеш, чархболи гуселкунанда дар масофаи мувофиқ аз пас ба қафо баргаштанд. Раҳоӣ аз бунбаст, аз шаху теппаҳои номаълуми кӯҳҳо. Ба қавли маъруф: «Турфа кӯҳсор аст ин». Ҳаво софу офтобӣ бошад, манзараи дилкушову афсонавӣ, тамошои роҳатбахш ҳадия мекунад, дар ин маврид ба хатари мудҳиш табдил меёбад.
Баъд аз муддате барф ба борони шадид табдил ёфт. Гӯё аз осмон об ба лаби сатил мерехт. Вазъият аз пешин ҳам хавфноктар шуд. Сарнишинҳо бо душворӣ ҳам бошад, бо нишондоди асбобҳо имкон ёфтанд, ки чархболҳоро  аз абрҳо хеле поин фароранд. Пас аз чанде кӯҳпораву шоҳроҳ хира-хира намоён шуданд. Сипас, аз равзанае, ки фазо ба онҳо «инъом» кард, даштаку рӯдҳо ва равуои нақлиёт, ҳатто ҷунбуҷӯли одамонро мушоҳида карданд. Мавзеи ошно, Майхӯра аст. Ба дилҳо рӯшноӣ даромад. Лекин мошинҳоро беосеб бояд ба замин шинонд. Бандалиев чанд сол пеш давроне, ки дар Майхӯра, қароргоҳи ҳарбӣ ҷой дошт, чархболи Президентро ба ин майдон шинонда буд. Он рӯз ҳаво мусоид, олам равшанистон буд. Акнун... Чархболҳо дунболи ҳам дар фазои пурабру борон чархиданду чархиданд. Одамони рамузфаҳму дилогоҳ дарк карданд, ки «мурғон»-и оҳантан ҷои нишаст меҷӯянд. Онҳо бо даст ба майдони нисбатан ҳамвор ишора карданд. «Магар чархболҳо роҳгум задаанд? - аз дил мегузаронданд онҳо». Чаро ба ин ҷо дар ин ҳавои бад мефароянд? Киҳоанд? Чӣ гапу хабари наве меоранд?».
Чархболи якум чанд қадам дур аз манораи чор тарафаш бо появу симҳои мисли тору пуд печидаи обу ҳавосанҷӣ, ки солҳо кор намекунад, аз ноилоҷӣ ба «хирманҷо» беосеб нишаст. Хайрият. Аз боди пурхашми чархбол сутуни оҳанину симҳо алвонҷ хӯрданд. Чархболи дуюм даме дар фазо тоб хӯрда, ниҳоят дар замини он тарафи рӯди Зидӣ фуромад. Аз ин беҳтар дар атроф ҷои ҳамвор нест.
Одамон дар ҷояшон паҳлу ба паҳлу истода, хомӯшу кунҷковона, балки ҳайратзада ба мошинҳо, ки болҳояшон рафта - рафта суръати гардишро суст мекарданду садои моторҳо хомӯш мешуданд, чашм дӯхтанд.
ххх
Интизории «пешвозгирандагон» дер давом накард. Генерал Муродалӣ Саид пас аз бомуваффақият нишастани чархбол бо телефони ҳамроҳ, - ин муъҷизаи замон чи қадар мушкили одамонро дар ҳолатҳои вазнин осон мекунад! – аввал сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзобро ёфта, аз воқеа огоҳонд ва барои фавран ёфтану ба Майхӯра овардани мошинҳои дилпур, ки Президенту ҳамсафаронашро то фурудгоҳи ноҳияи Айнӣ бубаранд, дастур дод. Раиси ноҳияи Варзоб чун аз воқеа воқиф шуд, бо сардорони ниҳодҳои қудратӣ ва сафи мошинҳои сабукрав роҳи Майхӯраро пеш гирифт. Шиддати борон меафзуд. Андешаву ташвиши онҳо низ: Чаро Ҷаноби Олӣ ба Майхӯра омаданду онҳо бехабар мондаанд, чӣ гап шуда бошад? Шунидан кай бувад монанди дидан?
Баробари кушода шудани дари чархболи якум ва берун баромадани генерал Муродалӣ Саид «пешвозгирандагон» ӯро шинохтанд ва донистанд, ки дар мошин шахси олиқадр, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нишастааст. Чӣ бояд кард? Ҳолати аҷиб. Ҳамчунон ноҷунбон истоданд. Сипас, сарнишинону дигарон пайи ҳам берун баромада, зери борон атрофи чархболҳо қадам зада, фазо ва атрофи «фурудгоҳ» - ро аз назар  гузаронданд. Ҷои носоз, балки пурхатар. Ҳар чи ҳам бошад, нишастан ба хушӣ анҷом ёфт.
Аммо Президент дар ин маврид ба ёд меовард, ки табиати шахшӯлу сахтгир борҳо ӯ ва  ҳамсафаронашро аз имтиҳонҳои хатарнок гузарондааст.
Бори аввал ҳангоми бо чархбол ба нияти расидан ба сулҳу оштии миллӣ, - оҳ чӣ қадар ба мардуму сарзамин зарур буд! – 11 декабри соли 1996 барои вохӯрӣ ва гуфтушунид рафтан. Минтақаҳои барои сарнишинон ва ҳамсафарон ношинос.  Дар сарҳад, чархболашонро чуноне ваъда дода буданд, ҳавопаймоҳои роҳнамои давлати ҳамсоя пешвоз нагирифтанд. Аҷиб. Ба кадом самт бираванд? Муҳофизон аз рӯи масъулияти вазифа пешниҳод карданд, ки ба Душанбе баргарданд. Убур кардани сарҳади давлати ҳамсоя, ки он ҷо ҷангу харобкорӣ дар авҷ аст, хатар дорад. Ҷои ноамн. Президент инро мефаҳмид ва боз дарк мекард, ки шояд мухолифин иродаи ӯро санҷидан хостанд. Бешак, роҳи расидан ба сулҳу созиш, аз байн бурдани кинаву адоват ҳамвору осонгузар нест. Президент бо қатъият гуфтанд, ки парвозро идома диҳанд. Ва нияти холис, ҷуръату ҷасорат самараи дилхоҳ дод. Мушкилиҳои сангини он сафар чун хотира дар ёдҳо монд, самарааш оғози ҷиддии марҳилаи расидан ба созишу ризоияти миллӣ шуд.
Чанд сол пеш бо ҳамин хел ду МИ – 8 Президент бо ҳамроҳон аз сафари вилояти Бадахшон бармегаштанд. Ҳаво якбора вайрон шуд. Абрҳои ошуфта хашмгинона якбора ба қуллаву дараҳо пардаи тира  кашиданд. «Дарвоза» - и Рӯшон баногоҳ баста шуд. Аслан, чунин ҳолату манзараҳои афсонавӣ дар кӯҳистон зуд – зуд ба амал меоянд. Дар ин тарафи кӯҳи бузург осмон софу офтоб рахшон аст, дар пасаш абру шохборону кӯракистон аз пеш мебарояд. Сарнишинҳо ба ташвиш афтоданд. Ҳолат илоҷнопазир менамояд. Биниш ҳеҷ. Ба ягон ҷои ҳамвортар  бояд мошинро шинонд. Дар куҷо? Қуллаҳои осмонхарошу теғаи шахҳоро хира – хира мебинад. Ҳамсафарҳо низ ба таҳлука афтоданд. Ҷон ширин...
Президент назди сарнишин рафта, гуфтанд:
- Аз абрҳо поинтар фаро… Ба сарнишинони чархболи дуюм фаҳмонед, ки ба мо наздик парвоз кунанд, то роҳгум назананд.
Чун аз «асорат» - и абрҳо раҳиданд, қариб ҳуш аз сари ҳама мепарид. Теғаи шахҳо, ҳатто нӯги шохи дарахтон наздик. Маҳорати сарнишинон мошинҳоро аз садама раҳонд ва онҳо дар нахустин даштаки ба фуромадан мувофиқ нишастанд…
Раиси ҷамоати деҳоти Зидӣ ба ҷои воқеа расид. Ба ҳамдеҳаҳо сарубар бояд шуд, ки ҳар кору мададе лозим шавад, бо низом иҷро бикунанд. Чун муҳофизон ишора карданд, коргарон ба чархболҳо наздиктар омаданд. Холаи Зуҳро, ки 56 сол боз чун посбон бо фарзандон дар хонаи сари роҳ мезияд ва нону намакашро одамони бешумор хӯрдаанд, зуд дастархоне бо нону чойи гарм барои меҳмони олиқадр овард. Муҳофизон дудила шуданд: пазиранд ё не. «Субҳона» - и берун аз барнома. Ин хилофи дастуру қоида намешавад? Ҷаноби Олӣ дудилагии муҳофизонро аз паси тиреза мушоҳида карда, фармуд, ки  нону чойро биёранд. Аз нону рӯзии саҳар ва эҳтироми модар рӯ тофтан хуб не…
Ҳамагон ба кор часпиданд. Ҷойҳои обканда ва пасту баландро даст ба даст то сари роҳ ҳамвору регпӯш карданд. Роҳбарони ноҳияи Варзоб бо қатори мошинҳо ва нақлиёти раҳнамои сардори бозрасии автомобилӣ расиданд. Ҳамсафарони Пешвои миллатро, ки дар чархболи дуюм буданд, ба воситаи худборкунаки фронталӣ аз рӯди Зидӣ ба ин тараф  гузаронданд. Шодбош ва туҳфаи наврӯзии Президент ба ҳар як коргар ва холаи Зуҳро бо шириниҳои раҳтӯша тақдим карда шуд. Ин ҳолату дидорбинӣ бо Пешвои миллатро ҳеҷ кас чашмдор набуд. Президент қариб як соат дар Майхӯра монд. Ва акнун чун ҳамеша орому чеҳракушод аҳволи ҳозиронро пурсиду бо онҳо хайрухуш кард.  Холаи Зуҳро ба Ҷаноби Олӣ ва ҳамроҳонаш фотиҳаи сафари нек дод. Президент бо генерал Муродалӣ Саид дар «ҷип», ҳамроҳонаш ба мошинҳои дигар нишаста, аз қафои нақлиёти роҳнамо ба сӯи нақби «Истиқлол» равон шуданд.
ххх
Шофири нисбатан ҷавони раиси ноҳияи Варзоб Ёдгор Шералӣ ин хел ҳаяҷону изтироби шадидро ҳатто ҳангоми супурдани имтиҳони ронандагӣ аз сар нагузаронда буд. Почаҳояш аввал ларзиданд ва «асир» - и ҳиссиёти ноошно, шабеҳ ба биму ҳарос шуд. Вай рӯҳан ба ин «хизмат» омода набуд. Саҳар аз гӯшаи хаёлаш намегузашт, ки ногаҳон имтиҳони ҷиддитарин пеш меояд. Охир дар паҳлуяш Пешвои миллат, шахсияти якуми ҷумҳурӣ нишастааст. Ҷазаба! Вай чанбарро дудаста маҳкам дошта, чашм аз роҳ наканда бо чи ҳолу аҳволе мошинро идора мекард. Бастани шоҳроҳ низ ба ёди  касе назадааст, ки он чун рӯзҳои муқаррарӣ хеле сернақлиёт буд. Ба болои резиши бошиддати барфу борон аз муқобил мошинҳои хурду бузург мебароянд. Не, ӯ таҷрибаи беш аз даҳсолаи ронандагӣ дорад; раиси ноҳияро мудом бо роҳҳои мушкилгузари кӯҳистон бурда меорад. Аммо ҳоло…
Баъдтар, худро ба даст гирифт шофир ва андешид: «Масъулияти бузургу пурифтихоре бар дӯшаш афтодааст: хидмате, ки тамоми умр аз ёдаш намеравад. Ин ҳолату рӯз бароят таърихист. Ҳушёр бош, бача, - мегуфт дар дил ба худ: - То ба манзил расондани Ҷаноби Олӣ бо камоли эҳтиёту маҳорат далерона вазифаатро иҷро бикун…».
Президент бо тамкин ба шоҳроҳ менигарист. Ва шояд сифату ҳолати роҳу нақбҳои тармапарторо аз назар мегузаронд. Шоҳроҳи ҳаётан муҳими байналмилалӣ, тунелҳое, ки нақлиёту мусофирони бешуморро ба манзили мурод мерасонанд, бо дастуру ҳидоятҳои худаш сохта шудаанд. Бо амри тасодуф бошад ҳам, аз ин шоҳроҳу нақбҳо гузаштан ҳаловате дорад. Роҳҳо нишони беҳтарини ободианд, одамонро бо ҳам мепайванданд, кафшери дилҳоанд.
Чун ба нақби «Истиқлол»  ворид шуданд, ба болои сад мушкилӣ дар гардишаке аз пеш мошини дарозу паҳне баногоҳ баромада, ҳолати нобобро ба вуҷуд овард. Базӯр, ба ҳоли зор, Худову пир гуфта, аз паҳлуи он мошини барзангӣ гузашт. Зормонда! Бешак ронандаи он надонист, ки дар мошини ӯ, дар паҳлуяш Президент, Пешвои миллат нишастааст.
Ҷаноби Олӣ эҳтимол ин ҳолатро ба эътибор нагирифт ва ба хотири аз вазъияти ногувор баровардани шофир ва аз дили ӯ берун кардани биму ҳаяҷон сафари чанд сол пешинаашро ба Мурғоб бо шавқ ба ёд овард. Зоҳиран, Президент ин қиссаро ба генерал Муродалӣ Саид, ки он вақт ҳамроҳаш буд, мегуфт.
- Дар водии Аличур, ки бо сабаби аз сатҳи баҳр хеле баланд будан, ҳаво намерасад, - овози нарми Президентро ронанда мешунид, - аз ночорӣ дар назди деҳае ба замин нишастани чархбол пеш омад. Ҷои ношинос, дашти беҳудуд, ҳаво сарди сард. Нафасгирӣ барои баъзеҳо душвор. Ба ҳавлие даромадем. Чораи дигар ҳам надоштем. Аввал аз ногаҳон пайдо шудани «меҳмон» - ҳои нохонда, соҳибони хона ҳайрон шуданд. Баъд маро шинохт соҳиби хона. Эҳа, дигар ҷои нишастанамонро намеёфту чӣ хел хизмат карданашро намедонист. Баъд мушкиламонро дониста, то як пиёла чойи гарм нӯшидан «НИВА» - и куҳнаи кайҳо зери чангу хок хобидаашро бо ҳамсояву фарзандон шустанду пок намуданд; курсиҳои фарсудаву  ликонакашро нишастанбоб карданд. Аз куҷое барои мошин чарх ёфтанду онро таъмир карданд. Хонаву мошини марди наҷиб Ҷӯрабой Азимов – замоне директори совхоз, пасон муовини раиси комиҷроияи Мурғоб будааст. Чанде пеш вафот кард. Худо раҳматаш кунад… Ана ҳамон мошини куҳна моро чунон ба Мурғоб расонд, ки роҳбарону пешвозгирандагон бехабар монданд…
Ҷаноби Олӣ ба шофир нигарист:
- Ҳар қадаре метавонӣ, суръатро баланд бикун. Роҳ ҳамвор… Мардум чанд соат интизор…
Пас аз нақби «Истиқлол» аз пеш нақлиёте наомад. Шоҳроҳ холӣ буд. Раиси ноҳияи Айнӣ баробари огоҳӣ ёфтан аз ташрифи Пешвои миллат, ба воситаи шоҳроҳ ба амнияти роҳ мусоидат кардааст. Сокинони маркази ноҳия ва рустоҳои бари шоҳроҳ ин муждаро шунида, барои пешвозу гусели меҳмони олиқадр баромада, бо дастафшонӣ хайрамақдам изҳор мекарданд. Баъди як соату понздаҳ дақиқа Президент бо ҳамроҳонаш ба фурудгоҳи ноҳияи Айнӣ назди МИ – 8 расиданд. Шофир ноаён оҳи сабук кашид.
Президент ҳам дар роҳ, ҳам назди МИ – 8 гоҳ – гоҳ ба соат менигаристанд. Маълум, ки ҳар дақиқаро ба ҳисоб мегиранд ва ҳар чи зудтар ба фурудгоҳи Панҷакент расидану мардумро аз роҳпоиву интизорӣ раҳондан мехоҳанд. Осмон абрнок аст, лекин бебориш, ҳаво сардакаку бод гоҳ сусту гоҳ сахт вазон. Боз ҳам ҳолати дудилагӣ ба миён омад. «Машварат» - и сарипоӣ оростанд. Сафарро бо роҳи заминӣ идома диҳанд ё бо ҳаво? Пешниҳоде шуд, ки бо роҳ рафтан беҳтар аст. Бачаҳои кортежи Президент, ки аз ҷониби Панҷакент меоянд ва андаке баъд ба ин ҷо мерасанд, хабар доданд, ки тундбод сахт аст. Сарнишини МИ- 8 Тавбаев низ бо роҳи заминӣ рафтанро авлотар донист. Лекин Президент бо дили пур қатъӣ гуфтанд:
- Бо чархбол меравем. Роҳ наздик мешавад. Хеле дер мондем… Ҳама интизор… Азоб додани мардум нағз не...
Аз паси Президент ҳамроҳон ба МИ – 8 даромада, ба курсӣ нишаста, тасмаҳои бехатариро бастанд. Риояи қоидаи парвоз. Ҳайати сарнишинони генерал Қ. Н . Тавбаев мошинро ба кор дароварда ба фазо бархестанд. Агар авзои ҳаво, суръати бод дар ҳама ҷо ҳамин зайл бошад, парвоз хуб анҷом хоҳад ёфт… Фазои васеи фурудгоҳ барои дар васаташ тоб хӯрдану дар баландии дилхоҳ сӯи Панҷакент ҳаракат кардани мошин комилан мувофиқ. Сарнишинон чархболро ҷо – ҷо аз боло ё аз шафати деҳаву боғзорони домани кӯҳсорон бо равиши рӯди Зарафшон, ки чун риштаи нилфоми пурпеч ба назар мерасид, пеш мебурданд. Паҳнои водӣ, суръату муқовимати бод ҳанӯз барои парвоз созгор буд. Вале чун ба тангнои дараю кӯҳҳо расиданд, чархбол ба «чанг» - и тундбоди девонавор афтод. Ҳолати асрорангезу мудҳиш пеш омад: дараи танг, шаху теғаҳои даҳшатбори кӯҳҳо аз ду тараф ба ҳам наздики наздик; абрҳои сиёҳу кабуди ғафс ба сарнишинон имкон намедиҳанд, ки мошинро баландтар бардоранд. Осмон маҳкаму нопайдост. Аз поин дарёбоди хашмгин таҳдид мекунад ва чархболро мисли бозичае бераҳмона ин сӯву он сӯ мекашонад. Ҳолати хатарноки ногаҳонӣ. Техника дар муқобили ҳодисаҳои сахти табиат оҷизу нотавон ҳам мемонад. Заррае имкони ба қафо баргаштан вуҷуд надорад. Танҳо ба пеш бояд парвоз кард. Дар ин вазъияти такондану афшондани мудҳиш фақат ирода, маҳорату таҷрибаи касбии сарнишинон омили раҳоӣ аз фалокат шуда метавонад. Ҳолати равонии мусофиронро вақти худро ба ҷои онҳо тасаввур кардан метавон фаҳмид. Ҳар нафас ба назарашон сол менамуд ва бо ҳаросу ранги парида дудаста ба курсиҳо часпиданд, ки аз ҷо напаранд, пош нахӯранд. Аз нигоҳи нарм ва овози таъкидомези Президент: «Худро ба даст гиред, натарсед, мегузарад, мегузарад!», таскин меёфтанду бас. Шояд танҳо сарнишинон донистанд, ки ин озмоиши сангини табиат дар кадом фосила, чи қадар вақт идома ёфт. Сипас, муъҷиза пеш омад. Гӯё дасти тавонову хайрхоҳе мошинро аз чанголи бало, сиёҳкору баднияте раҳонду ба оғӯши нармаш кашид. Худо ёру мададгор шуд. Чархбол оҳиста – оҳиста аз ларзишу алвонҷхӯрии пурталвосаву девонавор раҳид. Он ба паҳно, ба остони қаламрави Панҷакент ворид шуд. Пешвои миллат дар ҳавои номусоид бо ҳамроҳон се соат дер ба фурудгоҳи Панҷакент қадам ниҳод.
Доирабазм, суруду рақсу тарона авҷ гирифт. Ҷаноби Олӣ бо ишора ва суханҳои гарми оҳиста ба пазироии самимӣ, шеъргӯии ҷавонон, таронахонии модарону занон арзи сипос намуда, барномаҳои дигари наврӯзиро ҳусну шукӯҳ бахшиданд. Ҳама аз ташрифи Президент ба базми наврӯзии диёри Одамушшуаро устод Рӯдакӣ шоду рақсону сурудхон. Вале, касе ба ҷуз Ҷаноби Олӣ ва ҳамсафаронаш намедонист, ки дар фосилаи се соати дер ба фурудгоҳ расидан, Пешво бо ҳайати ҳамроҳон барои поси эҳтироми мардум дар роҳи заминиву ҳавоӣ чи мушкилиҳоеро аз сар гузаронданд. Боиси хушӣ ва шукргузории Президент он буд, ки бо ҳамроҳон дар роҳи сафар аз ду озмоиши сахт ё имтиҳони сангини табиату сарнавишт дар ин рӯзи пурабру бод ва барфу борон беосеб гузаштанд, шоҳиди шодиву нишоти мардум, меҳру самимияти хурду бузург шуданд...

Ҳусни анҷом
Вохӯрӣ ва суҳбати мо рӯзи нарми офтобӣ (4. 04) дар Майхӯра – он ҷое, ки чархболи Президент нишаста буд, бо шоҳидон баргузор шуд. Майдонакро аз сангу чизҳои зиёдатӣ тоза, пасту баландиҳояшро ҳамвору регпӯш кардаанд. Табиист, ки аз он лаҳзаву рӯзи пурбарфу боронии фаромӯшнашаванда сухан оғоз ёфт. Коргарон ноогоҳ аз он ки баъди гусел Президенту ҳамроҳонаш дар роҳ боз чӣ пешомадеро аз сар гузарондаанд, шоду боифтихор мегуфтанд: «Барои идомаи сафари Пешво андаке мадад расонданд; ба табрику туҳфаи наврӯзии Президент ноил шуданд».
Хотираи фаромӯшнашаванда.
Банда аз рӯи ҳисси кунҷковии касбӣ аз холаи Зуҳро пурсидам, ки ба Ҷаноби Олӣ чӣ фотеҳае додед? Росташ, бароям аҷиб буд, ки як модари одии тоҷик дар рӯ ба рӯи Пешвояш ҳиссиёту андешаашро чӣ тавр баён кардааст. Холаи Зуҳро, зани мардсифат ва нурониву хоксори кӯҳистонӣ, болидарӯҳ бадоҳатан посух дод:
- Дуои нек… Мисли ҳамаи модарон, тамоми мардум… - Ӯ рамузгирона ба мо нигариста афзуд: - Худо ҳамабину ҳамадон аст: ҳар кирдору гуфтори одама ба ҳисоб мегирад… Ва холаи Зуҳро гӯё аз мо не, аз ҳамаи мардуми Тоҷикистон мепурсад: - Ҷангу носозиҳоро кӣ барҳам дод? Мардуми гуреза, овораву ғариб, хору зорро кӣ ба ҷову маконашон баргардонд? Эҳе, қадри сулҳу оромӣ аз ҳама боло. Ин қадар роҳсозӣ, - вай ба шоҳроҳ ишора мекунад: - Олам – олам ободонӣ, корҳои хайр... хидмати андак аст? Сари ятимону маъюбон, бекасонро сила кардан, онҳоро зери бол гирифтан… Ба халқу мамлакат дар рӯзҳои сахттарин роҳбар шуданд… Имрӯз номбардору қуввати дили мо аст. Дар ҳамон рӯзи вазнини пурабр борону барф ба хотири эҳтироми мардум, шод кардани пиру ҷавон ба  Панҷакент рафтан осон буд? Фидоӣ, шердил, ҷасуранд Ҷаноби Олӣ. Худованд нигаҳдораш бошад…
Ман аз чеҳраи холаи Зуҳро чашм наканда, андешаманд ин байти Ҳофизи бузургро ба ёд меовардам:
Он сафаркарда, ки сад қофила дил ҳамраҳи ӯст,
Ҳар куҷоест, Худоё, ба саломат дораш.
16. 04. с. 2018


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2018    №: 86    Мутолиа карданд: 358

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед