logo

иқтисод

ФОРУМИ ИХТИРОЪКОРОНУ НАВОВАРОН

Дар муассисаи давлатии “Душанбе плаза” бо иштироки  намояндагони вазорату идораҳо, сармоягузорон, соҳибкорон, ихтироъкорон, идораҳои патентии ИДМ ва Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадафи форуми мазкур, ки бори дувум баргузор гардид, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба ҷорӣ намудани навоварию ихтирооти нав, усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир, таҳкими алоқаи байни илм ва истеҳсолот, баланд бардоштани татбиқи амалӣ ва самаранокии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, тарғибу ташвиқи масъалаҳои марбут ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ, дастгирию ҳавасмандгардонии ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад.
Зимни баргузории форум таъкид гашт, ки ҷомеаи инсонӣ аз қадимулайём тавассути тахайюлоти офариниш рушд мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин месозад. Сарвари давлат моликияти зеҳниро омили  рушди иқтисодиёти кишвар арзёбӣ намуда, ҷалби афроди лаёқатмандро ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани ин раванд,  татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот ҳамеша таъкид менамоянд.
Дар доираи форум  ихтироъкорон аз намоишгоҳи дастовардҳои ихтироъкорони ҷумҳурӣ дар шакли лавҳаҳо (банер), варақаҳои иттилоотӣ ва  таҷҳизоту экспонатҳо  дидан карданд.
Як қатор ихтироъкорони ҷумҳурӣ бо мукофотҳо, аз ҷумла  ихтироъкорон Ҷаҳон Азонов, Суҳбатҷон Баҳриев  ва Саидилҳом Аҳмадзода бо «Нишони фахрӣ» - и муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии металлургӣ» - и  КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” бо  медали тиллоии Ташкилоти  патентии авруосиёии ба номи В. И. Блинников, Мансур Қурбонов, номзади илмҳои кимиё, ходими калони илмии Маркази инноватсионии биология ва тиббии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо медали тиллоии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, сарфароз гардонда шуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2018    №: 87    Мутолиа карданд: 333

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед