logo

фарҳанг

ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАНД

Ватан мавзӯи меҳварии осори шоири шаҳир устод Мирзо Турсунзода мебошад. Ин аст, ки ҳангоми Ватан гуфтани кас ӯ дар радифи фарзонафарзандони содиқи Меҳан дар оинаи дилу дида намудор мегардад.
Оре, устод Турсунзода ба қавли худаш, чун гӯшту нохун бо Ватан буда, васфи онро бо меҳри беандоза сароидааст. Барҳақ, устод Турсунзода бе ёди Ватан нафас накашид ва бе амри он ба ҷое гом назад. Байти зерин аз достони "Ҷони ширин" ба фикри боло шоҳид аст:
Мо сафар дорем бо амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Устод Мирзо Турсунзода, ки бо амри Ватан ба гӯшаҳои дури дунё сафар мекард, ҳангоми бозгашт ба сари хок ва марзи Ватан расидан онро гаштаю баргашта мебӯсад:
Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,
Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.
Агар мо ба осори шоир устод Турсунзода чашм андозем, ба шеърҳое дучор мешавем, ки дилбастагии шоирро ба кӯҳу дарёҳо, ба обҳое, ки як пора, ё як ҳиссаи Тоҷикистони азиз мебошанд, дида метавонем. Устод Мирзо Турсунзода дилдодаи дарёи Варзоб аст, ҳамон рӯде, ки cap ба санг зада, сӯи Душанбе медавад ва онро рӯҳ бахшида, аз моварои он мегузарад, аз ин рӯ "Оби Душанбе" ном гирифтааст. Шоири ошиқ ва дилдода бо таъсири рӯҳбахши он шеърҳои "Рӯди кӯҳӣ", "Оби Душанбе", "Рӯди ман" ва "Таронаи рӯд" - ро эҷод кардааст. Дар ин шеърҳо устод Турсунзода бо рӯд гуфтугӯ мекунад.
Мирзо Турсунзода дар офаридани шеъри ватанхоҳӣ пеш меравад, яъне бо таъбири худ, “қуллаи нав” - ро сарбаландона тай мекунад. Дар ватансароӣ қуллаи нав дар осори шоир шеъри "Ватан" аст. Аз ҳар ҳарфи ин шеър, ки соли 1965 навишта шудааст, натиҷаи сафарҳои хориҷии шоир, ҳаёти дур аз Ватан ба cap бурдаи ӯ, ҷамъбасти умри аз cap гузашта ва муҳаббати бепоёни адиб ба Меҳан якҷоя садо медиҳанд:
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Ин аст, ки адиби ба таъбири устод Соҳиб Табаров, "саҳлимумтанеъгуфтор" барои хонанда бо сухану тафаккури олӣ дурри сухан суфтааст:
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба cap форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд.
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.
Дар шарҳу эзоҳи шеъри "Ватан" бисёр навиштаанд, аз ҷумла Ҳасан Муҳаммадиев онро “авҷи сухан” номида, бо ҳамин ном мақола навишта, ба шеър аз ҷиҳати мазмун ва хусусиятҳои муҳимаш, ки аз равонию содагӣ, аз тазодҳои аҷибу ҳисси баланди ватандӯстӣ иборат аст, баҳои баланд додааст: - "Ин асар... на фақат дар эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода, балки дар назми советии тоҷик ҳам камназир аст. Асари санъат агар бо маҳорати тамом эҷод шуда бошад, қатъи назар аз жанру ҳаҷмаш нодир хоҳад буд".
Аз рӯи маълумоти ӯ, ин шеър ба муносибати даҳаи адабиёт ва санъати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва ба муносибати даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Озорбойҷон (1965) дар рӯзномаю ҳафтаномаҳо ва дар ҳамаи китобҳои муаллиф чоп шудааст.
Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст: "Фиристода бояд, ки доно бувад, Ба гуфтан далеру тавоно бувад". Халқу Ватан барои ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ устод Мирзо Турсунзодаро ба хориҷи мамлакат, ба гӯшаҳои дури дунё ҳамчун сафири сулҳ мефиристонад. Таҳкими сулҳу ваҳдат, васл кардани миллионҳо дилҳо ба дил ва қитъаҳои олам, дар хориҷа нигоҳ доштани шаъну шарафи худ ва халқу Ватан ба дӯши ин марди фарзонаи миллат вогузошта шуда буд. Ин мафҳумро шоир ин тавр ба назм овардааст:
Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур.
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.
Аминем, ки ғояҳои ватанпарваронаю башардӯстонаи устод Мирзо Турсунзода барои халқи тоҷик, бахусус барои насли наврас дарси ватандорӣ ва хештаншиносӣ мебахшад.
Шервони УМРИДДИН,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2018    №: 87    Мутолиа карданд: 210

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед