logo

иҷтимоиёт

ДЕҲА БО БАРҚ ТАЪМИН МЕШАВАД

(Посух ба матлаби «Кӯктеппа. Бебарқии сокинон аз бемасъулиятии роҳбарон аст»)

Матлаби «Кӯктеппа. Бебарқии сокинон аз бемасъулиятии роҳбарон аст» (номаи шикоятии сокинони маҳаллаи Кӯктеппа), ки 26 январи соли 2018 (№ 21) дар наш-рияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расидааст, дар ҷаласаи васеи назди раиси ноҳияи Варзоб мавриди баррасӣ ва чораҷӯйӣ қарор гирифт.
Барои аз наздик шинос шудан ба вазъи мавҷуда ва вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Кӯктеппаи Ҷамоати деҳоти Зидеҳ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Баъзе далелҳои овардашуда, бахусус дар бораи шумораи аҳолии деҳа, тасдиқ нашуданд. Айни ҳол аҳолии деҳа аз 23 хоҷагӣ ва 214 нафар иборат буда, бо дастгирии як ширкати хориҷӣ бо неруи барқи офтобӣ таъмин карда шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки Варзоб ҳамчун ноҳияи дотатсионӣ имкони аз тариқи маблағҳои буҷетӣ бунёд намудани хати интиқоли барқро надорад. Сардори шабакаҳои барқи ноҳия муваззаф карда шуд, ки роҳҳои бо харҷи камтар сохтан ва гузарондани хати барқро ба деҳа омӯхта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва ширкати «Барқи тоҷик» барои барқрасонӣ ба ин деҳа лоиҳаи сармоягузорӣ ва ё гранти хориҷиро дарёфт ва ҷалб намояд.
3 феврали соли 2018 вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаи Кӯктеппа баргузор гардид.
Нақшаи кашидани хати интиқоли барқ ба деҳа бо ташаббуси якҷояи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, дастгирии шабакаҳои барқи ноҳия, соҳибкорони маҳаллӣ, аҳолии деҳа ва шахсони саховатпеша то охири сол  амалӣ карда мешавад.
М. ШЕРАЛИЗОДА,
иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2018    №: 87    Мутолиа карданд: 176

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед