logo

ҳуқуқ

АГАР НАҲЗАТ НАБУДӢ…

Вақте ки саҳифаҳои таърихи Меҳанро дар давраи шӯравӣ, қабл аз ҳама, охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадуми асри бист мурур мекунам, баъзан афсӯсу надомат домангирам мешавад. Афсӯс аз он мехӯрам, ки давлат ва ҷомеаи мадании вақт натавонист пеши роҳи амвоҷи хурофоту таассуби мазҳабиро бигирад ва кишварро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бидиҳад.
Дар ростои беназмиҳои ибтидои солҳои навадум, бешубҳа, ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон меистод. Агарчи имрӯз ҳаводорону ҳавохоҳони ин созмони ба истилоҳ, дунявиситез ҷор мезананд, ки дар бадбахтиҳои кишвар ва ба вартаи ноамнию бесуботӣ мубтало гардидани мардум наҳзат саҳм надорад, воқеият чизи дигар мегӯяд ва аз он гурехта намешавад.
Солҳои ҳаштодум дар Тоҷикистон марҳилаи бедории фикрӣ дар ҳамбастагӣ бо бедории исломӣ фаро расид. Махсусан, нимаи дуюми солҳои ҳаштод бозсозии горбачёвӣ бо худ мавҷи ҳаракатҳои пинҳони динӣ - мазҳабиро овард. Бозгашт ба арзишҳои динӣ - мазҳабӣ, ки аксаран бар пояи хурофоту таассуби мазҳабӣ рӯйи кор омада буданд ва собиқаи тӯлонии таърихӣ доштанд, ба буҳрони маънавӣ табдил ёфта буд. Албатта, дар баробари ба саҳна омадани рӯҳониёни ба истилоҳ ислоҳталаби исломӣ, қувваҳои фикрию мадании нав ҳам ба майдони мусобиқоти сиёсӣ ва мафкуравӣ ворид гардиданд. Аммо, чуноне ки ҳаводиси минбаъдаи сиёсӣ нишон доданд, рӯҳониёни ҷавони наҳзатӣ пирӯзии муваққатиро ба даст оварданд ва дар ҳавои муваффақияту комёбӣ мардумро бо дасти худ ба чоҳи надомату мусибат супурданд.    
Бармегардем ба солҳои ҳаштодум. Замони осоиштагӣ ва оромию амонӣ. Кори фаъоли муассисоти давлатӣ, корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, ташкилотҳои фарҳангӣ - фароғатӣ боиси он гардида буд, ки мардум бо рӯҳу нафаси тоза ба зиндагӣ ҷалб шуда, беташвишона умр ба сар мебурданд. Сатҳи камбизоатӣ, касалмандӣ, бесаводӣ ва бекорӣ дар қаламрави кишвар хеле пойин буд. Хидмат ба Ватан - модар ва халқ ҳанӯз ҳадафи зиндагӣ маҳсуб меёфт. Қатъи назар аз камбуду навоқиси ҷойдошта, халқи тоҷик марҳила ба марҳила пеш мерафт. Кор то ба ҷое расида буд, ки дар он солҳо ҳеҷ кас ҳатто тасаввур ҳам намекард, рӯзе амнияту осоиш аз даст меравад ва Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида мешавад. Имрӯз, ки он солҳои орому осоиштаро пеши назар меоварам, ҳасрат мехӯрам ва ба дастандаркорони наҳзатие, ки ҷанги шаҳрвандиро «ҳадия» кардаанд, лаънат мефиристам.  Охир, онҳо хушбахтии мардумро аз дасташон гирифта, мусибатро «инъом» карданд.
Чаро дидаву дониста, саркардагони наҳзатӣ мардумро ба коми марг гусел карданд? Чаро мусибатро дар баробари хушбахтӣ интихоб намуданд? Чаро аз воқеият гурехтанд (ва имрӯз ҳам мегурезанд)? Чаро мардумро гурӯҳ-гурӯҳ ба майдонҳо кашиданд? Ва ҳазор чарои дигар… Аз сӯйи дигар ин «чаро» - ҳо посух талаб мекунанд, на посухҳои одӣ, сарсарӣ ва хом, балки посухҳои ҷиддӣ, санҷидашуда, таҳлилӣ ва таҷрибавӣ.
Ҳавохоҳон, ихлосмандон ва шогирдони мактаби наҳзатӣ, ки таҷрибаи одии сиёсӣ ва маърифатӣ надоштанд, кай медонистанд, ки охири кор ба ҷанги бародаркуш меанҷомад ва пайвастан ба наҳзат паёмадҳои хатарбор ва хунин хоҳад дошт. Он замон насли ҷавони ҳавохоҳи ТТЭ ҲНИТ, ки боқимондаҳояш феълан марҳилаи солмандиро аз сар мегузаронанд, намедонистанд, ки бо чӣ созмоне сари кор гирифтанд ва оқибати кор ба чӣ фоҷиае меанҷомад? Афсӯс, ки иддае аз гурӯҳҳои  он замон, аз ҳаводорони сарсахти ТТЭ ҲНИТ буданд, иштибоҳи худро пай набурданд ва масти ҳангомаю худхоҳиҳои ин созмон гардида, халқу миллатро ба фарочанги маргу нестӣ супурданд.    
Воқеан, худхоҳию девонагариҳои наҳзатӣ ҷанги шаҳрвандиро тавлид ва Тоҷикистони он замон ҷавонро аз масири рушду тараққӣ мунҳариф кард. Махсусан, пешдовариҳои наҳзатӣ дар хусуси хоҳиши мардум барои сохтани давлати динӣ дар баробари давлати дунявӣ, ки иштибоҳӣ буданд, боиси мазҳабзадагӣ дар ҷомеа гардид. Бадбахтӣ ин аст, ки раҳбарияти нави наҳзатӣ, ки дар хориҷ аз кишвар фирорӣ аст, то имрӯз ҷоҳталабӣ ва султахоҳиашро идома медиҳад ва бо истифода аз методу усулҳои муосири сиёсӣ дар Аврупо ҳангомафурӯшӣ менамояд. Раҳбарият ва боқимондаҳои наҳзатӣ дар хориҷ аз кишвар бо либоси нав ва бо назари куҳна ба интиқоди муғризона мепардозанд ва ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон иттиҳомоти нав ба нав мезанад. Ба умеди ин ки рӯзе созмонҳои сиёсӣ ва давлатҳои ғарбӣ ҳарфи наҳзатро қабул мекунанд ва ба ҷойгоҳи аввалияи худ - ба Тоҷикистон бозмегардонандаш. Аҷаб, хобу хаёле? Аврупо ва созмонҳои сиёсии аврупоӣ чӣ будани наҳзат ва кӣ будани раҳбарияти онро хуб медонанд… Бар илова, баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ аз наҳзат ҳамчун картаи сиёсӣ ва фишанги геополитикӣ истифода мебаранд ва дар ин чаҳорчӯб бо он муносибат мекунанд.
Гоҳо дар ҳолати сукут ва оромиши шаб худ ба худ меандешам: агар ТТЭ ҲНИТ намебуд, на ҷанг буду кашмакаш, на ғам буду мусибат, на беадолатӣ буду разолат, на зулм буду залолат, на фиреб буду найранг, на иғво буду парво, хуллас, на ноамнӣ буду на бесуботӣ.
Фаридун ОРИЁӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2018    №: 87    Мутолиа карданд: 341

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед