logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ТАРҲИ МУБОРИЗАИ МУШТАРАК БО ТЕРРОРИЗМРО БА МИЁН МЕГУЗОРАД

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” оғоз гардид, ки ду рӯз идома хоҳад кард.

Тавре иттилоъ дода будем, ба манзури иштирок дар ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ беш аз 400 намоянда аз 46 кишвари ҷаҳон, 30 созмони минтақавию байналмилалӣ ва, ҳамчунин, марказҳои илмиву тадқиқотӣ вориди Тоҷикистон шуданд.
Дар рӯзи аввали конфронс, роҳбарон ва намояндагони воломақоми умури хориҷӣ ва дигар сохторҳои соҳавии Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Маҷористон, Швейтсария, Баҳрайн, Ҳиндустон, Арманистон, Испания, Олмон, Чехия, Эстония, Канада, Белгия, Словакия, Шведсия, Британияи Кабир, Украина, Корея, Япония, Индонезия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Ироқ, Покистон, Қатар, Марокаш, Урдун, Кувайт, Умон, Алҷазоир, Сурия, Либия ва дигар кишварҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳанги кишварҳо дар амри мубориза бо терроризму ифротгароӣ табодули назар карданд.
Дар доираи барномаи конфронс, нимаи дуюми рӯз чорабинии канории Иттиҳоди Аврупо зери унвони “Назари Иттиҳоди Аврупо ба муқовимат бо ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он”, баргузор гардида, таваҷҷуҳи коршиносону таҳлилгаронро ба умдатарин масоили мавриди назар ҷалб намуд. Ҳамчунин, дар чорабинии канории СММ дар мавзӯи «Мусоидати СММ дар пешгирии ифротгароии хушунатомез: таҷрибаи мавҷуда» таҳкими ҳамкориҳои мутақобила оид ба ҷилавгирии амалиётҳои террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқии таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо барои муқовимат бо терроризм миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тарҳи ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар доираи амалӣ намудани иқдомоти байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба миён омад, баёнгари мавқеи устувор ва иродаи сиёсии Роҳбарияти олии кишвари мо дар амри мубориза бо ин вабои аср аст.
Дар ҳоле ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мизбон мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифтааст. Дар пасманзари натиҷаҳои конфронс таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ҳамоиши мазкур дар фароҳам овардани замина барои муколамаи фарогир ва ҳамкории тарафҳои манфиатдор бо мақсади  табодули таҷриба ва таҳияи амалҳои дақиқ барои фаъолияти  минбаъдаи  муштараку ҳамоҳангшуда дар чорчӯби мубориза ба таҳдиду хатарҳои муосир аҳамияти фавқулода муҳим хоҳад дошт.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2018    №: 87    Мутолиа карданд: 359

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед