logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

Ситора – муаммо
Рақамҳои аз 1 то 19 - ро дар дохили доирачаҳо тавре ҷойгир намоед, ки ҳосили ҷамъи се доирача ба 30 барорбар шавад. Дар ҳар кадом хати рост, ки доирачаи марказиро бурида мегузаранд, ду доирачаи дигар истодааст.
Ҷавоби муамморо  расм гирифта, ба мо ирсол намоед!
93-547-00-05 Вайбер,     Bzm_701@mail.ru (Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 - 40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ҚАДРИ МОДАР
Марди ямание аз рӯзе, ки худро мешинохт, хизмати модар мекард. Солҳо пушти ҳам гузаштанду худ ба пирӣ расид ва ниёз ба парастор дошт. Яке аз рӯзҳо бародари хурдиаш бо номи Машҳад наз-даш омад ва гуфт:
- Бародарам, синну солат ба ҷое расидааст ва худ ниёз ба парастор дорӣ. Бигзор, модарамро ба хонаи худ барам ва хизматашро ба ҷо орам. Бародари бузургаш бо исрор гуфт:
- Ҳаргиз! То замоне зиндаам, дар хизмати модар хоҳам монд.
Машҳад, бародари меҳтар, чун дид, ки зориву таваллояш асар намекунад, аз ғазаб шӯрид ва гуфт:
- Ба додгоҳ шикоят мебарам! Ва ҳамин тавр ҳам кард...
Қозӣ аз аҳвол бохабар шуда, дар ҳайрат монд. Вале чун ҳалли даъво ногузир буд, ба бародари калонӣ рӯ оварда гуфт:
- Ту чанд сол модаратро нигаҳбонӣ кардӣ, бигузор муддате ин кори хайрро додарат анҷом диҳад.
Чун пирамард розӣ нашуд, хулоса карданд, ки аз худи модар хостаашро пурсанд.
Модар, ки низ ҳайрон буд, гуфт:
- Ин ду писар нури чашмони мананд, аммо синну соли писари калониам ба ҷое расидааст ва худ ниёз ба нигаҳбон дорад. Мехоҳам ҳамроҳи Машҳад бошам.
Додгоҳ ҳам аз тасмими модар ҷонибдорӣ кард. Бародари бузург аз ин ҳукми қозӣ сахт нороҳат шуд ва аз ноилоҷӣ гирист. Чунон талх гирист, ки оби дида аз ду рухсораш шорида, ришашро батамом тар кард. Ин манзараи ҳузнангезро дида, дигарон низ ашк мерехтанд. Шояд онҳо медонистанд, ки ин ду фарзанд хидмати модарро танҳо ба хотири ризои ӯ мекунанд, вагарна тамоми дороии ин модари бечора ҳамагӣ як ангуштарии мисӣ будааст...
Таҳияи ҚУРБОН АҲМАДЗОД


10 ТАҲҚИҚОТИ НОДИРИ ОЛИМОНИ ШАРҚ
Микроб
Бори аввал мавҷуд будани микробро, ки кашф намудааст? Таърихнигорони давр то ҳол посухи дурусти ин суолро наёфтаанд. Онҳо дар ин росто ба хулосаи ягона омада наметавонанд. Дар ин маврид аслан ду фарзия вуҷуд дорад, аммо ҳар дуи онҳо ҳам далели кашфиёти донишмандони Шарқ будани микробро тасдиқ месозанд.  
Аз рӯи як фарзия мавҷуд  будани микробро бори аввал донишманди бузурги асри XI табиби ҳозиқ Абуалӣ ибни Сино, аз рӯи фарзияи дигар онро дар асри XV табиби Шарқ Шамсиддин (1389 - 1459) кашф намудааст.
Таҳияи ФАРЗОНА ФАЙЗАЛӢ


БОЗИИ ТАҚДИР
Марде се духтараки дӯстрӯ дошт. Бо вуҷуди он ки бо онҳо ифтихор мекард, дар хона ҳамеша ҷиддиву камгап буд. Ҳамсар ба хӯю хислати шавҳар одат карда бошад ҳам, фарзандон, бавижа духтараки сеюмӣ – Таҳмина инро ҳеҷ қабул надошт.
Вақти хӯрокхӯрӣ, вақти кор бо компютер ва дар кӯчаю назди меҳмонон ҳам мардро оғӯш карда, ҳазору як саволи аҷибу ғариб медод, бозӣ кардан мехост, бо дастакони нарму гарм рӯю мӯяшро сила мекард... Вале, мутаассифона, падар ҳамоно камгап буду майли суҳбату бозӣ надошт.
Бо амри сарнавишт, рӯзе ҳангоми аз роҳ гузаштан мошине қариб буд, ки Таҳминаро пахш мекард. Аз тарс духтарак чунон дод зад, ки дигар ҳамон фарёд садои охиринаш шуд.
Табибон гуфтанд: «Таҳмина аз тарс овозашро гум кардааст, дигар узвҳояш нуқсе надорад. Хона бурда, ҳамроҳаш бештар суҳбат кунед, бозӣ ташкил намоед, меҳрубон шавед. Бо гузашти айём вазъи рӯҳияш хуб шуда, метавонад овозаш аз нав барқарор шавад».
Инак, қариб се сол аст, ки марди камгапу ҷиддӣ кӯдак шудааст. Гоҳо аз кор ҳам барвақттар омада, бо Таҳмина суҳбатҳои тӯлонӣ ва бозиҳои шавқовар мекунад. Ҳатто ба овози гурбачаю сагчаҳо тақлид карда, ба ҷон мехоҳад, ки садои ҳарфҳои ширину хандаҳои беғаши ҷигарбандашро бори дигар шунавад. Вале Таҳмина дигар ҳиссиёташро танҳо ба табассум ифшо мекунад. Гоҳе дар лабонаш гули табассум мешукуфаду гоҳи дигар ба нағмаҳои падари акнун бечора хомӯшу ҳайрон чашм медӯзад…
Бузургмеҳри БАҲОДУР


МЕҲМОНХОНАИ ЯХИН ЗАРФҲО ҲАМ ЯХИНАНД
26 сол муқаддам  дар шаҳраки Юккасярви Шведсия дар ҷаҳон якумин меҳмонхонаи яхин кушода шуд. Дар сохт-мони иншоот қариб 4000 тонна ях ва 30 000 метри мукааб оби яхкунондашуда истифода шудааст. Онро меҳмонхонаи Яхин  (Icehotel) меноманд.
Масоҳаташ 5000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Он аз 85 ҳуҷра иборат аст.
Ҳамасола ба ин меҳмонхона зиёда аз 50 000  меҳмон ташриф меорад. Аз ин шумора 35 000 нафар дар он ҷо  шабро саҳар мекунад. Меҳмонхона  мавсимӣ буда, аз моҳи декабр то апрел фаъолият мекунад. Он  дар фасли баҳор об шуда, бо фарорасии зимистон навсозӣ мешавад. Дар он ба ҷуз аз кати хоб ҳама чиз аз ях сохта шудааст. Ҳатто барои  хӯроку нӯшокиҳо зарфҳои  яхин пешниҳод мешаванд. Дохили он аз 4 то 9 дараҷа сард буда, меҳмонон пеш аз ворид шудан  пойафзол ва палтоҳои махсус мепӯшанд
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


ТРАКТОРЧӢ 12 КГ ТИЛЛО ЁФТ, АММО…
 22 июни соли 1987 дар деҳаи Великокнязовкаи вилояти Амури Русия рӯйдоди аҷиб рух дод. Тракторрон Николай Василенко ҳарчанд зодрӯз дошт, чун ҳамеша саҳарии барвақт ба кор баромад.
Ҳангоми шудгор дандонаҳои трактораш ба сахтие дармонданд. Василенко аз пушти чамбар фаромада, оҳанпораеро дид, ки пеши роҳи плуг хобидааст. Дигар халал нарасонад гуфта, онро бардошта ба кабина монд ва корашро идома дод.
Шом, ҳангоми баргаштан ба хона оҳанпораро  тоза намуд ва навиштаҷоти он ӯро ба ҳайрат овард. Василенко гумон намекард, ки табиат барояш ҳадияи бузурге омода кардааст.
Рӯзи дигар бо ин бозёфти худ ба мақомоти дахлдор муроҷиат намуд. Тадқиқот нишон дод, ки металли ёфтаи ӯ тиллои холис буда, 12 килограмм вазн дошт,  арзишаш бо пули шӯравӣ баробар ба 588 ҳазор рубл буд.
Мувофиқи қонунгузории давлати шӯравӣ шахси ингуна сарватро ёфта, як ҳиссаи муайяни маблағи бозёфтаашро соҳиб мешуд. Василенко соҳиби 147 ҳазор рубл гардид, ки ин маблағ барои харидории 20 автомобили тамғаи «Жигули» басанда буд.
Ҳамин тариқ, Василенко дар рӯзи таваллудаш ба зудӣ маъруфу машҳур шуд ва номи ӯ дар «Китоби рекордҳои Гиннес» чун тракторрони сарватманд дарҷ гардид.
Таҳияи ГУЛНИСОИ САЪДОНШО


15 корномаи ҶБВ
Деҳқонон қаҳрамонро нафурӯхтанд
Константин Заслонов (1909 - 1942), қумондони даста ва баъд бригадаи партизанҳо.
Пеш аз ҷанг дар роҳи оҳан кор мекард. Дар моҳи октябри соли 1941, вақте ки фашистон аллакай дар остонаи Маскав меистоданд, ихтиёрӣ ба иҷрои амалиёти мураккаб, ки таҷрибаи корро дар роҳҳои оҳан талаб менамуд, довталаб шуд. Шабона аз самолёт бо парашут худро ба ақибгоҳи душман партофт. Бо пинҳонкорон «минаи ангиштсангиро» ихтироъ намуд. Ин муъҷизае набуд. Минаи одиро ба хокаи ангишт молида, аз он «пораи ангишт» ҳосил ва онҳоро ба қатораҳо ҷой мекарданд. Бо ёрии ин яроқи одӣ дар муддати 3 моҳ садҳо қатораи гитлерчиён тарконда шуд.
Заслонов фаъолона сокинони маҳаллиро ба сафи партизанҳо мехонд.  Фашистҳо инро дарк намуданд, навкарони худро либоси низомии шӯравӣ пӯшонда, ба назди партизанҳо фиристоданд. Заслонов онҳоро аз муҳосира баромадаҳо гуфта, ба дастааш қабул кард. Роҳ ба душмани маккор кушода шуд. Дар рафти яке аз муҳорибаҳо аз тири хоине ба ҳалокат расид. Гитлерчиён ба сари Заслонови зинда ва ё мурда пули зиёд ваъда дода буданд, вале деҳқонон ҷасади қаҳрамонро пинҳон намуда, ба душман надоданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


«TESLA S» АВТОМОБИЛИ БАРҚӢ
Агар суръати автомобили «Tesla S» - ро бо мошинҳое, ки бо сӯзишворӣ мераванд, муқоиса кунем, бартариятҳои хело зиёд дорад. Суръати миёнаи автомобили мазкур 360 км/с - ро ташкил медиҳад.
«Tesla Model S» - автомобили панҷдараи истеҳсоли ширкати амрикоии «Tesla» мебошад. Автомобили мазкур аввалин бор соли 2009 дар автосалони Франкфурт ба намоиш гузошта шуд. Соли 2013 ширкат автомобили  ҳаракаташ бо қувваи захиравии барқро  пешниҳод намуд, ки ҳаҷмаш 60 кВт/с буд, ки ин нишондод 335 километрро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумот, аз рӯзи ба фурӯш баровардани автомобили мазкур, яъне аз соли 2013 то инҷониб 4750 адади он дар Амрико ба фурӯш рафтааст.
Нархи автомобил дар соли 2017 ба 95 400 доллар баробар шуд.
Таҳияи ШАҲБОЗ АБРОР


9 ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ ОИД БА АВИАТСИЯ
2. Boing 747 бештар аз 6 миллион таҷҳизот дорад
 Boing дар миёни ҳавопаймоҳои васеъфюзеляжии мусофиркашу боркаш, ки аксаран онро «Шоҳи осмон» ё «Ҷамбо Ҷет» мегӯянд яке аз маъруфтаринҳо маҳсуб мегардад. Он аз 6 миллион таҷҳизот сохта шуда, ҳангоми парвоз пилотҳо бо истифода аз тугмаҳои панели идоракунанда онҳоро назорат мекунанд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ

1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Қасос барои ҷарима
Як швейтсарӣ ба воситаи мавҷҳои радиоӣ роҳзанӣ мекард. Ин роҳзани радиоӣ пулисеро, ки ӯро ҷарима баста буд, ба таври хосса ҷазо дод. Дар тӯли даҳ рӯз вай пулиси минтақаи Нойенбургро бо масхарабозиҳояш гӯл мезад. Вақте ки бозиҳои футбол тариқи радио шарҳ меёфтанд, роҳзан ба мавҷи радио ворид гашта, ба пулис бо воҳимаи зиёд хабари дурӯғ мерасонд, ки дар фалон ҷойҳо ҳодисаи нохуш ва ё пархошҳои кӯчагию садамаҳо ба вуқӯъ пайвастаанд. Ва пулис медавид ба он маҳалҳо. Қариб буд аз ин даводавиҳои беҳуда девона шавад. Танҳо мутахассиси «Телеком» тавонист масхарабози айёрро фош созад. Аз паси ҷаримаи нахуст ҳукмномаи суд баромад, ки барои радиороҳзан нисбатан вазнинтар буд: вай шаш моҳ аз озодӣ маҳрум гашт ва ҳамчунин боз 2000 франк ҷарима пардохт.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


9 НАФАРЕ, КИ ТО СИННИ 30-СОЛАГӢ ҚАҲРАМОНИҲОИ ТАЪРИХӢ НИШОН ДОДААНД
7. ГАННИБАЛ БАРКА
Карфаген яке аз лашкаркашони машҳур ва ходими давлатии замони қадим шинохта мешуд. Ганнибал дар синни 9 - солагӣ савганд ёд кард, ки душмани ашадии Рим мешавад ва то лаҳзаи марг ба ин савганди худ содиқ монд.
Ӯ дар 26 - солагӣ сарфармондеҳи қӯшунҳои Испания таъйин гардид. Ҳамон вақт вай силсилаюришҳо ва ҳамлаҳои истилогаронаи худро шурӯъ намуд. Ҳамагӣ дар муддати ду сол ӯ ба якчанд қабилаи он замон зафар намуда, тавонист, ки обрӯю нуфузи Карфагенро дар тамоми ҳудуди Иберия ва берун аз он баланд бардорад.
Таҳияи Умар АЛӢ


КИТОБДУЗД
Замонҳои пеш китобҳоро барои гум нашудан дар китобхона бо занҷирҳо баста ҳифз мекарданд. Бо мурури замон занҷирбандкунӣ барҳам хӯрд, аммо одамоне, ки бо дуздидани китоб машғул буданд, аз байн нарафтанд.
Яке аз китобдуздони машҳури ҷаҳон Стивен Блумберг мебошад, ки зиёда аз 23000 китоби нодирро аз 268 китобхонаи ИМА дуздидааст. Қимати китобҳои дуздидаи ӯ 20 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳамагон дар ҳайрат мондаанд, ки чӣ тавр Стивен китобҳои камёфт, ба монанди китоби якуми «Кулбаи амаки Том»-и Гарриет Бичер - Стоу, нашри 16 - уми китоби «Инҷил», инчунин, асли китоби «Воқеаномаи Нурнберг» - ро, ки соли 1493 чоп шуда, муқовааш аз пӯсти гӯсола мебошад, ба даст овардааст. 
Ҳимоятгарони Блумберг исбот карданианд, ки Стивен китобпараст буда, барои дарёфти китобҳои нав ба Амрикою Канада сафар мекунад. Стивен ягон китоби ба даст овардаашро нафурӯхтааст. Ӯ китобхонаи шахсӣ дорад. Мегӯянд ӯ ҳамаи китобҳои дуздидаашро хондааст ва мазмуни онҳоро нақл карда метавонад.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


СТАЛИН ВА ОРДЕНИ КАССИЛ
1937. Дар рӯзи 20 - солагии Инқилоби Октябр Ося – бародари муаллифи «Кондуита ва Швамбрани» Лев Кассилро, ки дар рӯзномаи «Известия» фаъолият дошт, боздошт мекунанд. Ҳамин лаҳза котиби масъули  рӯзнома Кассилро оҷилан даъват карда мепурсад:
- Лёва шаҳодатномаи хизматӣ дорӣ?
- Дорам.
- Як бор нишон деҳ.
Ҳамин ки Кассил шаҳодатномаро дароз мекунад, котиб онро гирифта, болои миз мегузорад ва бе он ки тарафи нависанда нигоҳе кунад, иброз медорад:
- Ба шумо ҷавоб. Мутаассифона, шумо дигар дар идораи мо кор карда наметавонед.
Кассил фаҳмид, ки сабаби чунин муносибат дар чист ва ноилоҷ кунҷи хонаро ихтиёр кард ва ҳар лаҳза садои телефон ё тақ - тақи дарро интизор шуда, навбати боздошти худашро мепоид. Чанд рӯз гузашт. Дар ин муддат ӯ аз хӯру хоб монд ва ҳатто, барои маҳбас анҷомҳои худро ғундошт, вале телефон ҳанӯз хомӯш буд. Чун хабари боздошти бародараш зуд паҳн шуда буд, ёру рафиқон низ ҷуръати аз аҳволаш пурсидан намекарданд…
Як рӯз ногаҳон садои телефон баланд шуд.
- Лёва, муборак бошад, шуморо бо ордени «Нишони Фахрӣ» қадр карданд.
Кассил ҳайрон шуд:
- Вақти шӯхиятонро ёфтед,- гуфта, бо зарба гӯшии телефонро партофт. Баъди чанд лаҳза боз телефон овоз баланд кард. Ин нафар ҳам нависандаро табрик намуд, вале ӯ ҳеҷ аз ҳолати маъюсӣ баромадан намехост, зеро бовар надошт. Кассил танҳо ҳамон вақт ба ин хушхабар бовар намуд, ки ӯро аз Иттифоқи нависандагон ба ҷамъомади тантанавии ҷоизасупорӣ даъват карданд...
Қиссаи ба ҷои ҳукм орден гирифтани Кассилро баъдтар Фадеев нақл мекунад, ки чунин аст:
«Сталин рӯйхати нависандагони ба мукофот пешниҳодшударо бодиққат хонда, ғайриинтизор мепурсад:
- Канӣ он нависандаи ҷавон, ки соли 1932 дар вохӯрӣ бо Горкий лезгинка рақсида буд?
Фадеев аз оҳанги сухани доҳӣ пай бурда, мегӯяд:
- А, Лев Кассил! Ӯ ҳанӯз ҳам менависад.
- Пас, барои чӣ номаш дар рӯйхат нест?
- Бародараш дар боздошт аст, рафиқ Сталин, - узрхоҳона мегӯяд Фадеев.
- Рафиқ Фадеев, иттифоқро барои он таъсис додем, ки шумо аҳли эҷодро аз мо ҳимоя кунед, вале баръакс маҷбур месозед, ки манфиатҳои нависандагонро мо аз шумо ҳифз кунем,- ҷиддӣ ва маънидорона мегӯяд Сталин».
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА,
донишҷӯи соли аввали Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон


8 РОҲИ ОҲАНИ ХАТАРНОК
Флом
Роҳи оҳани 20 - километраи дараи Фломи Норвегия яке аз зеботарин ва машҳуртарин роҳи оҳани кӯҳии ҷаҳон мебошад. Сохтмони роҳ ду даҳсола идома ёфта, соли 1941 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Қатораҳо аз тариқи роҳи оҳани Флом 20 нақб ва 10 истгоҳро убур мекунанд. Нуктаи ҷолиб он аст, ки ин роҳи мушкилгузари кӯҳӣ куллан дастӣ сохта шуда, бунёдгарон ҳангоми эъмори он аз олотҳои одӣ – белу каланд истифода бурдаанд.
Таҳияи Комрон САФАР


10  ҲАЙВОНИ ҒАЙРИОДӢ
Азимҷуссатарин ҷонвари ширхӯр ва алафхӯр
 Эндрюсарх яке аз ҷонварони ғайриодӣ буда,  аз оилаи триизодонтид ва гурӯҳи мезонихий мебошад.  Соли 1923 дар Муғулистон косахонаи сари ҳайвони азимҷуссае ёфт шуд, ки ба намояндаи нобудшудаи авлоди ширхӯрҳои эндрюсарх мутааллиқ  аст. Он 45 миллион сол қабл дар Осиёи Марказӣ ба сар бурдааст. Дарозӣ ва бари косахонаи сари ҳайвони мазкур 83 ва 45 сантиметрро ташкил медиҳад. Пас аз омӯзиши ин ҷонвар олимон онро  азимҷуссатарин ҳайвони ширхӯру алафхӯр дар тамоми таърих эътироф намуданд. Бадани эндрюсарх 4,5 метр ва думаш  1,5 метр дарозӣ дошт. Ин ҷонвар ба китҳо ва ҷуфтсумҳо пайвандӣ дошта, ҳар пои он дорои панҷ ангушт аст. Тибқи назари олимон он гургсурат буда, устухонҳои манаҳаш ба баҳмут монандӣ дорад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2018    №: 88    Мутолиа карданд: 343

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед