logo

фарҳанг

2018 БАРОИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ЗАМИНАҲОИ ВОҚЕӢ МАВҶУДАНД

Мусаллам аст, ки табиати нотакрори Тоҷикистони маҳбуб бо манзараҳои дилфиреби афсонавӣ, чашмасорони софу зулол, гулу гиёҳҳои шифобахш, дарахтони ҳамешасабз, ёдгориҳои таърихӣ - фарҳангӣ ва, ҳамчунин, бо ҳунарҳои дастони пурэъҷози мардумӣ дар тамоми давраҳои таърихӣ таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб менамояд.
Бахусус, тайи солҳои охир дар натиҷаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи  Пешвои миллат пойтахти азизи кишварамон – шаҳри Душанбе ба гулбоғи ҳақиқӣ табдил ёфтааст. Дар он иморатҳои нави замонавӣ қомат афрохта, боғоту гулистонҳо бунёд ёфтаанд, марказҳои нав ба нави фарҳангию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аксари иморатҳои муосир бо санъати меъмории миллии қадима сохта шудаанд, ки аз эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии кишвар шаҳодат медиҳанд. Боиси ифтихор аст, ки таҳти сарпарастии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имсол дар пойтахт тибқи Нақшаи чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, фестивали «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор шуд, ки дар он сайёҳони хориҷӣ барои ширкат дар таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ба ҷумҳуриамон ташриф оварда, бо дастовардҳои истиқлолият, марказҳои фарҳангӣ, маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандони мардумӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва манзараҳои марғуби кишвар аз наздик ошноӣ пайдо карданд.
Дар баробари ин, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон воқеанд, мо - насли имрӯзу ояндаро водор месозад, ки аз гузаштагони худ, ғановати мероси фарҳангии миллӣ гаштаю баргашта ифтихор созем, онҳоро арҷгузорӣ ва чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Тибқи маълумотҳо, дар Тоҷикистон зиёда аз 2000 ёдгории таърихӣ, археологӣ, меъморӣ ва фарҳангии дорои аҳамияти байналмилалӣ ба қайд гирифта шуда, аксари онҳо, ба монанди Саразм, Мақбараи Рӯдакӣ, Панҷакенти Қадим, Бунҷикат - пойтахти Истаравшан, Қалъаи Ҳисор, Дайри буддои Аҷинатеппа, Тахти Сангин, Ҳулбук, Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Қалъаи Ямчун, барҳақ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳон, аз он ҷумла сайёҳони хориҷӣ ба тамошои мероси беназири тоҷикон ва табиати Тоҷикистони ҳамешабаҳор ба кишвари мо ташриф меоранд.
Боиси зикри хос аст, ки тоҷикон табиатан мардуми ҳунарманд буда, дар тамоми давру замон бо маҳсули ҳунари худ шуҳрати беандоза доштанд. Косибон, кулолгарон, заргарон, чеварон, таббохон, дуредгарон, косаю табақтарошон, чармгарон ва дигарон нозукиҳои касбро аз гузаштагони худ меомӯхтанд ва аз насл ба насл мерос мегузоштанд. Ин ҳунарҳо имрӯз низ дар гӯшаю канори кишварамон, бахусус дар деҳот, аз нав эҳё гашта, суннатҳои миллии аҷдодӣ ҳифз карда мешаванд. Ғановати ҳунарҳои мардумӣ ҳамасола ҳангоми таҷлили  идҳои миллии Наврӯзи оламафрӯз, Меҳргону Сада тавассути оростани дастархони идона, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, гулу гулбуттаҳо, намунаҳои ҳунарҳои дуредгарию дӯзандагӣ ва ғайра бармало ба чашм мерасанд.
Як нуктаро таъкид кардан ба маврид аст, ки ривоҷу равнақи соҳаи сайру саёҳат, бахусус дар шароити деҳоти кӯҳистон хеле аҳамиятнок аст. Дар ин замина, барои рушди соҳибкорӣ, сохтмони роҳҳо, иншооти гуногуни иҷтимоӣ, баргузории чорабиниҳо ва дар ниҳояти кор, ба пешрафти ҳунарҳои мардумӣ, фазои мусоид фароҳам оварда мешаванд.
Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон барои иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ гардидааст, заминаҳои воқеӣ мавҷуданд, ки онҳо дурнамои ҳадафҳои ниҳоӣ - таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллиро таъмин месозанд.      
Р. ҚОСИМОВА,
дотсент, номзади илмҳои сиёсӣ, кафедраи сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
Ҳ. ҲАМИДЗОДА,
унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносии 
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2018    №: 88    Мутолиа карданд: 294

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед