logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. СОЛИМИИ МОДАРУ КӮДАК ДАР МАДДИ АВВАЛ

Дар вилояти Хатлон зери унвони «Насли солим – ҷомеаи солим» чорабиниҳои гуногуни омӯзишӣ доир гардида истодаанд.
Қурбоналӣ Қурбонов, машваратчии маҳаллӣ оид ба кор бо ҷомеа ва ВАО дар вилояти Хатлон, дар суҳбат бо мо гуфт: «Оид ба беҳтарсозии ғизои кӯдакон танҳо дар давоми се моҳи аввали соли равон миёни 3826 модарону занони ҳомилаи 10 шаҳру ноҳияи вилоят вохӯриҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шуд. Тибқи нақша чунин суҳбату вохӯриҳо дар минтақаҳои дигари вилоят низ гузаронда хоҳанд шуд».
Кормандони ботаҷрибаи соҳа чунин чорабиниҳоро бештар дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар доир менамоянд, зеро тибқи таҳлилҳои пешакӣ аҳолии ин шаҳрҳо дар самти таъмини кӯдакон бо ғизои дуруст дар сатҳи ноустувор қарор доранд. Ба ин мушкил истифодаи нодурусти ғизо ва маълумоти кофӣ надоштани модарон дар ин самт боис гардидааст. Дар ин минтақаҳо байни кӯдакони синни то 5 - сола  нишондиҳандаҳои камвазнӣ, қадпастӣ, лоғариву дигар намуди бемориҳои кӯдакона бештар мушоҳида мегарданд.
Ба хотири ҳифзи сиҳатии модару кӯдак ва таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ниҳодҳои дахлдор муваззаф гардида, дар баробари пурзӯр намудани корҳои назоратӣ, вобаста ба сифати молҳои ниёзи мардум, ҳамзамон, тарзу усули интихоби маҳсулоти босифату фоидаовар ва роҳҳои дурусти омода кардани хӯрокҳои иловагиро нишон медиҳанд.
Ба гуфтаи Баргигул Баротова, менеҷери КАТС - и шаҳри Бохтар, чунин вохӯриву суҳбатҳо миёни мардум аллакай натиҷаи назаррас дода истодаанд.
-Чунин  дигаргуниҳоро мо ҳангоми санҷишҳои сайёр ва ҳангоми ташрифи модарон ба марказҳои саломатии кӯдакон мушоҳида намудем. Дар муқоиса ба чанд соли пеш ҳоло маълумотнокии модарон оид ба нигоҳубини кӯдак, тайёр намудани хӯрокҳои фоиданоки иловагӣ ва расондани ёрии аввал ҳангоми рух додани ҳодисаҳои нохуш беҳтар гаштааст, - мегӯяд Б. Баротова.  
Кароматулло РАҲМАТОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2018    №: 88    Мутолиа карданд: 250

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед