logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ВОРОНКОВ

4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.   
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ пайваста баҳри таҳкими муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, радикализм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар мушкилоти глобалию таҳдидҳои ҷаҳон ҳамаҷониба кӯшиш менамояд.
Ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории муштарак бо бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, СҲШ, СААД ва ИДМ, ба хотири ташаккули муколамаи созанда изҳори қаноат карданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон “Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароиро барои давраи то соли 2020” қабул намуд. Ин стратегия ба амалисозии маҷмӯи чораҳои ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ нигаронда шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба вазъи амнияти минтақа ва ҷаҳон, авзои сиёсии кишвари ҳамсояи Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2018    №: 88    Мутолиа карданд: 421

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед