logo

фарҳанг

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ШОҲИГАРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги кишвар ва  Аҳмад ал - Музайяд, роҳбари департаменти фарҳанги Вазорати фарҳанг ва иттилооти Арабистони Саудӣ, дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Таъкид шуд, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси бевоситаи роҳбарони ҳар ду кишвар доир мегардад. Аҳмад - ал Музайяд зимни суханронии хеш иброз дошт: «Мо - мардуми ду кишвар дар забон, мусиқӣ ва шеър муштаракоти зиёд дорем ва  баргузории рӯзҳои фарҳанги кишвари мо дар Тоҷикистон доираи ин муштаракотро васеъ хоҳад намуд».
- Мардуми Тоҷикистон аз таърихи гузаштаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ огоҳии хуб доранд ва ҳамасола ба ин кишвар сафар ва аз он дидан менамоянд. Дар ин радиф барномаи пурмуҳтаво ва рангине, ки дӯстони мо дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ  ба Тоҷикистон овардаанд, дониши моро оид ба таърих  ва дастовардҳои ин кишвар боз ҳам  мукаммалу афзун мегардонад. Дар ояндаи наздик Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳанд шуд, - гуфт  Шамсиддин Орумбекзода.
Дар доираи чорабинӣ Созишномаи ҳамкории фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ  ба имзо расид, ки тибқи он тарафҳо  минбаъд дар фестивалу муколамаҳои фарҳангии ҳар ду кишвар мубодилаи  таҷриба менамоянд. 
Зимнан, Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотию  аккосии ин кишвар оғоз ёфт, то 9 май идома хоҳад кард.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2018    №: 89    Мутолиа карданд: 460
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед