logo

фарҳанг

"АСКАРОНИ ҚАТОРӢ" ДАР САҲНАИ ТЕАТРИ ҶАВОНОН

Таҷассуми бадеии симои фарзандони Ватан, ки барои дифоъ аз он силоҳ ба даст гирифтаанд, мавзӯест, ки дар тӯли беш аз ним аср таваҷҷуҳи ҳунармандону эҷодкорони шӯравӣ ва пасошӯравиро ба гунае вижа ҷалб мекунад ва чандин насли ҳунармандон дар ин замина эҷод намудаанд. Сафҳаҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон саршор аз корномаҳои қаҳрамонист. Дар бархе аз намоишҳо шуҷоати мардуми шӯравӣ дар майдони набард ва дар бархе дигар, фидокориҳои беназири мардум дар ақибгоҳ бозтоб меёфтанд. Пажӯҳиши пайвастаи ҳунарӣ дар баробари комёбиҳо, бо баъзе нуқсу кӯтоҳиҳое низ ҳамроҳ буда, ниёз ба ироаи осори воқеънигорона дар бораи мудҳиштарин ҷанги таърих ҳамчунон боқист ва он ҷузъе аз рисолати театр ва поси ёди дифоъгарони сарсупурдаи меҳанро ташкил медиҳад.
Театрҳои пойтахт инъикоси воқеаҳои ин набардро бо масъулиятшиносӣ идома медиҳанд. Дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномаи «Ориёӣ» - и Сафармуҳаммад Айюбӣ таҳия гардид. Асари мазкур аз зиндагии маъмури иттилоотие бо тахаллуси «Ориёӣ» ҳикоят менамояд, ки тоҷик аст ва дар ақибгоҳи душман барои Ватан хидмат мекунад. Театри драмаи русии ба номи Владимир Маяковский намоиши «Маро тарк макун» - и А. Дударевро рӯйи саҳна овард. Бо вуҷуди сабки маъмулии инъикоси воқеаҳои замони ҷанг дар намоиши Театри ба номи Лоҳутӣ ва ҳаллу фасли шартии мавзӯъ дар намоиши Театри ба номи Маяковский (таҳияи Б. Миралибеков), асарҳои ҳунарии мазкур дастовардҳо ва ёфтаҳои тозае дар бозтоби яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои театри нимаи дувуми қарни ХХ - ро ба бор оварданд.
 «Аскарони қаторӣ» - и Нозим Меликов мусаввараи ҷанг ва даҳшатҳои он нест, балки пажӯҳише дар рафтори инсон ҳангоми сахттарин озмоишу имтиҳони иродаву истеҳком аст. Дар ин намоиш масъалаи инсондӯстӣ хеле хос ва амиқ матраҳ гардида, бар мабнои асноду матолибе аз таърихи ҷанг, мушкилоти ҷиддии одобу ахлоқ шарҳу таъбир ёфтаанд.
Хуршед Пиров, рассоми таҳиягари намоиш, аз дидгоҳи муштарак бо навъи биниши коргардон, фазои саҳнаи намоишро ба шакле фароҳам намудааст, ки ҳама таркибҳои он пайваста дар ҳоли ҳаракатанд ва дар ҷараёни тамоми намоиш онҳоро рӯйи саҳна аз ҷое ба ҷое интиқол медиҳанд.
Монологи Дарвоед дар иҷрои Абдулмуъмин Шарифӣ, ки гӯши ҷонро ба ларза меорад, дар пояи девори хонае харобшуда ва тирезаҳои боз ба сӯйи олами ҷовидонӣ ба забон оварда мешавад. Дар ибодатгоҳи харобшуда Солянник – Ашӯр Ғуломовро дар ҳоли эътироф ба розҳои нуҳуфта мебинем. Суҳроб Ҷанҷолов нақши сарбозеро офаридааст, ки танҳову шикастарӯҳ аст. Бад - ин гуна, рӯйи саҳна қаҳрамонон, ҳар як бо кӯлборе аз сахтиҳову душвориҳо ва сарнавишти худ, ранҷдидаву озурда аз ҷанг, дар ҳаракатанд.
Дугин дар иҷрои Бунёд Комилов марди асилу содиқ аст, Пятнишка - Диловар Неъматов ҷавонест самимӣ ва содадил, Люся дар иҷрои Шогун Давлатбекова қаҳрамонест ранҷдида, аммо қавиирода, зани куҳансол дар иҷрои Асалбегим Саодатова хирадманду қавиирода аст, ки дар ёди тамошобин нақш мебанданд. 
Н. Меликов кӯшидааст бо дар назар гирифтани паҳлуҳои қавии намоишнома, ба ҷиҳатҳои заифи он низ бипардозад ва онҳоро зери заррабини зеҳн барҷастатар намоёнад. Сарбозони Артиши шӯравӣ, ки бо шароити сангинтарин рӯ ба рӯ омадаанд, аз нигоҳи равоншинохтии амиқ тасвир гардидаанд. Печу хами амалиёти ҷанг куллан аз нигоҳи ахлоқӣ баррасӣ шудааст. Сарнавишти қаҳрамонҳои намоиш гуногун аст, тақрибан ҳамаи онҳо на ба зудӣ худро дар мавқеи сарбоз мебинанд; онҳо, ки дар оғози ҷанг зиндагии осуда доштанд, ҳеҷ омодагие ба чунин ҷараёни ҳаводис надоранд ва тасаввур ҳам накарда буданд. Нахустин бархӯрдҳо бо душман мудҳиштар аз ҳар чиз буд, вале онҳо дар худ неруи муқовимат ба душман пайдо мекунанд ва вазъияти зиндагӣ барои монданашон мусоид меояд. Дар намоиши мазкур, сарфи назар аз он, ки саҳнаҳои бархӯрду набарди мустақими сарбозон бо душман мавҷуд нест, муборизаи рӯҳӣ бо фашизм бисёр рӯшан инъикос ёфтааст.
Дар ин комёбии театр, бегумон, тамаркузи беҳтарин неруҳои офаринанда, шавқу дилгармии ҳунармандони ҷавон, ҳусни тафоҳуми миёни онҳо ва коргардонро аз омилҳои аслӣ ва муассир бояд донист. Ин дастовард барои идомаи фаъолияти коргардонии Н. Меликов моро хушбин кард. 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2018    №: 89    Мутолиа карданд: 206

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед