logo

иҷтимоиёт

ҶБВ. КОРНОМАҲО ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ

Таърих нақши Тоҷикистонро дар таъмини Ғалаба бар фашизм аз ёд нахоҳад бурд. Зеро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз кишвари мо зиёда аз 300 ҳазор сарбоз ба майдони муҳориба рафта, 92 ҳазор ҳалок шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби меҳнаткашони ҷумҳурӣ мунтазам ба фронт ҳар гуна маҳсулот фиристода мешуд.
Аз шаҳри Панҷакент 5785 нафар ба майдонҳои набард, ба сафи Артиши Шӯравӣ фиристода шуд. Аз ин шумора қариб 2400 нафар ба ҳалокат расида, 1657 нафар ба зодгоҳ баргашт, ки аксарият захмӣ ва маъюб буданд. Онҳо дар майдонҳои набард ҷасорат ва корнамоиҳо нишон дода, сазовори ордену медалҳои ҷангӣ, ифтихорномаҳо ва ду нафар ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр гардиданд.
Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки фаъолияти асосиаш аз гирдоварӣ, ҳифз ва ба маъраз гузоштани ашёи осорхонавӣ ва рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, дар давоми 60 соли фаъолияташ ёдгориҳои ин ҷавонмардони қаҳрамон, аз қабили аксҳои иштирокчиён, лаҳзаҳои муҳориба ва ҷашнгирии Ғалаба, либосҳо ва зарфҳои ҷанговарон, медалҳо, ордену ҳуҷҷатҳоро гирдоварӣ намуда, ба маъраз гузоштааст. Ғайр аз он, китоби «Ғолибон», ки ба қалами нависанда Луқмон Қурбон тааллуқ дорад ба маъраз гузошта шудааст, ки дар он оид ба корнамоиҳои навад дарсади ҷанговароне, ки аз Панҷакент ба фронт рафта буданд, маълумот гирдоварӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли 2016 директори осорхона Ф. Рофиева дар озмуни «Интер - музей 2016», ки дар шаҳри Маскав баргузор гардида буд, иштирок намуда, ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони Беларус аз онҳо ду дона тир ва ду пораи девори Қалъаи Брестро (ҳамон Қалъаи Брест, ки дар рӯзҳои аввалини ҷанг дар он ҷо муҳорибаи сахт шуда буд) ба осорхона туҳфа овард.
Ҳар як тамошобин бо чашми худ ин ашёҳоро дида, он рӯзҳои мудҳишро тасаввур менамояд ва бештар аз зиндагии хушу осудаҳолона ва ободию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол шукрона мекунад. Барои наврасон тамошои ашёҳои замони ҷангии ба намоиш гузошташуда ҷолибтар аст. Чунки тасаввуроти наврасон аз рӯи нақлҳои роҳбаладони осорхона дигар гашта, ҳисси меҳанпарастиву ватандӯстии онҳо баланд бардошта мешавад. Ба ёд овардани хизматҳо ва ҷоннисориҳои иштирокчиёни ин ҷанг қарзи ҳар як шаҳрванди соҳибдилу равшанзамир мебошад.
Солҳо мегузаранд, вале корнамоиҳо ва ҷоннисориҳои ин мардони набард ба монанди Усмон Нуъмонов, Сироҷиддин Мукаррамов, Аҳмад Саидов, Вафо Бозоров, Мирбобо Бобобеков, Бердӣ Азимов ва дигарон ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш намешаванд ва чароғи хотираи онҳо абадан фурӯзон хоҳад монд.
М. ҒАНИЕВА,
мудири шуъбаи таърихи Осорхонаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2018    №: 89    Мутолиа карданд: 185

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед